logo

ҳуқуқ

МУСТАНАДИ «ХИЁНАТ» ФИЛМИ МУТТАҲИДСОЗ

Чанде пеш тариқи шабакаи телевизиони «Синамо» филми мустанади пурмуҳтавоеро бо номи «Хиёнат» дар бораи ТТЭ ҲНИ ва пайравони он тамошо кардам. Дар ҳақиқат факту далелҳои он бори дигар чеҳраи аслии ин ҳизб ва роҳбаронашро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинос намуд. Пас аз тамошои филм ба хулосае омадам, ки чӣ гуна метавон ин қадар факту далел ва шоҳидони амалҳои анҷомдодаи ТТЭ ҲНИ-ро нодида гирифт. Намоиши чунин филмҳо, бешак, аз ватандӯстию меҳанпарастии шахсоне, ки онро таҳия намудаанд, шаҳодат медиҳад.
Пас аз овардани чунин делелҳо, ки ТТЭ ҲНИ ба ҳамаи он ҷавобгар аст, кас наметавонад ба ҳизби мамнӯи мазкур ва баъзе кишварҳои пуштибони он назари некбинона дошта бошад. Эътимоди комил дорам, ки баъд аз тамошои ин филм миллати тоҷик бори дигар дарк хоҳад кард, ки аъзои ТТЭ ҲНИ киҳо ҳастанд ва мақсади кишварҳои пуштибони онҳо аз чи иборат будааст.
Ҷойи таассуф аст, ки ҳамаи ин аъмоли хиёнаткоронаи назҳатиёнро баъзе созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нодида гирифтаанд. Дар ҳоле, ки барои исботи ташкилоти террористӣ будани ҲНИ аз ин зиёд далел дигар лозим ҳам нест. Филми мазкур рӯйхати пурра, далелҳои муътамади қатлу куштор ва вайронкориҳои ин ҳизбро нишон медиҳад. Далелҳои дар филм овардашуда вақт, макони ҳодиса ва тарзи иҷрои онро тасдиқ намуда, инкори фактҳои овардаи муаллифон ғайри қобили қабул мебошад.
Бо вуҷуди ин, наҳзатиҳо то ҳол мехоҳанд бо истифода аз тамоми воситаҳо, ҳатто аз пандемияи коронавирус - вабою мусибате, ки на танҳо Тоҷикистон, балки гиребони тамоми кишварҳои ҷаҳонро гирифта, баъзе абарқудратҳоро ба «зону шинондааст», фазои ободу озоди Тоҷикистонро ноором сохта, нақшаҳои бадхоҳонаи хоҷагонашонро дар кишвари мо пиёда созанд.
Аммо бори каҷ ба манзил намерасад. Тамоми мардуми кишвар чеҳраи воқеии онҳоро тариқи наворҳои филми «Хиёнат» диданд. Мо бовар бар он дорем, ки пеши роҳи тараққиёти кишварамонро дигар ҳеҷ кас гирифта наметавонад ва бадхоҳони миллату давлати мо, ба мисли ТТЭ ҲНИ, ҳеҷ гоҳ ба орзуҳои шумашон нахоҳанд расид.
Мардуми Тоҷикистон дигар мисли солҳои 90-уми асри гузашта аз воқеаҳои дунё ноогоҳ нестанд, мо дигар ба дасисаҳои душманон дода нахоҳем шуд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 536
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед