logo

ҳуқуқ

«ХИЁНАТ». ФИЛМЕ, КИ НАФРАТ БА НАҲЗАТИҲОИ ҶИНОЯТПЕШАРО БЕШТАР КАРД

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки чандест тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода мешавад, бори дигар бо ҷузъияти фарогир парда аз рӯи садҳо амали ҷинояткоронаи аъзои ТТЭ ҲНИ бардошт ва бо пешниҳоди далелҳои мушаххас ҷомеаи кишварро дар ростои шинохти комил аз бархӯрдҳои манфиатҷӯёнаи зархаридон қарор дод. Тавре томошобинон медонанд, филм дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода шуда, аз амалҳои ноҷавонмардона ва хунини наҳзатиҳо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нақл мекунад. Таҳиягарон бо пешниҳоди арқоми воқеӣ ба амалҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, ҳаводиси гузаштаро мунсифона тасвир намудаанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир шуури сиёсӣ ва маърифати динии мардум боло рафта, бидуни намоиши силсилафилми мавриди назар ҳам дасисаву ғаразҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва аъзои ҷиноятпешаи онро дарк менамоянд. Аммо намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар зеҳни моро ба амалҳои ноҷавонмардонаи хиёнаткорон мекашад, ки чӣ гуна пайравони ТТЭ ҲНИ бо дастури роҳбарият ва хоҷагони хориҷии худ аз кишвари маълум ба амалҳои нангин, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи шаҳрвандони бегуноҳ, зиёиён, сарбозон ва несту нобуд кардани иншооти давлативу ҷамъиятӣ, даст задаанд. Саҳнаҳои филм нишон медиҳанд, ки амалкарди разилонаю ваҳшиёнаи наҳзатиҳо шояд дар таърихи инсоният собиқа надошта бошад. Бо роҳи зӯрӣ дастдарозӣ намудан ба занону духтарон, маҳрум намудани мардон аз узвҳои ҳаётан муҳим, шиканҷаи сахт, кушторҳои бераҳмонаю гӯшношунид бо усулҳои барои башарият бегона аз ҷумлаи ваҳшониятест, ки ҳеҷ як гурӯҳи золиму террористӣ ҳам дар ҳаққи инсон раво надидааст.
Раҳим Каримов (маъруф бо номи мулло Абдураҳим), собиқ аъзои ТТЭ ҲНИ, дар филм иқрор мекунад, ки қумандонҳои ҳизби террористӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми бегуноҳро гаравгон гирифта, ба ивазаш аз Ҳукумат маблағ талаб мекарданд. Зеро бо ин роҳ иқтидори худро бештар кардан мехостанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз дасти ин қотилони хуношом, асосан, чеҳраҳои саршиноси миллат ба қатл расонда шуданд. Аз ҷумла, дар баробари донишмандону зиёиёни номдори кишвар рӯзноманигорони шинохта - Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Муродулло Шерализода, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Нафасбек Раҳмонов, Зайниддин  Муҳиддин ҳанӯз дар айни камолоти умр бераҳмона кушта шуданд. Мақсади террористони наҳзатӣ нест кардани қудрати зеҳнии миллат ва аз нав пойбанд кардани мардум ба ақидаҳои ҷоҳилонаву вопасгароёнаи онҳо буд.
Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба хотири ҳифзи суботу осоиштагии мардум собиқ аъзои ҲНИ, ҳам ба мансабҳои баланди давлатӣ ҷалб шуданд. Мутаассифона, гузашти солҳо нишон дод, ки аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз амалҳои хиёнаткоронаи худ даст бардоштанӣ нестанд ва арзишҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар баробари манфиатҳои гурӯҳиву шахсии онҳо арзише қоил нест. Ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015, яъне кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ аз ҷониби узви фаъоли ҳизб, собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ А. Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим) далели бебаҳси он аст. Ин фоҷиа бори дигар чашми халқро ба шинохти ҳадафҳои асливу душманонаи ТТЭ ҲНИ боз кард. Қабл аз тарҳу анҷом додани чунин иғвои хунин роҳбарияти ҳизб ва чанд тан аз фаъолони он барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан ба хориҷа фирор карда, дар сояи хоҷагонашон паноҳ бурданд ва чун абзори сиёсӣ ба бозӣ гирифта шудаанд.
Муруре ба шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки наҳзатиҳои террорист бар ивази иғвою тавтеасозӣ ва кӯшиши таъсиргузорӣ ба мафкураи мардум тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, бо сармоягузорони худ ҳисоби хешро баробар созанд. Хушбахтона, ин ҳадафҳои нопокашон пайдарпай хок хӯрда, баръакс нафрати бештари халқи шарафманди тоҷикро, ки замоне аз дасти онҳо хонабардӯш шуда буданд, бештар месозад.
Табиати душманони миллати тоҷик ин аст, ки дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, иду ҷашнҳои миллӣ дасту остин барзада, алайҳи манфиатҳои давлату миллат иғвоангезӣ мекунанд, то ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор карда, суръати рушди кишварро боздоранд. Вале, чун андешаву фикри солим надоранд, дар баробари иродаи роҳбарияти сиёсии кишвар ва мардуми тоҷик шикаст мехӯранд.     
Бо ин вуҷуд, намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» аз забони шахсони воқеӣ, иштирокчиёни бевоситаи равандҳои сиёсӣ ва фирефташудагони доми наҳзатӣ ҷомеаи моро ҳушдор медиҳад, ки даст аз мубориза бо ин бадхоҳон барнадоранд ва ҳеҷ гоҳ аз назарфиребии онҳо ғофил намонанд.   

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 1100
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед