logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз оид ба амалигардии “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, таҳти рақами 201, тасдиқ шудааст, ҳисоботи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода шунида шуд.
Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 201, қабул шудааст, дар самти сиёсати дастгирии соҳибкорӣ санади муҳим арзёбӣ гардида, он барои гузарондани ислоҳоти давра ба давра ва маҷмӯии қонунгузории Тоҷикистон, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзи имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигарондашуда, мусоидат кард.
Зикр намудан зарур аст, ки Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020 дар се марҳила (марҳилаи аввал - солҳои 2012 - 2014, марҳилаи дуюм – 2015 - 2017 ва марҳилаи сеюм – 2018 - 2020) дар асоси нақшаҳои чорабиниҳое, ки барои татбиқи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, татбиқ гардид.
Дар натиҷаи татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои 2012 - 2020 шумораи субъектҳои фаъолияти соҳибкории амалкунанда аз 187 ҳазори соли 2012 то 328 ҳазор дар соли 2020 расонда шуд. Дар ин раванд ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 70 фоиз, дар таъмини шуғли аҳолӣ 68 фоиз ва дар пардохти андозҳо 80 фоизро ташкил дод.
Рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат мебошад ва дар даврони истиқлолият ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронда шуд.
Аз ҷумла, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар ҳашт соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ба таври назаррас беҳтар карда, дар натиҷаи ислоҳоти гузарондаи Ҳукумати кишвар, солҳои 2015 ва 2020 Тоҷикистон ду маротиба ба қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил гардид.
Барои содаву осон намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани он, низомҳои «Равзанаи ягона» барои барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, барои бақайдгирии амволи ғайриманқул, инчунин, механизмҳои дигари муосир бо истифодаи технологияҳои электронӣ ҷорӣ гардида, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодаанд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат” вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода, дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва дар бораи “Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025” вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ҳисобот доданд.
Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” - ро муҳокима карданд.
Лоиҳаҳои қонунҳо “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” аз масъалаҳои дигар ва муҳим буданд, ки аз тарафи аъзои Ҳукумат  муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.
Дар анҷоми маҷлис Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои  мубрами  рӯз,  иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тезондани ҷамъоварии беталафи ҳосили шолӣ, маккаи дон, картошка, захираи тухмӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани неруи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулони сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 15934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед