logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ИНШООТИ НАВБУНЁДИ ПОЙТАХТ

Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Шоҳмансур
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муҳташами баландошёнаи истиқоматиро, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Хонаҳо аз як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд ёфтаанд. Сохтмон соли 2017 оғоз ёфта, дар идомаи корҳо зиёда аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.
Зимни сохтмон ба масъалаи сифати маҳсулот ва корҳои анҷомёфта диққати аввалиндараҷа зоҳир шуд. Бинои нав бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, ҳар қисми он бо ду лифти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Дар маҷмӯъ, иншооти мазкур аз шаш қисм иборат мебошад.
Иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” бо сифати баланд бунёд гардида, шаклу намои зебояш ба ҳусни пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе зебоии дигар зам мекунад. Хусусан, намои берунаи бинои истиқоматӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва тарҳи муосиру мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар бинои истиқоматӣ таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна, ки имконияти ғунҷоиши 285 нақлиётро дорад, бунёд ёфта, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили дастрасӣ ба шабакаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ низ таъмин шудааст. Ҳамчунин, дар бинои баландошёна марказҳои хизматрасониву савдо ташкил гардидааст.
Атрофи иншоот бо санъати баланд оро ёфта, майдончаҳои алоҳида барои бозиву дилхушии кӯдакон, дӯстдорони футболу баскетбол бунёд шудаанд. Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назди бино барои машқу тамрини пагоҳирӯзӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ васлу насб гардидаанд, ки аз онҳо сокинон метавонанд истифода баранд. Ҳамчунин, фаввораи зебо ва нишастгоҳҳои замонавӣ дар хизмати сокинон қарор доранд.
Хусусан, саҳни иншоот шомгоҳон зебову дилрабо буда, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон мебошад. Бинои истиқоматӣ низ бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.
Зимни боздид ва суҳбат бо сохтмончиён, Президенти мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имкониятҳои фароҳамовардашуда чораҳои зарурӣ андешида шаванд, то шаҳрвандон дар баробари истиқомат, солиёни зиёд тавонанд аз чунин имконоти замонавӣ истифода баранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
Дар бинои наву замонавӣ 76 корманди ниҳоди мазкур соҳиби хонаи истиқоматӣ гардид. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ, таъмин мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста ва шароити созгори хизмат, барои хизматчиён, афсарони Артиши миллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароитҳои муосири кору зиндагӣ фароҳам оварда мешаванд.
Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 591 хонаи барҳаво идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Роҳандозии муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” 
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Донишро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, ҳуҷраҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзиш, фаввораву соябон ва гулгашт мебошад.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо” буда, маблағи бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муассисаи томактабӣ 118 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуд.
Лоиҳаи иншоот аз тарафи сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пажӯҳишгоҳи илмӣ - лоиҳакашии “Пирамида”, бо ба инобат гирифтани мавқеи ҷойгиршавиаш, ба таври ҷолибу афсонавӣ таҳия гардидааст.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти кӯдакон синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳаз шудаанд.
Ҳар як ошёна барои 8 гурӯҳи кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст. Сохтмони бинои кӯдакистон дар майдони 10 436 метри мураббаъ сурат гирифтааст. Масоҳати иншоот 12 000 метри мураббаъро ташкил дода, ҳар як ошёнаи он аз 2400 метри мураббаъ иборат мебошад.
Дар саҳни кӯдакистон фаввораҳои замонавӣ, майдончаҳои бозии футбол, бозии кӯдакон, соябонҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, таваққуфгоҳи автомобилӣ бо сифати баланду ороиши муосири меъморӣ бунёд ёфтаанд.
Дар таҳхонаи иншоот ошхона, анбор, ҳуҷраҳои санитарӣ, дастурӯшӯии кӯдакон, шустушӯи либосу матоъҳо, дарзмолкунӣ, машваратӣ, мураббиён, 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои ҳавзҳои шиноварӣ, техникию муҳандисии бино ва хоҷагидорӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи якуми бино 8 гурӯҳи алоҳида ҷудо шудааст, ки ба ҳар як гурӯҳ 25 нафар кӯдак рост меояд. Дар ҳар гурӯҳ синфхона барои дарсхонӣ, ҳуҷраҳои бозӣ, хоб, санитарӣ барои мураббиён ва хурдсолон, хӯроктақсимкунӣ сохта шудаанд.
Маркази дилхушии кӯдакон бо таҷҳизоти замонавӣ, ки масоҳаташ 415 метри мураббаъро ташкил медиҳад, дар ошёнаи дуюми кӯдакистон доман густурда, дорои муосиртарин шароит барои фароғати хурдсолон мебошад. Толор барои гузарондани маҷлису чорабиниҳо бо 224 ҷой дар ошёнаи сеюми бинои муассиса бунёд гардидааст.
Дар ошёнаи чоруми муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои кӯдакон синфхонаҳои дарсҳои иловагӣ, китобхонаҳо, ҳуҷраҳои компютерӣ ва дар қисми дигари он толорҳои варзиш, гимнастика, таэквандо, акробатика, расмкашӣ, мусиқӣ ва курсҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Дар сохтмони иншоот 600 нафар бинокор ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият карданд. Дар рафти сохтмон коргарон ба истифодаи маҳсулоти бехатари сохтмонӣ, насби таҷҳизоти муосиртарини огоҳкунанда аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ, инчунин, иҷрои саривақтию босифати корҳо дар иншоот, истифодаи  масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла маҳсулоти ороишӣ ва таҷҳизоту васоили истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бо риояи талаботи шаҳрсозии муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.
Барои ободонии гирду атрофи муассисаи томактабӣ низ корҳои мушаххас амалӣ шудаанд. Дар иншооти нави замонавӣ барои таъмини бехатарӣ 300 таҷҳизоти огоҳкунӣ аз сӯхтор ва 210 камераи мушоҳидавӣ насб гардидаанд.
Барои ободу зебо гардондани саҳн ва атрофи муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” 1160 метри мураббаъ мумфарш, 2545 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардида, 300 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонда шудаанд. Равшаннамоии иншоотро 49 фурӯзонак таъмин мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти муосиру хуштарҳро ба кӯдакони хуштолеи кишвар муборакбод гуфтанд.
Лозим ба таъкид аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар ва беҳтар намудани омодагии томактабии кӯдакону наврасон, бо дарназардошти нишондодҳои Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, яке аз масъалаҳои  мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
Ин аст, ки солҳои охир, дар раванди амалишавии сиёсати созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бунёди иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, аз авлавиятҳои хос бархӯрдор аст.
Давоми солҳои 2017 то 8 моҳи соли 2020 дар шаҳри Душанбе 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 30 932 ҷой дар ду баст бунёд гардидааст. Дар ин давра 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1010 нафар бунёду навсозӣ шудааст.
Айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони 12 муассисаи таълимӣ барои 13900 хонанда ва бунёди 5 муассисаи томактабӣ барои 1350 нафар оғоз шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Татбиқи ҳамаи тадбирҳо дар соҳаи маориф имкон медиҳад, ки сокинони пойтахт аз муосиртарин шароитҳои илму донишандӯзӣ бархӯрдор гарданд.

Баистифодадиҳии маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ маркази таълимии “Пойтахт” - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази таълимии “Пойтахт” барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Масоҳати маркази таълимии “Пойтахт” 2 гектарро ташкил дода, сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 оғоз гардид. Дар марказ барои бозомӯзии 400 нафар корманду мутахассис дар як вақт шароити муосир муҳайё гаштааст. Марказ аз як бинои дуошёна ва биноҳои якошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ ва дастгоҳҳои махсус таъмин мебошад. Бино дорои қариб 20 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ мебошад, ки мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафта ба курсантон ва дигар шунавандагони курсҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ, меомӯзонанд.
Раванди таълим дар марказ тавассути тахтаҳои электронӣ ва дигар технологияи пешрафта ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонда мешаванд, ки ин яке аз бартариятҳои он ба шумор меравад. 
Ҳуҷраҳои дарсӣ, машқгоҳҳо, меҳмонхона барои 100 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ аз имкониятҳои марказ барои бозомӯзии хизматчиён мебошанд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои муосири таълим дар марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат дастуру супоришҳо доданд.
Дар маркази таълимӣ ҷиҳати ба машқу тамрин машғул шудани афсарону сарбозон ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ толори варзиш  бунёд гардидааст, ки бо лавозимоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бо назардошти дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намудани сарбозону курсантон дар бинои навбунёд осорхона бо номи “Толори сабақи ватандорӣ” ташкил шудааст, ки онҳо метавонанд ҳангоми фориғ аз машғулиятҳо аз таърихи ташаккули Қӯшунҳои сарҳадӣ  ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат воқиф гарданд.
Маркази таълимии “Пойтахт” ба ғайр аз бинои таълимӣ боз дорои фермаи парандапарварӣ мебошад, ки дар он 7 намуди паранда бо саршумори 2500 адад парвариш меёбад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 1591
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед