logo

сиёсат

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТЗОДА РУСТАМ, КИ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШНИҲОД ШУДААСТ

Дурнамои самтҳои суръатбахшии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро дар заминаи имрӯзикунонии (модернкунонии) фарогири ҷомеа ва давлати тоҷикон, вобаста ба вазъияти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза, ҳолати зиндагии мардум, сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар таҳлил ва баррасӣ гардида, ҳамчун илова ва такмили барномаи қаблии ҳизб барои ноил гардидани мардум ба зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи инсон дар кишвари азизамон Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон фишурдаи ин барномаро ба баррасии мардум пешниҳод менамояд.

1. ВАЗЪИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Муҳаққиқон ва коршиносони мо бар он ақида ҳастанд, ки тартиби нави ҷаҳонӣ, ки он қаблан роҳандозӣ шудааст, дорои сифатҳои зерин мебошад:
- ҳарчи  бештар афзалият ба даст овардани ташкилотҳои байналмилалӣ ва трансмиллӣ нисбат ба ташкилотҳои миллӣ, ҳамзамон,  боло рафтани таъсири як кишвар   ба фаъолияти ташкилотҳои номбурда;
- ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи миллӣ ҳарчи бештар нуфуз пайдо намуда, ҳамзамон, беэҳтиромии ҳомиёни ҷаҳон ба ҳуқуқи байналмилалӣ  бошиддат боло меравад; нақши судҳои байналмилалӣ дар истифодаи интихобии қонун барои дигарандешон муассир мегардад.

2. ҲАМБАСТАГИИ МАРҲИЛАИ  ИНКИШОФИ  КИШВАР 
Барои тавсиф кардани марҳилаҳои асосии инкишоф ва рушди кишвар, одатан, аз истилоҳоти ислоҳот (реформа); табдилдиҳӣ (трансформатсия), мутобиқкунонӣ (адаптатсия), имрӯзикунонӣ (модернизатсия) ва инкишофи илмӣ - инноватсионӣ (постмодернизатсионӣ) истифода мебаранд, ки дар амал пиёда шудани   ҳар як марҳилаи пайдарпайи технологиро  ташкил медиҳад  ва тавсифи амалиётҳои  дар як марҳила баамаломада ба хусусияти созмонёбӣ ва шаклгирии марҳилаи пасоянда таъсир мерасонад.
Марҳилаи ибтидоии ислоҳот ва ба даст овардани истиқлолияти миллӣ барои мардуми мо ба муқобилияти шадиди қувваҳои берунаи манфиатҳо рӯ ба рӯ гардид.  Мавҷуд набудани таҷрибаи назариявӣ ва амалии ислоҳот ба он оварда расонд, ки барномаҳои ислоҳот ҳар лаҳза бо таъсири ин ё он қувва тағйир дода мешуданд. Фақат пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон соли 1997 имконият ва шароити пешбурди ислоҳот ба амал омад ва кишвар ба марҳилаи табдилдиҳӣ (трансформатсия) ворид гардид. Дар ин марҳила як қатор барномаҳои ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул ва роҳандозӣ шуданд. Дар мамлакат заминаи ҳуқуқӣ барои пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ гузошта, шароити гузариш ба марҳилаи мутобиқшавӣ таъмин шуд. 
Марҳилаи мутобиқшавӣ марҳилаи  мураккаб буда, дар он бояд аз як тараф, манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои дигар кишварҳои ҳамсуд мувофиқа кунонда шаванд, аз тарафи дигар,  сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ба манфиати тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа тавофуқ ёбад.
Мо чӣ мехоҳем? Албатта, мо мехоҳем кишварамон пешрафта, замонавӣ ва  дар он шароити зарурӣ барои зиндагии арзанда ва инкишофи озоди инсон муҳайё бошад.
Мо буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, инчунин, арзишҳои зиддиинсонии низоми капитализмро медонем, дар шароити сотсиализм ҳам будем, ки он нотавонии худро собит намуд. Аз ин хотир, мо бояд марҳилаи мутобиқшавиро ба самти созмонёбии ҷомеаи имрӯзикунонидашуда, ҷомеаи воқеан, шаҳрвандӣ равона кунем.
Барномаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон роҳи имрӯзикунонии (модерникунонии) кишвар ва созмон ёфтани ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад.  Бо ин мақсад дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ба интихобкунандагон пешниҳод карда мешаванд.

3. ДУРНАМО ВА ТАҲКИМИ ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ
Оила  ва муҳити ибтидоии он раванди таърихиро таҷассум мекунад, аз ин хотир, кор бо кӯдакон, аз тифлӣ то гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ, муҳимтарин самти фаъолияти Ҳукумат ва тамоми ҷомеа дар самти иҷтимоӣ дониста мешавад.    
Ҳаёти иҷтимоӣ чӣ гуна бояд созмон дода шавад, то инсон худро дар он хушбахт ёбад?
1. Одамон,  дар воқеъ, моликияти хусусии судовар дошта бошанд. Норасоӣ дар озодии инсон, махсусан озодии иқтисодӣ, яке аз буҳронҳои қотеи бадбахтии инсон дар ҷаҳони муосир аст. Инсон дар ҳамон маврид озод аст, ки  агар моликияти хусусии даромадовар дошта бошад. Дар дигар ҳолат вай ҳамчун коргари кироя боқӣ мемонад ва наметавонад ягон гуна озодии фаъолият дошта бошад. Моликкунонии ҳар фарди хоҳишманди ҷомеа вазифаи ҷонии ҳар гуна ҳокимияти демократии он мебошад. Корхонаҳо бояд дар асоси моликияти коргарони он таъсис ё созмон дода шаванд.
2. Бозорҳо  озод бошанд.
3. Қабули қарордодҳои идоракунӣ дар тамоми сатҳи идора, аз корхона то сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, бояд дар заминаи таҳлили судоварӣ ва масраф қабул карда шаванд. Бо ин мақсад бояд омори давлатиро такмил дода, саҳеҳияти нишондиҳандаҳои он дуруст санҷида шаванд.

4. ДУРНАМО  ВА ТАҲКИМИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТ
Тоҷикистон дар миёни ҳамсоякишварҳо аз рӯи нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ яке аз ҷойҳои охиринро ишғол менамояд.
Барои бартараф сохтани ақибмондагӣ бояд корхонаҳои истихроҷ ва коркарди манбаъҳои табиӣ миллӣ кунонда шаванд, зеро он шарти асосии бартараф кардани ҳолати буҳронии иқтисодиёт ва барқарор сохтани адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Бояд зикр кард, ки вазъият дар доираи хароҷот ва судоварии истеҳсолоти ватанӣ ниҳоят нигаронкунанда мебошад. Махсусан тамоюли судоварии маҳсулоти фурӯхташуда, нигаронкунанда аст, зеро болоравии ин нишондиҳанда имконияти такрористеҳсолкунии иқтисодиёт ва поёнравии он ҳолати муфлисшавии онро ифода мекунад. 
Вазъияти мавҷуда шаҳодат аз он медиҳад, ки хароҷоти корхонаҳо нисбат ба даромадҳояшон бештар зиёд мешаванд. Аз ин хотир, фоиданокии  истеҳсолоти дохилӣ  ба тарзи фарогир паст меравад. Содироти алюминий ва нахи пахта наметавонанд судоварии иқтисодиётро барои ташкили ҳаҷми зарурии андӯхт нигоҳ дорад. Аз ҳамин ҷо сарчашмаи пастравии маблағгузории дохилӣ ва суръати сусти пешравии иқтисоди миллӣ ба амал меояд.  Аз ин хотир, базаи моддӣ – техникии соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар навсозиро тақозо менамояд. Бо мақсади боло бурдани неруи андӯхт барои  табдилдиҳии инвеститсионию сохтории иқтисодиёти кишвар давлат бояд ҳуқуқи конститутсионии худро нисбати  ихтиёрдории тамоми ҳаҷми рентаи табиӣ тавассути сиёсати фаъоли нархӣ ба ивази  андоз истифода барад.
Бо ин мақсад бояд механизми хариди маъданҳои табиии истихроҷшуда бо нархҳои ҳисобии дохилӣ ва ҷорӣ намудани  инҳисори давлатӣ дар фурӯши он дар бозори ҷаҳонӣ роҳандозӣ шавад. Арзи хориҷии аз чунин амалиёт бадастомада тарҳи хароҷоти хариди маводи табиӣ аз истихроҷкунандагон, фонди барҳамдиҳии ғайрисаноатишавии кишварро метавонад ташкил диҳад, ки он барои маблағгузории институтҳои рушди масъули татбиқи барномаҳои муҳими созмондиҳии саноати нав дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар метавонад равона шавад.
Барои ислоҳи вазъият ва ба шароити индустриалию аграрӣ мутобиқ сохтани сохтору сифати қувваи корӣ, ислоҳоти фарогири низоми маорифи кишвар, пеш аз ҳама, решакан кардани фасод ва зиёд намудани маблағгузорӣ ба “сармояи инсонӣ” зарур аст.

5. ДУРНАМО ВА ТАҲКИМИ  БАЪЗЕ АЗ  ПАДИДАҲОИ ИҚТИСОДӢ
Оё зарур аст, ки дар оянда вобастагии арзи миллӣ аз доллар нигоҳ дошта шавад?  Арзи миллӣ бояд ба “пули табиӣ”, яъне ба  “сатҳи зиндагии инсон”, ки ба захираҳои табиии кишвар вобаста карда шудаанд, ифода карда шавад.  Ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтани арзҳои русӣ ва чинӣ ба мо имконият медиҳад, ки захираҳои арзию тиллоии кишвар имконияти бештаре ба даст оваранд.
Яке аз масъалаҳои муҳими кишвар “инқилоб дар андозбандӣ” мебошад. Кодекси андози кишвар рӯбардори низоми андозгузории ғарбӣ буда, бо кафолати баланд истеҳсолоти ватаниро буғӣ мекунад. Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун аксизи истеъмолӣ дар ҳоле метавонад ҷорӣ шавад, ки агар сатҳи истеъмолии мардум баланд бошад ва ё зарурати муваққатан ба буҷети давлатӣ ворид намудани  маблағи иловагӣ ба миён ояд. Ҳамзамон, дар баъзе аз соҳаҳо андоз аз фоида ситонда мешавад, ки аз рӯи таъйиноташон дар он соҳаҳо чунин андоз бояд вуҷуд надошта бошад (масалан, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ), зеро  пардохти хизмати ин соҳаҳо аз ҳисоби музди меҳнати шаҳрванд, ки аз он қаблан андоз пардохтааст, ба амал бароварда мешавад.
Давлат бояд ба корхонаҳо барои хариди патент ва литсензияҳои корхонаҳои хориҷӣ мусоидат намояд. Бояд моликияти зеҳнӣ дастоварди асосии корхонаҳои ватанӣ бошад.

6.  ДУРНАМО  ВА  ТАҲКИМИ  БАХШИ  КИШОВАРЗӢ
Кишоварзӣ на танҳо ҷузъи калидии бозор, дар маҷмӯъ,  ҳамчун омили  инкишофи иқтисодиёт, муҳаррики пуриқтидори рушди иқтисодӣ ва болобарии ҳаҷми ММД маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, имрӯзикунонии ҷиддии сиёсати давлатӣ дар комплекси агросаноатӣ зарур аст.
Диққати махсус бояд ба таҳияи механизмҳои дастгирии давлатии соҳа дода шавад, ки ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии савдо нисбати кумакҳои бевоситаи кишоварзӣ мухолиф набошанд ва имконияти беҳбуд бахшидан ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии деҳотро дошта бошанд.
Барномаи ҳаматарафа ва дарозмуддати рушди иҷтимоии деҳот, мутобиқгардонии аҳолии аз истеҳсолоти кишоварзӣ берунмондаи деҳот ба шароити нав, замонавикунонии сохтори иқтисоди деҳот бояд таҳия ва татбиқ шаванд. Барои деҳот масъалаҳои ғайриаграрӣ, низомҳои алтернативии шуғл, таҳияи имконият барои таъсиси соҳибкории хурд ва миёнаи кишоварзӣ, савдо,  ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва сайёҳӣ дар деҳот нақши муассир доранд. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки мардум барои зиндагӣ кардан дар деҳот ҳавасманд шаванд ва ҳаёти деҳот ҳамаҷониба пурмазмун гардад.
Ҳадафҳо ва вазифаҳои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ:
- баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо роҳи интихоби озоди кишти зироат, таъмини озодии парвариши зироатҳои интихобнамуда ва фурӯши маҳсулот дар маҳали интихобнамудаашон тибқи талаботи бозор ва бе дахолати беруна,  инчунин, дастрасии баробарҳуқуқона ба замину об;
- ташкили шароити мусоиде, ки деҳқон истеҳсолкунандаи маҳсулоти озод мебошад;
- рушди минбаъдаи парвариши зироатҳои сердаромад;
- таъмини ҳуқуқ ба заминистифодабарии дарозмуҳлат дар асоси принсипҳои одилона бо воридоти тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолати ҳуқуқ ба заминистифодабарии дарозмуҳлат, меросгузорӣ, иваз ва супурдани онро медиҳад;
- таҳияи механизми баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул, ки  хариду фурӯши сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро пешбинӣ менамояд, инчунин,  додани имконияти  ҳамчун гарав  истифода бурдани ҳуқуқи заминистифодабарӣ ҷиҳати гирифтани қарз аз бонкҳо;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» бо мақсади таъмини муҳофизати одию муқаррарӣ ба  қарздорон дар ҳолати муфлисшавӣ.

7.  ДУРНАМО  ВА  ТАҲКИМИ  НИЗОМИ  ИДОРАИ  ДАВЛАТӢ
Барномаи имрӯзикунонии кишвар бояд аз низоми идораи давлатӣ шурӯъ гардад. Бо ин мақсад:
- навсозии ҳайати шахсии сатҳи олии идораи давлатӣ; ихтисор кардани теъдоди вазорату идораҳои давлатӣ  дар заминаи таҳлили амудии сохтори идораи давлатӣ ва маҳаллӣ гузаронда шавад;
- давлат ғайритиҷорӣ кардани  низоми идораи давлатӣ ва аз мақомот қотеона раҳо сохтани  тоҷирмаъмуронро ба роҳ монад;
- қонунгузории нав дар бораи хизмати давлатӣ қабул карда шавад;
- консепсияи нави сиёсати давлатии ҷобаҷогузории кадрҳо, ки қисми таркибии онро интихоби намояндаҳои мардум ба мақомот ташкил медиҳанд, қабул шавад;
- реестри ягонаи хизматчиёни давлатӣ бо назардошти назорати қатъии даромаду масрафи онҳо тавассути ҷорӣ намудани низоми бақайдгирии хароҷоти молиявии онҳо созмон дода шавад;
- Ҳукумат дар заминаи бисёрҳизбӣ мутобиқ ба натиҷаи интихоботи шаффофи парлумони кишвар, бо дарназардошти масъулияти ҳизбии шахсони ба ҳокимияти давлатӣ маъмуриятгирифта, созмон дода шавад.
Ҳамаи ин ва дигар тадбирҳо якҷоя имконият медиҳанд, ки субъекти имрӯзикунонӣ – низоми идораи шакли нав, ки барои ба амал овардани тадбирҳои имрӯзикунонии кишвар ва ҷомеа ба манфиати аксари аҳолӣ самтгирӣ мекунад, созмон дода шаванд. Дар радифи ин бояд имрӯзикунонии низоми судию хуқуқӣ гузаронда шавад. Бо ин мақсад:
- новобастагии низоми судӣ таъмин карда шавад; дар ҳамаи сатҳи идорию маъмурии кишвар таъйини судҳо дар асоси интихоби аҳолӣ ба роҳ монда шавад;
- қонунгузории ҷиноятӣ ва қонунгузории ба он вобаста ба самти мазмуни зиддиолигархӣ ва зиддифасод доштани он навсозӣ шаванд;
- фаъолияти мақомоти прокуратура ва мақомоти тафтишоти пешакӣ замонавӣ кунонда шавад.

8. ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА АНДЕШАИ  МИЛЛӢ
Дар мавриди коркарди стратегияи имрӯзикунонӣ нақш, зарурат, имконият ва дурнамои ҳар як соҳа бояд бодиққат омӯхта ва ба ҳисоб гирифта шавад. Ҳамин тавр, самтҳои афзалиятноки имрӯзикунонии кишвар метавонанд чунин арзёбӣ шаванд:
- боло бурдани сатҳу сифати зиндагии бештари аҳолии кишвар дар робита бо афзоиши пешниҳоди ҷои кор ва моликкунонии саросарии аҳолӣ;
- ҳалли мушкилоти демографӣ ва муҳоҷират.
Ҳамин ду масъала барои кишвар нисбат ба ҳамаи масъалаҳои дигар муҳим ва зарур мебошад.
Диверсификатсияи (гуногунсозии) афзалиятҳои системавӣ, тактика ва воситаи расидан ба ҳадаф дар доираи стратегияи ягонаи имрӯзикунонӣ чунин арзёбӣ мешаванд:
1. Ҷавҳари сохтори нави технологиро бояд тактикаи пешсафии инкишоф вобаста ба сафарбаркунии тадбирҳои дастгирии давлатӣ ба самтҳои афзалиятноки тараққиёти технологӣ ва индустриалию аграрӣ ташкил диҳад.
2. Дар соҳаҳои пешбаранда, махсусан кишоварзӣ ва комплекси озуқаворӣ, бояд тактикаи пешсафии зерсоҳаҳои кишоварзӣ нигоҳ дошта шаванд. Дар  ин бахши иқтисод бояд механизми судманди ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла бо иштироки оммавии шаҳрвандон ба унвони саҳомони миноритарии ин ширкатҳо, истифода бурда шаванд.
3. Соҳаҳои коркарди манбаъҳои табиӣ (истихроҷ ва коркарди ашёи хом, саноати металлгудозӣ, кимиёӣ) тақозо менамоянд, ки тактикаи такмили назорати давлатии қисми даромади буҷети давлатӣ ва тадбирҳои ҳавасмандсозии худинкишофи ин соҳаҳо, аз ҷумла худмаблағгузории корҳои кашфиёт, истихроҷ ва коркарди маъдан, ба роҳ андохта шаванд.
Самти асосии имрӯзикунонии ин соҳаҳо ба истифодаи кластерҳо, сохтани корхонаҳои нави коркарди маъдан, металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, ангишт ва ғайра дониста шаванд.
Сармояҳои хориҷӣ бояд фақат ба соҳаҳои коркарди такрории саноатии ашёи хом ва маҳсулоти тайёр ҷалб шаванд.
4. Дар соҳаҳои таъминкунандаи истиқлолияти миллӣ (комплекси агросаноатӣ, системаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, идораи захираҳои замин, об ва ҷангал) бояд тактикаи тадбирҳои давлатии такмили ниҳодҳо ва механизмҳои таъмини корхонаҳо бо воситаҳои қарзӣ истифода бурда шаванд. Ин ҳамон бахши иқтисодиёти кишвар аст, ки дар он бояд иштироки аҳолӣ ҳамчун саҳом нигоҳ дошта шавад, ҳамзамон, тадбирҳои ғайриинҳисорикунӣ ва ғайримаъмурикунонии соҳа метавонанд ба болоравӣ ва рақобатпазирии ин корхонаҳо мусоидат намоянд.
5. Дар соҳаҳои таъминкунандаи рушди минтақавӣ (комплекси агросаноатӣ, саноати озуқаворӣ ва сабук, сохтмони манзилу роҳ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, идораи хоҷагии коммуналию манзилӣ, коркарди партовҳо) ба идораи минтақавӣ, бо истифода аз тактикаи ҳавасмандсозии гузаштан ба тараққиёти минтақавӣ ва барои онҳо таҳия намудани матритсаи стандартҳо ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ тавассути ҳавасмандсозии гумрукӣ ва андозӣ мувофиқи мақсад мебошад.
6. Дар соҳаҳои муҳими созмонҳои кооператсияи (таовунии)  байналмилалӣ (туризм, комплекси меҳмонхонаҳо, сохтмони манзилу роҳ, саноати сабук ва озуқаворӣ, комплекси агросаноатӣ, дастгоҳу тракторсозӣ) бояд реҷаи мусоидаткунандаи  ҷалби сармояҳои хориҷӣ роҳандозӣ шаванд.
Бо мақсади то андозае кам кардани сатҳи вобастагии кишвар аз кишварҳои пешрафта бояд аз як қатор омилҳои суръатбахши рушди иқтисодиёти кишвар  истифода карда шавад. Аз ҷумла:
- истифодаи захираҳои молиявӣ ва моддии мавҷуда. Бояд гуфт, ки суръат ва андозаи навсозии технологии истеҳсолот аз имконҳои сармоягузории корхонаҳо, ки дар он таъминоти қарзӣ нақши муҳим дорад, вобаста аст. Аз ин хотир, бояд механизми додани қарзҳои мақсадноки давлатӣ барои дастгирии сармоягузориҳои дарозмуддат созмон дода шавад.
Созмондиҳии муҳити инноватсионӣ, ниҳодҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани инноватсия ба низоми идораи давлатӣ.   Зикр кардан ба маврид аст, ки низоми бонкдорӣ ва тамоми сиёсати молиявии давлат алҳол на он қадар инноватсионӣ буда, бонкҳо на танҳо монеаи рушди иқтисод ҳастанд, ҳатто ба гузарондани тадбирҳои имрӯзикунонии технологии кишвар монеа эҷод менамоянд. Масалан, дар ҳоле ки маҳсулоти умумии дохилии кишвар  дар давраи солҳои 2005 – 2012 - ум 2,02 баробар зиёд шуд, нишондиҳандаи васеи пул  8,1 баробар зиёд шуда, суръати гардиши пул 21 дарсад коҳиш ёфт. Меъёри фоизи қарзҳои дарозмуддат  соли 2012 ба 28,58 фоиз расид, ки он нисбат ба соли 2005 12 дарсад боло рафтааст. Дар баробари ин, бонкҳо бо фоизи пасти бонкӣ  маблағҳоро ба депозит гирифта, бо фоизҳои  баланд ба муштариён  қарз медиҳанд.  Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат ҳамагӣ бо арзи миллӣ  соли 2012 - ум 27,5 дарсад, бо арзи хориҷӣ 32,2 дарсадро ташкил намудааст, ки барои пешбурди истеҳсолот нокифоя ва фоизҳои он ниҳоят баланд мебошанд.
Аз ин хотир, қадами аввали шаклгирии муҳити инноватсионӣ бояд таҳияи заминаи ҳуқуқии танзими низоми бонкӣ, дар самти назорати қатъии аз ҷониби бонкҳо риоя шудани меъёрҳои қарздиҳии дарозмуддати корхонаҳо, инчунин, шартҳои гирифтани қарз аз захираҳои давлатӣ мебошад.
Қадами дуюм, бояд тағйир додани сохтори буҷети давлатӣ вобаста ба вогузор шудани вазифаҳои идораи давлатӣ бошад. Тағйироти бунёдӣ дар ин самт паст кардани сатҳи хароҷоти давлатӣ дар қиёс бо ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти  дохилии (ММД) кишвар бошад. Вобаста ба ин, бояд Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорату идораҳои дигар таҷдиди назар ва сохтори онҳо замонавӣ кунонда шаванд.

САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Қобили зикр аст, ки  Тоҷикистон на танҳо ба инкишоф, балки ба тараққиёти босуръати индустриалӣ  ниёз дорад. Арзиши таҷдиди иқтисоди миллӣ даҳҳо миллиард долларро тақозо менамояд. 
Аз ин хотир, сиёсати молиявии давлат бояд чунин ба роҳ андохта шавад, ки маблағҳои зарурӣ бидуни ҷорӣ намудани андозҳои иловагӣ барои шаҳрвандони қаторӣ ва соҳибкорон, аз ҳисоби таъмини озодии иқтисодии воқеии субъектҳои хоҷагидор дарёфт карда шаванд. Вале на танҳо маблағ, инчунин, сиёсати имрӯзикунонидашудаи молиявии корхонаҳо, кооперативҳои қарзӣ метавонад мушкилоти ақибмондагии иқтисодии кишварро ҳал намояд.
Механизмҳои ҳавасмандкунии рушд онҳое ҳастанд, ки дар дохили кишвар зистан ва кор кардани аҳолиро таъмин менамоянд, яъне имконият медиҳанд дар кишвар иқтисодиёт рушд кунад.
Таҳлили имрӯзикунонӣ дар ҷомеаҳои ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба самти тараққиёти  кишвар метавонанд фишангҳои сифатии зерин истифода карда шаванд:
а) дар самти коркард ва татбиқи навовариҳо:
- дафтари давлатию ҷамъиятии татбиқи навовариҳо барои иҷрои  вазифаи ҷамъоварӣ, коркарди супоришҳои давлатӣ ва татбиқи навовариҳо созмон дода шавад;
- технопаркҳо ва лабораторияҳои татбиқсозии навовариҳо дар назди донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ - тадқиқотӣ таҳти ҳимоя ва пуштибонии ширкатҳои бузурги давлатӣ ё хусусӣ созмон дода шаванд;
- андозбандии боимтиёзи навовариҳо дар риштаҳои афзалиятноки рушди иқтисодии кишвар ба роҳ монда шавад;
б) дар самти инкишофи институти моликияти хусусӣ:
- таҷдиди созмон ва суръат бахшидан ба пешрафти ширкатҳои давлатӣ бо иштироки фаъоли давлат дар самти саҳомикунонии онҳо бо ҷалби аксарияти аҳолии кишвар, ки ба болоравии судмандии ин ширкатҳо мусоидат мекунад;
- ҳавасмандкунии афзоиши дороиҳои давлатии субъектҳои кишвар (на аз ҳисоби милликунонӣ, балки аз ҳисоби дохил кардани манбаъҳои нав ба гардиши хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама, замин) ва суръат бахшидан ба инкишофи моликияти маҳаллӣ, дар шакли ширкатҳои саҳомӣ бо иштироки аҳолии минтақаи муайян; вогузор кардани шуморе аз  функсияҳои (вазифаҳои) идоракунонии маҳаллӣ ба корхонаҳои маҳаллӣ; ба моликияти аҳолӣ, шаҳракҳо ва ноҳияҳои кишвар додани инфрасохтори истеҳсолии онҳо.
в) дар самти пешрафти соҳибкории хурд ва андозгузорӣ:
- аз андозҳо озод намудани корхонаҳои хурд дар соли аввали фаъолият; қарздиҳии   имтиёзнок дар соли дуюми фаъолият;
- аз бештари андозҳо озод намудани корхонаҳои шаҳрофар, аз пардохти андози иҷтимоӣ озод намудани дигар корхонаҳои шаҳракҳо;
- озод намудани корхонаҳои хурд аз андози нақлиёт;
- ба муддати аз се то панҷ сол аз андоз озод намудани фоида ва амволи корхонаҳои аз сармояи хориҷӣ бунёдёфта, аз лаҳзаи оғози фаъолияти он корхонаҳо дар шаҳракҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ, инчунин, пешбинӣ намудани имтиёз ба сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои фаъолияти ширкатҳои доираи кооператсияи (ҳамкориҳои) байналмилалӣ: туризм, комплекси агросаноатӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, сохтмони манзил ва роҳ;
г) дар самти таъмини  шуғли аҳолӣ:
- таҳия ва таъмини супоришҳои давлатӣ барои иҷрои корҳои барои ҷомеа муҳим дар соҳаи тандурустӣ, сохтмони манзил, таъминоти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, коркарди партовҳо ва ғайра, ки дар доираи низоми хизмати ҳарбии алтернативӣ метавонанд иҷро карда шаванд;
- ташкили дастаи супоришҳои давлатӣ ба иҷрои корҳои оммавии иҷтимоӣ дар заминаи ташкили хизмати алтернативии ҳарбӣ; 
- ташкили корҳои оммавӣ (тавассути супоришҳои давлатӣ) дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва сохтмони роҳ бо ҷалби қувваи кории минтақаҳои пурнуфус;
- таъсиси бурсияи шабакавии электронии мутахассисони баландихтисос;
д) дар самти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони манзили иҷтимоӣ:
- муваққатан қатъ намудани болораваии тарофаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба муддати ду ё се соли аввали фаъолияти корхонаҳои нав;
- таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳом;
- такмили низоми ҳимояи ҳуқуқии сохтмони ҳиссагии манзил, аз ҷумла бо назардошти масъулияти мақомоти маҳаллии минтақаҳое, ки дар онҳо объекти манзил сохта мешаванд;
- барҳам додани андози замин ва амволи ғайриманқул дар ноҳияҳои баландкӯҳ барои корхонаҳои таъминоти маҳаллӣ ва минтақавӣ ва боло бардоштани андозҳо барои дигар минтақаҳо;
- ҷорӣ намудани андозбандии  имтиёзнок барои корхонаҳои сохтмонӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ;
е) дар самти ёрӣ ва пуштибонии модару кӯдак:
- эътироф кардани меҳнати модарон вобаста ба таваллуд ва тарбияи кӯдак ба унвони меҳнати маҳсулноки ҷамъиятии истеҳсол ва такрористеҳсоли сармояи инсонӣ; муайян  намудани маош барои давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак бо назардошти сабади истеъмолӣ аз ҳисоби созмон додани фонди “рентаи оила”;
- фароҳам сохтани шароит барои ба модарони серфарзанд додани «кафолатномаи иҷтимоӣ», ки дар мавриди хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасонии муайян имтиёз медиҳад; ҳамчунин, барои ин гуна модарон додани сертификат барои хариди маҳсулоти дар минтақа  истеҳсолшаванда;
- паст кардани андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад барои модарони дар минтақаҳои донор коркунанда аз ҳисоби буҷети давлатӣ (ҷумҳуриявӣ);
- муайян ё таъйин намудани фоизи камтарини қарзҳои манзилсозӣ барои оилаҳои серфарзанд бо мутааллиқ сохтани қарзҳо ва суғуртаҳо ба номи модар; додани кумакпулиҳои мақсаднок аз ҷониби бонкҳои масъули давлатӣ; мониторинги иҷрои ин уҳдадориҳо ва шартҳои қарздиҳии мақсаднок аз ҷониби бонкҳои давлатӣ; манъ намудани таҷрибаи қарздиҳӣ бе мутолиаи таърихи қарз ва бо кафолати манзили истиқоматии шаҳрвандон;
ж) дар бахши тандурустӣ:
- қабули қонун дар бораи равона сохтани аксизҳо аз машрубот ва тамоку танҳо барои пешгирӣ ва табобати бемориҳое, ки дар натиҷаи истеъмоли машрубот ва тамоку ба вуҷуд омадаанд;
- таъсиси фонди тандурустӣ; равона кардани як қисми даромади муассисаҳои тандурустӣ аз хизматрасонии пулакии аҳолӣ ба ин фонд;
- дар амал роҳандозӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз он ҷумла барномаи ”телетиб” барои аҳолии кишвар;    
з) дар самти маориф ва илм:
• ташкили супоришҳои давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи номгӯи ихтисосҳои индустриалии ҳозиразамон ва соҳаҳои иҷтимоӣ ва идораи давлатӣ, якҷоя бо тадбирҳои ҳавасмандсозии таҳсил (стипендияҳои афзоянда, таблиғоти иҷтимоӣ, кафолати кортаъминкунии хатмкунандагон ва шартномакунонии дарозмуддати онҳо);
- таъмини  шаффофият ва муқаррар кардани  шартҳои  махсуси қабул ба донишгоҳҳо;  такмили банақшагирӣ ва муайян намудани маблағгузории мактабҳои олӣ дар асоси ҷамъбасти соли якуми таҳсили хонандагон, пас аз қабули тестии ягонаи блоки компоненти давлатии фанҳои соли якуми таҳсил.  Маблағи барои таҳсили соли якум супурдаи донишҷӯе, ки ба квотаи буҷети давлатӣ ноил гардидааст, аз тарафи буҷет ҷуброн карда мешавад; агар ихтисос дар якчанд мактаби олӣ тайёр карда шавад, тибқи озмун квота ба ҳамон мактабе дода шавад, ки донишҷӯи он балли аз ҳама зиёд гирифта бошад;
- довталабони мактаби олӣ бо ин шарт, ки худ маблағгузор доранд, бояд бе имтиҳон кабул карда, қарор дар бораи давом додани таҳсил дар мактаби олӣ вобаста ба натиҷаи қабули тести ягонаи блоки компоненти давлатии соли аввали таҳсил, мутобиқ ба нақшаи қабули меъёрӣ, пазируфта шавад;
- рейтинггузории мактабҳои олӣ ва факултаҳо аз ҷониби агентиҳои махсуси рейтинггузорӣ ба роҳ монда, шаффофияти рейтинггузорӣ таъмин шавад;
- таҳия ва татбиқи барномаи давлатии пешгирии муҳоҷирати донишмандон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла бо назардошти истифодаи шартномакунонии дарозмуддат ва ба шакли давлатию хусусӣ (ҷамъиятҳои пӯшидаи саҳомӣ) гузарондани мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус;
- истифода намудани низоми интихоби беҳтарин ва таъйинкунии роҳбарияти  муассисоти илмӣ ва ҳамаи сатҳи идораи мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ дар асоси озмун .
Бояд зикр кард, ки тадбирҳои овардашуда фасодро дар мактаби олӣ ва вобаста ба он дар тамоми системаи маориф  ва илм аз байн бурда, метавонанд як қисми тадбирҳои эҳтимолии схемаи ташкилӣ ва технологияҳои иҷтимоиро дар бар гиранд, ки барои коромад сохтани механизмҳои ангезаоварандаи татбиқи тарҳи барномаи имрӯзикунонии кишвар заруранд.
Дар самти таҳкимдиҳӣ ва татбиқи самарабахши неруи  илмии кишвар:
- таҳия ва амалисозии Консепсияи дарозмуҳлати тақвияти неруи илми ватанӣ барои давраи то соли 2030;
- муайян намудани афзалиятнокии тадқиқотҳои фундаменталӣ (заминавӣ) аз рӯи соҳаҳо бо баланд бардоштани мутамарказии неруи илмӣ;
- ташаккули маҷмӯи тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби мутахассисони ҷавон ба илм ва то ҳатталимкон дароз намудани давраи фаъолияти олимон ва мутахассисони табақаи синну солашон калон;
- дастгирии рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ гардондани неруи илмӣ ва аз байн бардоштани монеаҳо вобаста ба эътирофи унвонҳои илмии хатмкунандагони донишкадаю донишгоҳҳои хориҷӣ.
Дар самти ташкили бозори меҳнати дохилии рақобатпазир:
- ҷорӣ намудани воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва принсипҳои маблағгузории барномавии мақсадноки барномаҳои ҳудудии мусоидат ба шуғл;
- баланд бардоштани сифати муҳити рақобатпазир тавассути муносибгардонии имтиёзҳои соҳавӣ ва бартариятҳо;
- ташаккули низоми миллии мусоидат ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат;
- инкишофи инфрасохтори бозори меҳнат;
- ташкили барномаҳои махсус, ки ба беҳтар намудани имкониятҳои шуғли шахсони дорои мушкилоти махсус (занон, шахсони маъюб, муҳоҷирони  ба ватан бозгаштаи дорои тахассуси нокифоя) равона шудаанд;
- таҳкимдиҳии механизмҳои дастгирии иҷтимоии бекорон.
Дар самти баланд бардоштани боздеҳи маълумоти касбӣ:
- ташаккул додани муҳити рақобатпазир, аз ҷумла дар инкишофи муассисаҳои таълимӣ;
- рушди низоми маълумоти техникӣ ва муҳандисӣ;
- таҳияи барнома ва механизмҳои арзёбии дараҷаи тахассуси мутахассисон (низоми миллии харитасозии салоҳиятҳо);
- ташаккул додани механизмҳои устувори таъмини дастрасии ҷавонон.
Дар самти баланд бардоштани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт:
- андешидани як қатор тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ оид ба фаъолияти соҳибкории қонунӣ, аз ҷумла ташаккули низоми устувори дастгирии андозии фаъолияти меҳнатии қонунӣ;
- амалҳои байнисоҳавӣ, ки ба беҳсозии муҳити соҳибкорӣ равона шудаанд, аз ҷумла дар самти рушди заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва қувваи кории кироя, рушди низоми “фармоиши давлатӣ” ва масъулияти иҷтимоии бизнес.
Дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ:
- таъсиси низоми тайёрии пешакии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо бо назардошти таъминоти ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ, омӯзиши кӯтоҳмуҳлати касбӣ ва забон дар заминаи марказҳои захиравӣ;
- рушди барномаҳои муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳифзшуда.
Дар самти баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори бахши молиявӣ:
- пурзӯр намудани иқтидори низоми бонкӣ тавассути афзоиши сармояи он ва такмили низоми идоракунии захираҳои инсонӣ;
- ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии хавф ва усулҳои назорат дар асоси арзёбии хавфҳо дар ташкилотҳои молиявӣ;
- такмил додани низоми танзими пруденсиалӣ, такмилдиҳии назорати маҷмӯӣ, гузариши ботадриҷ ба низоми ҳадафгирии таваррум;
- баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои танзими ғайримустақим дар робита бо сиёсати нигоҳ доштани устувории нархҳо ва  сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ;
- таъсиси танзимкунандаи азими (мегарегулятори) бахши молиявӣ;
- пурзӯр намудани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, ширкатҳои суғуртавӣ, лизингӣ, биржаи коғази қиматнок ва ғайра) аз ҳисоби ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалии фаъолият, баланд бардоштани талаботи ҳадди ақал нисбати сармоя, пурзӯр намудани талаботи захиравӣ барои таъмини афзоиши суботи молиявии онҳо, ташкили низоми муосири идоракунии хавфҳо;
- фароҳам овардани замина барои паст кардани нархҳои хизматрасониҳои молиявӣ ва коҳиш додани хароҷотҳои амалиётӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии фаъолияти соҳибкорӣ, гузариш ба сохторҳои ташкилии тағйирпазир, модернизатсияи заминаи техникии муассисаҳои молиявӣ, истифодаи васеи усулҳои муосири идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ (дар масофа, аз ҷумла бонкдорӣ тавассути интернету воситаҳои мобилии алоқа ва низомҳои пардохт), истифодаи васеи  воситаҳои электронии пардохт, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, амният, сифати хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт, рушди заминаи техникию инфрасохтори низоми пардохт;
- фаъолсозии равандҳои муттаҳидсозӣ дар ҳамаи сегментҳои бозори молиявӣ, афзоиши теъдоди ҳамроҳшавӣ ва азхудкунӣ ҳамчун шаклҳои баланд бардоштани сармоягузории ташкилотҳои молиявӣ;
- солимгардонии бонкҳои азим;
- мусоидат ба таҷдиди бонкҳои амалкунандаи беэътимод;
- такмил додани низом ва маданияти қарздиҳӣ;
- ҷорӣ намудани хазинаи кафолатдиҳии қарзҳо ва механизмҳои нави он;
- ташаккул ва рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла бозори такрорӣ, низоми нафақаи ҷамъшаванда, инфрасохтори маблағгузории венчурии корхонаҳои пешрафта ва соҳаҳо;
- таҳия намудани тадбирҳои ҳавасмандкунанда оид ба вусъат додани паҳншавии пардохтҳои ғайринақдӣ, бахусус дар савдои чакана;
- сода намудани расмиёти кушодани филиалҳо ва дигар намудҳои филиалҳои минтақавии муассисаҳои қарзӣ;
- мусоидат ба воридшавии хизматрасониҳои бонкии чакана дар деҳот миёни оилаҳои дорои сатҳи пасти даромад, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои алоқаи мобилӣ барои хизматрасониҳои молиявӣ;
- пурзӯр намудани либерализатсияи бозори молиявӣ, содагардонии иҷозатномадиҳӣ ва сода намудани расмияти воридшавии иштирокчиёни хориҷӣ ба бозор.
Дар самти густариши ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши молиявӣ:
- такмилдиҳии минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии бахши молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият ва эътимоднокӣ ба фаъолияти муассисаҳои молиявӣ, ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бахусус низоми бонкӣ, равона шудааст;
- қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкил ва ҷорӣ намудани низоми механизмҳои ҷуброн ҷиҳати рушди низоми нафақаи ҷамъшаванда;
- рушди бозори аудиторҳои мустақил ва пурзӯр намудани арзёбии фаъолияти соҳибкории хурду миёна аз ҷониби аудиторони мустақил;
- такмилдиҳии танзими пруденсиалӣ ва назоратии ташкилотҳои суғурта мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ;
- тавсеа додани низоми кафолатдиҳии (суғуртакунии) коллективии пасандозҳои шахсони воқеӣ барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба бонкҳо ва дигар ниҳодҳои молиявӣ; 
- таҳким додани рақобати солим дар бахши молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон, истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, афзоиши огоҳии аҳолӣ оид ба хизматрасониҳои бахши молиявӣ;
- тағйирдиҳии қонунгузории андоз, ки ба ташаккулёбии рафтори нави сармоягузории аҳолӣ нигаронда шудааст;
- пурзӯр намудани дастгирии давлатии молиявию иқтисодии соҳибкорӣ бо назардошти риояи талаботи экологӣ, рушди истеҳсолот ва навовариҳои “аз ҷиҳати экологӣ тоза” (рушди суғуртаи экологӣ, андозҳо, қарзҳо, субсидияҳо, тарифҳо, боҷ ва ғайра).
Доир ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ:
- такмилдиҳии қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, савдои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарии маҳсулот;
- такмилдиҳии механизмҳои мақсаднок ва ҷалби кумакҳои беруна ба афзалиятҳои миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар асоси васеъ ва беҳтар намудани истифодаи Низоми идоракунии иттилоотии кумаки беруна;
- пурзӯр намудани маблағгузорӣ тавассути муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон ва таҳкимдиҳии иқтидори мақоми ваколатдор оид ба ҷалби сармоягузориҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо оид ба рушди соҳибкорӣ бо назардошти омилҳои гендерӣ, сармоягузориҳо ва содирот;
- такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади содагардонии маъмуркунии андоз ва коҳишдиҳии сарбории андоз барои соҳибкории хурд ва миёна;
- ташаккули низоми бисёрсатҳаи институтсионалии дастгирии соҳибкорон дар асоси ташкил намудани кластерҳои минтақавию соҳавии рушди соҳибкорӣ, фондҳои махсусгардондашуда ва дастгирии рушди ташкилотҳои инфрасохторӣ;
- татбиқи сиёсати нави мусоидат ба сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҳамчун яке аз шартҳои асосии индустриалию инноватсионии рушди иқтисодиёт;
- такмилдиҳии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар сатҳи ҳокимияти судӣ ва тавассути таъсиси ниҳоди Омбудсмен барои ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон;
- ҷорӣ кардани татбиқи пайиҳами сиёсати кам кардани сарбории маъмурии фаъолияти соҳибкорӣ ва ташаккули низоми дастгирии маъмурии лоиҳаҳои миёна ва калони сармоягузории бахши хусусӣ аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона”;
- рушди соҳибкории хурд дар деҳот ва ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди маҷмӯавии маҳсулоти кишоварзӣ.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2020    №: 188 - 189    Мутолиа карданд: 560
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед