logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ КОЛЛЕҶИ ХУСУСИИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи Калони деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бинои коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, сохтмони он сентябри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 200 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон анҷом ёфт ва дорои 44 синфхона мебошад.
Бо ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ акнун зиёда аз 120 нафар корманд  имкон пайдо намуд, ки бо маоши доимӣ таъмин гардида, дар шароити хубу муосир фаъолият намояд. Бо васеъ намудани самти фаъолият то 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад. Дар ошёнаи якум озмоишгоҳ, 2 синфи технологияи информатсионӣ бо 30 адад компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 синфхонаи фанни физиология, 2 синфхонаи фанни физиологияи эътидолӣ, синфи анатомия, 10 проектор, нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона ҷойгир мебошанд.
Дар ошёнаи 2-юм 12 синфхона, китобхона, толори маҷлис барои 150 ҷойи нишаст, толори варзиш ва дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои иловагӣ ҷойгиранд. Дар саҳни ҳавлии коллеҷи мазкур майдончаи варзиш, майдонҳои футболи хурд ва волейбол муҳайё гардидаанд.
Дар гирду атрофи бино 78 фурӯзонаки равшанидиҳанда насб гардида, зиёда аз 80 бех ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишиву рангоранг шинонда шудаанд. Масоҳати 7 ҳазору 600 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, зебоии гирду атрофи биноро дучанд намудааст. Инчунин, дар масофаи 100 метр дур аз бино бо чуқурии 130 метр чоҳи амудӣ бунёд гардидааст, ки муассисаро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Сокинони шарафманди ноҳияи Восеъ бунёди чунин як муассисаи таълимии навбунёдро туҳфаи арзандаи даврони Истиқлолияти давлатӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ, арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону кормандони коллеҷро барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳидоят карданд.
Пас аз ифтитоҳи бинои коллеҷи хусусии тиббӣ Сарвари давлат барои бунёди бинои хобгоҳи донишҷӯён санги асос гузоштанд.

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 15
24 сентябр дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, аз тарафи Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.
Ҳудуди муассиса бештар аз 2 гектарро ташкил дода, иморат аз ду ошёна иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи нави таълимӣ аз 24 синфхонаи барҳавои фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, физика, математика, лингафонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон иборат аст.
Муассиса дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 335 ҷойи нишаст, китобхонаи муосир бо фарогирии беш аз 20 ҳазор китоби дарсию бадеӣ, ошхона барои 172 нафар, истгоҳи трансформаторӣ бо 2 адад трансформатори иқтидорашон 250 Кв мебошад. Тавре аён гардид, ҳамаи синфхонаҳо бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютер муҷаҳҳазанд.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нав толори варзиш бунёд гаштааст. Дар ин толор муҳассилин ба обутоби бадан, волейболу баскетбол ва дигар бозиҳо машғул хоҳанд шуд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои дақиқ ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд.
Дар муассиса дегхона мавҷуд аст, ки имкон дорад синфхонаҳоро дар давраи сардиҳо бо гармӣ таъмин намояд. Роҳраву саҳни бино бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ оро ёфтаанд.
Дар назди муассисаи нави таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи дандондармонӣ ташкил шудаанд, ки дар зарурат ба омӯзгорону хонандагон хизмат мерасонанд.
Бинои нави таълимӣ дар доираи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба хонандагони хуштолеи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 муассисаи нави таълимӣ, 8 муассисаи томактабӣ ва 40 бинои иловагӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки дар онҳо зиёда аз  51 ҳазор хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, бештар аз 3280 омӯзгори соҳибтахассус ба онҳо дарс мегӯяд.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.
 Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истиқболи самимӣ ва анҷоми тадбирҳои созанда ба хотири рушду пешрафти як гӯшаи диёр изҳори сипос намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Восеъ, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Файзалӣ Шарифов - собиқадор, Гулбаҳор Атозода - иқтисодчӣ, Муборакшо Камолзода -  донишҷӯ ва Гулнора Сафарова - омӯзгор суханронӣ карда, барои амалисозии тадбирҳои созанда баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии мардум изҳори сипос намуданд.

БОЗДИД АЗ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Восеъ аз боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуди "Хушсифат"-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев боздид ба амал оварда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи интенсивӣ, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.
Дар боғи чанд сол қабл бунёдгардида, дарахтони ба шароиту иқлими ин минтақаи кӯҳдоман мувофиқ шинонда шудаанд. Имкон аст аз ин боғ ҳосили дилхоҳ ба даст овард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  масъулон ва боғпарварон дастур доданд, ки дар оянда ҷиҳати ба маротиб зиёд кардани истеҳсолоту содироти меваи хуштамъ ва меваи хушк майдони боғи мазкурро васеъ намоянд, зеро аз чунин мавзеъҳои кӯҳдоман истифода намуда, бештар боғҳои интенсивӣ бунёд карда, дар ин замина ҷойҳои кории нав таъсис додан имконпазир аст.
Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар ин мавзеи кӯҳдоман барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар майдони 24 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Ҳамчунин боғ дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа бунёд шуда, дар баробари себ боз 7 намуди дарахти мевадиҳанда, аз қабили олуи сиёҳ, зардолуи мирсанҷалӣ, бодом, хурмо, гелос ва писта парвариш карда мешавад. Дар боғи мазкур дар як гектар зиёда аз ҳазор бех ниҳол парвариш меёбад. Бо андешаи мутахассисон чунин боғҳо зуд ба самар омада, дар соли сеюм ё чорум аз ҳар ниҳоли себ 15-20 килограмм мева гирифта мешавад.
Бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот ва бо оби полизӣ таъмин кардани боғи интенсивӣ бо дарназардошти шароиту имконияти мавҷуда дар ин мавзеъ  пойгоҳҳои барқии обкашӣ фаъол гардонда шудаанд. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки бунёди боғи интенсивӣ ва серҳосилии ниҳолҳои мевадиҳанда ба шароиту иқлими чунин мавзеъҳои кӯҳдоман мувофиқ мебошад ва нашъунамои дарахтону афзоиши ҳосил нисбат ба боғҳои пешин зиёд хоҳад гардид.
Бо сабаби сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо хеле беҳтар гардида, солҳои наздик ҳосилнокии ҳар ниҳоли себ ба 20-25 килограммӣ расонда мешавад. Барои дар асоси технология васеъ кардани майдони боғ дар ин мавзеъ баҳри парвариши ниҳоли мевадиҳандаи ситрусӣ гармхона мавҷуд аст.
Дар боғи интенсивӣ дар баробари дарахтони мевадиҳанда дарахтони ороишӣ низ парвариш ёфта, барои боз ҳам зебою дилкаш гардидани ду шафат ва дохили боғи мазкур гулу буттаҳои зиннатбахш шинонда шудаанд. Ҷамъоварию хушк намудани мева дар боғ идома дорад.
Мутахассисону масъулон мақсад доранд, ки вобаста ба шароиту иқлими мавзеъ, анҷом бахшидани корҳои агротехникӣ ҳосилнокии ҳар гектарро тақвият бахшида, дар оянда аз майдони 4,5 гектар боғи себ наздик ба 200 тонна ҳосил ҷамъ оваранд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон, ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо сафарӣ корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварданд.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди зиёда аз 300 иншооти наву замонавӣ ободу зебо шуда, шароити кору хизматрасонӣ беҳтар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия нахуст бинои қасри фарҳангро ба истифода доданд.
Даромадгоҳ ва девору сақфи бинои навбунёдро нақшу нигори миллӣ оро додаанд, ки аз санъати волои меъмории миллӣ шаҳодат медиҳанд.
Бинои дуошёнаи қасри фарҳанг бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дар масоҳати 1 ҳазору 248 метри мураббаъ сохта шуда, дар ошёнаи якуми он миёнсарой, толори барҳаво барои 385 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои маҳфил, санъаткорону техникӣ ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва ҳуҷраҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос ба сохтмони бинои қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин соли 2017 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, иншооти мазкур дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар бинои навбунёд шинос шуда, иншооти мазкурро дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде барои аҳли фарҳанг арзёбӣ намуданд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия 15 номгӯйи сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.
Толори қаср барои баргузории тадбирҳои гуногун дорои шароити мусоид буда, фаъолияти санъаткорон дар ин бинои замонавӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, китобхонаи марказӣ, 17 китобхона дар деҳот, боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва мактаби санъати бачагона фаъолият доранд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ навсозӣ гардида, дар онҳо шароити мусоиди корӣ ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар толори қаср аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод гардид.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШ ВА ТОЛОРИ ВАРЗИШИ БОЛОПӮШИДА ДАР ДЕҲАИ ХАЙРКОРОН
Дар доираи сафари корӣ 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”-ро ба истифода супурданд.
Маҷмааи варзишии мазкур аз шумори иншоотест, ки ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
“Бахтиёри Шамс” дорои толори варзишии болопӯшида аст, ки дарозиаш 40 метр ва паҳноиаш 18 метрро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ иттилоъ доданд, ки толори варзишии болопӯшида барои бозии футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ шуда, дар он барои варзишгарон ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ саҳми фаъол гузоштааст, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон зимни суҳбати озоду самимӣ таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ба таври васеъ истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд.
Дар шафати толори варзишии болопӯшида майдони варзиш бо дарозии 110 метр ва паҳноии 65 метр, ки дорои 800 ҷойи нишаст мебошад, тибқи стандарти байналмилалӣ бунёд гардида, барои бозии футбол пешбинӣ шудааст.
Саҳн ва атрофи толори варзишии болопӯшида ва майдони варзиш бо шинондани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкани нодир ба як мавзеи ободу зебо табдил ёфтааст.
Наврасону ҷавонон дар ин маҷмааи варзишӣ, ки дорои шароити мусоид аст, ба машқу тамрин машғул шуда, дар оянда ба ҳайси варзишгарони варзида муаррифгари давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ мегарданд.
Дар ин ноҳия замони соҳибистиқлолӣ 73 майдонча ва 5 толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар муассисаи варзишии кӯдакону наврасон аз рӯи 8 намуд 387 нафар ба машқу тамрин ҷалб карда шудааст.
Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зимни ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 18 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гарданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ БАХШИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.
Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавӣ аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона ва меҳмонхона мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои навбунёд ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд карда шуд.
Бинои бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон - Орзу” – и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, дорои шароити арзандаи корист.
Ҳуҷраҳои кории бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон имконияти зиёд мавҷуд аст.
 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки барои муҳофизати олами набототу ҳайвоноти нодир, ки дар ноҳия хеле зиёданд, бо ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар баробари сохтмони марказҳои хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, ба ҳусни ноҳия зебоии тоза зам кардаанд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН
Дар маркази ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам мекунад.
Бино бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони 200 метри мураббаъ қад кашидааст.
Бино аз 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 16 моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб шуда, бино бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра муҷаҳҳаз шудааст.
Тибқи иттилоъ, аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷавонон ташкил медиҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, ба сохтмончиён барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карданд.
Роҳбари давлат аз кормандони кумитаи иҷроия ва аъзои фаъоли ҳизб ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.

ИФТИТОҲИ БОЗОР ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар маросими ифтитоҳи бозори марказӣ иштирок намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бозор 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 112 ҷойи болопӯшида барои савдо ва 22 дукони тиҷоратӣ ҷойгир карда шудааст. Бозор бо маблағгузории Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бунёд ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то ин дам бозор вуҷуд надошт ва сокинон барои хариди молу маҳсулоти ниёзи аввал ба дигар шаҳру ноҳияҳо сафар мекарданд.
Кишоварзон ҳосили ҷамъоварӣ кардаашонро ба шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо ба савдо мебароварданд, ки дар аксари маврид меваю сабзавот ҳангоми кашондан талаф меёфтанд.
Акнун дар бозор барои соҳибкорон ва хоҷагидорон барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулот ва ба сокинон барои бо нархи дастрас харид кардани маводи зарурӣ шароити мусоид муҳайё шуд.
Дар ин ҷо беш аз 100 нафар соҳибкору сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Пешвои миллат зимни суҳбат бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор, дастур доданд, ки барои таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот ва дигар намуди молу маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳо шартнома баста, фаровонии бозорро таъмин намоянд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН
24 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мақомот аз 3 ошёна иборат буда, баландии ошёнаҳо 3,3 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бино 1734 метри мураббаъ мебошад.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “САНИИОСП”-и шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии “Консол”-и шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар ошёнаи якум толори маҷлис барои 240 ҷойи нишаст, миёнсарой, бахши занон ва оила, шуъбаи хизматрасонӣ, шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, китобхона, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраи техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир мебошанд.
Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юм дафтари кории раиси ноҳия, бахши сармоягузорӣ, қабулгоҳ, муҳосибот, хазинадор, толори маҷлис барои 48 ҷойи нишаст, ҳуҷраи кории муовинони раиси ноҳия ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд.
Бинои мазкур вобаста ба сардии иқлими ноҳия, бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хизматчиёни давлатиро ба меҳнати софдилона ва хизмат ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо рафти парвариш, истеҳсол ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Одина Одинаев шинос шуданд.
Оилаи Одинаевҳо бо мақсади қонеъ сохтани талаботи аҳли хонавода бо маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ ва гӯшту шир ба рушди ҳамаи бахшҳои соҳа аҳамияти махсус зоҳир карда, қитъаи замини наздиҳавлигии худро, ки 6 садякро ташкил медиҳад, самараноку оқилона истифода мебаранд.
 Ҳамасола ин оилаи намунавӣ навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт карда, бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ва риояи тавсияҳои олимони соҳа ҳосили хуб мегиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати кишти тирамоҳии гулкарам, сабзӣ ва ҳосили фаровони картошка, помидор, карам, каду, сабзавот ва ду навъи себи маҳаллӣ, ки дар шароити ноҳия ҳосили хуб медиҳанд, шинос шуданд.
Соли 2019 аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3 тонна картошка, 300 килограмм помидор, 500 килограмм сабзӣ ва наздики 3 тонна себ ҷамъоварӣ намуданд ва дар мавсими имсола низ ҳосилнокӣ хуб ба назар мерасад. Оилаи Одинаевҳо барои дастрас намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, инчунин, маҳсулоти ниёзи аввали кишоварзӣ ниёз ба бозор надоранд ва аз ҳисоби мақсаднок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва нигоҳубини хуби чорвои хурду калон, ки дар манзили истиқоматӣ парвариш меёбанд, талаботи худро таъмин менамоянд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон пешбинӣ гардидааст, шинос шуданд. Дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандум, лӯбиёиҳо, наск, нахӯд, мош ва себи хушк дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, 40 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҳо, ки бештари он ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерв захира гардидааст.
 Заҳмати шабонарӯзӣ, истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду - се ҳосил аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти аҳли хонаводаи сокини деҳаи Шӯроободи ноҳияро қонеъ гардонда, аз ҳисоби фоида сатҳи зиндагонии худро беҳтару хубтар месозанд.
Дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 40 бех дарахти себи навъи "хубонӣ" мавҷуд аст, ки аз он ҳамасола то 3 тонна ҳосил мегиранд. Сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузошта, ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамари қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокини деҳаи Шӯрообод Одина Одинаев баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёндани ҳосили зиёди сабзавоту полизӣ, захираи маводи ғизоӣ барои гузарондани мавсими тирамоҳу зимистон дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.
Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Одинаевҳо дар истифодаи босамари замин баҳои баланд доданд.
Аз меҳнати софдилона ва муносибати садоқатмандона ба замин дастархони сокинони ин гӯшаи файзбори диёр пурнозу неъмат гардида, сол ба сол сатҳи зиндагӣ ва шароити кору хизматрасонӣ беҳтар мегардад.
Саҳни ҳавлӣ бошад, бо гулҳои рангоранг зинат ёфтааст, ки аз завқу салиқаи баланди зебописандии хонавода дарак медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Одина Одинаев лавозимоти рӯзгор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
Дар истифодаи мақсадноку босамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бештари сокинони деҳаи Шӯроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фаъолияти назаррас дошта, баробари таъмини аҳли оилаи худ бо маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ, инчунин, дар ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми фаъол мегузоранд.
Дар деҳоти Шӯрообод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва санъати волои аҳли фарҳанг шинос шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир  шуда, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши намунаи зиёди ҳунарҳои дастӣ, ки аз қадим то ба имрӯз ҳифз доштаанд, марказҳои омӯзишӣ ташкил гардидаанд.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳои 2019-2021 - ро дар бар мегиранд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва фароҳам намудани шароиту имконоти мусоид, аз ҷумла имтиёзҳо ва грантҳои президентӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар марказ ва деҳот 10 маркази нави омӯзишӣ ва гӯшаҳои намоиш ва фурӯши ҳунарҳои қадимаи дастӣ таъсис дода шуданд, ки бо ин восита даҳҳо нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ҳунари кадбонуҳои чирадасти деҳот ва шаҳраки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки ба тайёр кардани чапотӣ, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти гандумӣ машғул буданд, муаррифӣ гардид. Ҷавонони боистеъдод ва ҳунарманд бо ифтихор аз давлати ободу соҳибистиқлол ҳунару маҳорати навозандагӣ ва овозхонии худро пешниҳод намуданд.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ва мулоқоти судманд бо ҳунармандон, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои дастӣ, ки талабот ба он дар дохил ва хориҷи мамлакат зиёд аст, ба масъулон ва роҳбарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолу пойдории давлат ба симои ноҳия зебоии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайругашти сокинон мубаддал гардид. Майдони иншоот 1,5 гектарро ташкил дода, пояи Парчами давлатӣ 40 метр дарозӣ ва паҳноии матоаш 14 бар 7 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2020 оғоз ёфта, коргарону мутахассисони маҳаллӣ тавонистанд дар муҳлати кӯтоҳ бо риояи талаботи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромӣ доштани муқаддасоти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мебошад. Майдони Парчам бо сангҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг ва ниҳоли дарахтони сояафкан зебу зинат ёфтааст. Дар доираи корҳои ободонӣ барои сайругашти сокинон 10 нишастгоҳи замонавӣ ва 33 чароғпояи хурду бузург насб гардидааст, ки макони беҳамтои истироҳат ва фароғат ба ҳисоб меравад.
Сокинон аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд мешаванд.
Изҳори эътимоду бовар шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки ин воситаи муҳими баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози давлат мегардад.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз кору фаъолияти ватандӯстонаву созандаи мардуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба онҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои ободгарона ба хотири пешрафти ин гӯшаи диёр ва Тоҷикистони азиз барори кор орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин - намояндагони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда ва фаровонии неъматҳои кишвар сухан ронда, ба Пешвои муаззами миллат барои таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ САЙЁҲИИ “ЧИЛДУХТАРОН” ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод марҳилаи аввали маҷмааи сайёҳии  “Чилдухтарон”- ро ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Дар дохили маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” меҳмонхонаи панҷошёнаи “Чилдухтарон”, дорои шароитҳои муосири хизматрасонӣ, бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулони ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” дар оянда бо истифода аз  ҳавои нотакрори ин мавзеъ марҳилаи дуюми маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бунёд мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа, заминаи мусоид фароҳам меояд.
Ноҳияи Муъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои Чилдухтарон ва Чашмаи Ҷӯшон барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат аст.
Дар ҳамин мавзеъ ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ, дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд кардааст. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳамаи шароит фароҳам аст. Дар маҷмӯъ, бо иловаи ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шуд.
Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.
Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, дар мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбанд, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад.
Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд,  бо  таваҷҷуҳ  ва  ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар онҳо инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳайё мешавад.

ИФТИТОҲИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ЧИЛДУХТАРОН-ХОВАЛИНГ
Нимаи дуюми рӯзи 24 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паҳндараи деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод роҳи мошингарди Чилдухтарон - Ховалингро ифтитоҳ карданд.
Роҳи мошингарди Чилдухтарон - Ховалинг аз иқдомоти шоистаи сокинони бонангу ори ноҳияи Муъминобод мебошад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми оилаи Амировҳо сохтмони роҳи мошингарди Чилдухтарон - Ховалинг оғоз гардида, бо дарозии 12 километр ба анҷом расонда шуд. Бунёди қитъаи роҳ орзуи деринаи сокинони қариб 20 деҳаи ин мавзеъ аст, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.
Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ имкониятҳои фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт, Хуррамшаҳр, Ҳулбук, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин, бо урфу одат, суннату оинҳои мардумӣ ва таьриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик шинос хоҳанд шуд.
Роҳи нав аз минтақаи сайёҳии Чилдухтарон, доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳои назаррабо мегузарад, василаи ҷалби сайёҳон гардида, ба инкишофи минбаъдаи ин минтақаи зебои диёр замина хоҳад гузошт.
Роҳи автомобилгард бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофиаш, оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои мавҷудаи туристӣ нақши муассир гузошта, барои садҳо сокинони кӯҳистон ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Бунёд гардидани роҳи автомобилгарди Чилдухтарон - Ховалинг имкон фароҳам овард, ки масофаи роҳ то ин мавзеъ 70 километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон дар тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси оилаи Амировҳоро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ маънидод карда, ба дастандаркорон арзи сипос намуданд.
Сокинон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат дар самти ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти мамлакат, изҳори сипосу миннатдорӣ карда, тадбирҳои муҳими ободониро василаи беҳтар шудани шароити зиндагии мардум маънидод карданд.
Президенти мамлакат дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, кохи сайёҳиро бо номи “Қадамҷойи Пешвои миллат” ифтитоҳ карданд. Ин макон аз як манораи муҳташам иборат буда, аз он ҷо тамошои ин минтақаи дилфиреб имконпазир аст. Дар атрофи кохи сайёҳӣ бунёдгарони иншоот ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинондаанд. Гулу буттаҳои ҳамешасабз ба мавзеъ зинати дигар зам кардаанд.
Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисми шимолии ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаҳои одамшаклеанд, ки сирру асрори хосаи худро доранд. Онҳоро мардуми Хатлонзамин Чилдухтарон ном ниҳодаанд.
Дар асл ин пайкараҳои сангин барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ нақлу ривоятҳои зиёде ҳастанд. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.
Дар ноҳияи Муъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шудааст.
Муъминободро диёри чашмасор ё ҳазорчашма низ мегӯянд. Захираҳои табиии ноҳия хеле зиёд буда, 138 навъи рустании шифобахш, 45 навъи рустании асаловар ва 98 навъи рустании ғизоӣ шиносоӣ шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидаанд, ки барои рушди сайёҳии шикорӣ хеле мусоид аст.
Сарвари давлат зимни боздид аз ин иншоот, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ташаббуси сокинони меҳанпарастро намунаи ибрат хонданд ва ба масъулони Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароит дар дигар мавзеъҳои сайёҳии мамлакат тадбирандешӣ намоянд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ САНОАТИИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ ВА МЕВАЮ САБЗАВОТ ДАР ДЕҲАИ ЗАРКАМАР
25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар деҳаи Заркамари ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дуоб-Р” оғози расмӣ бахшиданд.
Коргоҳи мазкур аз ду сехи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон Файзалӣ ва Ҳасанҷон Забировҳо таъсис дода шудааст.
Аснои шиносоӣ аз сехи коркарди маҳсулоти ширӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки тамоми техникаю дастгоҳҳои корӣ муосир буда, дар ин ҷо 12 намуди маҳсулоти ширӣ омода мешавад. Дар як басти корӣ сех имкон дорад, ки то 5 тонна маҳсулоти шириро коркард намояд. Дар ноҳияи Муъминобод ин ягона коргоҳест, ки бозори маҳаллиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Шир дар доираи шартномаи дуҷониба аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас мешавад. 
Дастгоҳу технологияи сехи коркарди меваю сабзавот аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар сехи коркарди меваю сабзавот, ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, барои таъминот бо меваю сабзавоти тарутоза, дар шафати корхона 2 гектар боғ бо 6 номгӯйи мева бунёд шудааст. Ҳосили бадастомада дар сехҳо коркард шуда, дар шакли консерв ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бароварда мешавад. Ҳамчунин, меваю сабзавот аз хоҷагидорони ноҳия низ харид мегардад.
Баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ, 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардид, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Масоҳати замини иншоот 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, майдони зери сохтмони корхонаҳо 2 ҳазор метри мураббаъ мебошад.
Дар атроф ва дохили корхона корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шуда, дар саҳни он гулу дарахтони сояафкану ороишӣ назаррабоӣ доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, дар ин раванд бо мақсади сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 19 коргоҳи хурду миёна ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 7 - тои он фаъол гардида, дар боқимонда корҳои созандагӣ идома доранд.  

БОЗДИД АЗ ҲОЛАТИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР МАВЗЕИ ГУЛИСТОН
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, дар хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.
Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 5 гектар замин дошта, асоси фаъолияти онро кишту парвариши зироатҳои кишварзӣ, аз ҷумла картошкаву пиёз ва дигар намуди сабзавот, ташкил медиҳад.
Саҳмдорон соли равон майдони кишти картошкаро 2 маротиба зиёд намуда, дар масоҳати 2,5 гектар картошка кишт карданд, ки ҳосили хуб ба бор овардааст.
Ба Пешвои  муаззами миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” яке аз фаъолтарин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб рафта, дар самти таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши арзанда дорад.
Сарвари давлат зимни боздид аз ҷамъоварии картошка, ба меҳнати саҳмдорон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, аз натиҷаи заҳмати деҳқонон шинос шуданд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ монда, имсол дар майдони 15 ҳазору 176 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронданд, ки нисбати соли гузашта 198 гектар зиёд мебошад.
Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар ноҳияи Муъминобод соли равон дар майдони 409 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронда шуд, ки, аллакай, қисман ҷамъоварӣ гардида, дар боқимонда заминҳо ҳосилғундорӣ идома дорад.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии ноҳия, ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод соҳаи боғу токпарварӣ рушд карда, майдони онро мутаносибан 585 ва 40 гектар такшил медиҳад.
Аз рӯи маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия, соли равон дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди боғу токзор, майдони 180 гектар боғ ва 3 гектар токзор таъсис ва барқарор гардида, ба ин васила, афзоиши ҳаҷми номгӯи маҳсулот низ ба маротиб боло рафт.
Дар ҳамин ҷо аҳли заҳмат муосиртарин техникаю таҷҳизоти кишоварзиро, ки имрӯз ба таври васеъ ҳангоми киштукор истифода мегардад, ба намоиш гузоштанд.
Меҳнаткашони ноҳияи Муъминобод уҳдадор шуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, барои фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузоранд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бинои истиқоматии 5 - ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ, аз 36 ҳуҷра иборат мебошад.
Роҳбари давлат калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супурда, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбат ба шахсони яккаву танҳо, ба як оила, ки ятими кулл ба воя расидаанд, дар бинои мазкур хонаи истиқоматӣ ҳадия карда шуд. Таъкид гардид, ки минбаъд ҳам ғамхориву кумакрасонӣ ба чунин нафарон идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то ин ки нафарони эҳтиёҷманд ба танқисӣ дучор нагарданд.
Дар хонаҳои ин бинои баландошёна барои зиндагӣ дар он имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор таъмин буда, дохили ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифати аъло ва санъати баланди меъморӣ бунёд гашт. Гирду атрофи иншооти нав бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораву корхонаҳои давлатие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, ниёз ба хонаи истиқоматӣ доштанд,  тақдим гардиданд.
Барои чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави чунин ғамхориҳо, кӯшиш мекунанд, ки рисолати бардӯшдоштаашонро дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат бо дилу нияти пок ба анҷом расонанд.
Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин доира дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ бунёду ба истифода дода мешаванд, ки ин раванд, аллакай, мушкилоти зиёди ниёзмандонро бо хонаҳои истиқоматӣ ҳал намудааст.

ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ ШАҲРВАНД АБДУФАЁЗ ОДИНАЕВ
Дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ташриф оварда, бо ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигии ин хонадон шинос шуданд.
Оилаи Одинаевҳо 37 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан, пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагии мазкур низ чун дигар оилаҳои Тоҷикистон корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигиашон ҷоннок карда, имсол ҳам ҳосили хуб ба даст оварданд ва ҳам номгӯйи зироатҳоро афзоиш доданд.
Тавре зимни боздид маълум шуд, ҳоло дар замини наздиҳавлигии Одинаевҳо булғориву помидор, ҷуворимаккаву карам нашъунамои хуб дошта, ба ин васила, эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти худӣ қонеъ месозанд.
Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз ҳамин замин то 1 тонна картошка ҷамъоварӣ намуда, дар тамоми фасли сол аҳли оилаву хешовандонашонро бо ин маҳсулот таъмин менамоянд. Ҳамчунин, бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ, оилаи Одинаевҳо аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби помидор низ ба даст меоранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, аз замини наздиҳавлигӣ имсол бештар аз 700 килограмм помидори хушсифат ҷамъоварӣ карданианд. Дар ин баробар, ҳамасола ҳосили хуби булғориву бодиринг ва пиёз ҳам ҷамъоварӣ мекунанд.
Шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар заминаш гармхонаи хурд низ бунёд намудааст, ки, асосан, дар он кӯчати помидору бодиринг парвариш менамояд. Айни ҳол дар ин гармхона қаланфури булғорӣ хуб нашъунамо дошта, ҳосили дилхоҳ дорад.
Аъзои оила дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез, дар назди ҳавлиашон олучаву гелос, зардолу, тут ва навъҳои гуногуни ноку анҷир шинондаанд, ки дарахтони он пур аз меваҳои шаҳдборанд. Хусусан, дар ҳавлии хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила, аз ин ҳисоб низ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад. Ҳамчунин, дар замини наздиҳавлигӣ парвариши ангур хуб ба роҳ монда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигиро омили муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ номида, зикр карданд, ки  ҳолати феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар ин самт кор ҷоннок шавад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки самараи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев мебошад, дидан карданд. Таъкид гардид, ки ба воситаи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ оилаи мазкур ҳамасола зиёд хӯрокворӣ захира мекунанд. Айни замон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ин оила барои ду соли баъдӣ маводи ғизоӣ захира кардааст. 
Одинаевҳо чанд сол боз парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ мондаанд. Айни ҳол сад оилаи занбӯри асалро нигоҳубин намуда, ба ин васила ҳам худ ва ҳам наздиконашонро бо асали хушсифат таъмин менамоянд. 20 оилаи занбӯри асал дар замини наздиҳавлигии онҳо нигоҳубин мешавад.
Ҳамчунин, бонувони оила ҳунару маҳорати худро муаррифӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз ҳисоби ҳосили замини наздиҳавлигиашон ҳамасола консерву мураббо ва афшураи меваҷот омода мекунанду барои давраи тирамоҳу зимистон захира месозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Одинаевҳо барои истифодаи пурсамари замини наздиҳавлигӣ ашёи рӯзгор ва бастаи китобҳои бадеӣ тақдим намуданд.
Сарвари давлат зимни суҳбати самимӣ дар гирди суфраи пурнозу неъмат, ки аз маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ оро ёфта буд, ба таҷрибаи оилаи мазкур дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.
Дар назди хонаи истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев бонувони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод ба хотири истиқболи Пешвои муаззами худ бо меҳру муҳаббати хоса намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор карданд.
Таъкид гардид, ки бо эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон низ ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳои дастии бонувон, рушд карда, имрӯз ҷавонон ҳам барои омӯзиши он майлу рағбати зиёд доранд.
Бонувон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати такмил додани ҳунармандӣ дар мамлакат ва дастгирии шахсони соҳибкасб изҳори миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ, барои рушду равнақ додани чунин ҳунарҳо кӯшишу талоши бештар мекунанд.

ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТӢ
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи муҳташаму зебои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аҳли фарҳанг Сарвари давлатро бо самимияти хоса истиқбол гирифта, барои чунин ҳадияи арзишманд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфта, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, барои истироҳату фароғати сокинон имконияти зарурӣ фароҳам буда, дохили иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.
Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ беш аз 800 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонда шуда, ҳамчунин, дохили боғ пурра майсазор аст. Роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудаанд.
Дар ҳудуди боғ  2 суҳбаткадаи калон ва 8 суҳбаткадаи хурд, ки шаклу намои хеле зебо доранд, бунёд ёфта, барои дилхушии атфол чархофалак ва дигар василаи бозиву фароғати кӯдакона насб шудааст. Аз ҷумла, як майдони алоҳидаи кӯдакона мувофиқ ба меъёрҳои ҷорӣ ташкил гардида, шаҳрвандону меҳмонон метавонанд аз 95 нишастгоҳ, ки дар саросари боғ васл гардидааст, барои истироҳати худ истифода баранд.
Барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ, дар дохили боғ як амфитеатри замонавӣ, ки бо нишастгоҳҳои нав муҷаҳҳаз гардонда шудааст, бунёд ёфтааст.
Дар ҳудуди иншоот барои дӯстдорони варзиш майдончаи муосир ҷойгир мебошад, ки дар он шароитҳои зарурии баргузор кардани машғулияту тамринҳо фароҳам мебошанд. Ҳудуди иншооот бо 3 фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хос бунёд ёфтааст, зинат дода шуда, сокинону меҳмонони ноҳия метавонанд дар чунин фазои зебо истироҳату фароғати худро ба роҳ монанд.
Дар шомгоҳон намои боғи фарҳангӣ - фароғатӣ хеле зебо мешавад, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ҳудуди иншоотро равшан нигоҳ медоранд. Бо бунёди боғ, барои сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Муъминобод имконияти мусоид фароҳам гашт. Атрофи иншооти нав пурра панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.
Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Муъминобод дар доираи нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳамчунин, ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар ҳудуди ноҳия сохтмони даҳҳо иншооти дигар идома доранд.
Пас аз ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ дар ҳамин ҷо мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Зимни суҳбати самимӣ аз ҷониби сокинон пешниҳод гардид, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Пешвои миллат номгузорӣ карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2020    №: 186 - 187    Мутолиа карданд: 3398
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед