logo

фарҳанг

ОТАШИ ИШҚ

Беш аз 800 сол пеш дар оилаи маъруфтарин шахсият, хатиби бузург, воизи овозадор ва мударриси номдор, султонуламои Балх- Баҳоуддин Валад кӯдаке чашм ба олам кушуд, ки худ олам баъд ба он ифтихор кард ва ин ифтихор, то ишқу маърифат боқист, бо ӯ мемонад. Муҳаммад номаш ниҳоданд ва барои такриму таҷлил Ҷалолуддинаш хонданд. Падар аз муҳаббате, ки бо ӯ дошт, Худовандгораш мегуфт ва ҳам дар асл баъд Худовандгори таърих гардид.
Ҳанӯз хурд буд, ки ҳамроҳи падари бузургвораш ба дидор ва зиёрати Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ расид. Шайх аз рӯи муҳаббат маснавии "Асрорнома"-и худро бар ин фарзанди хурдсоли Султонуламои Балх тақдим мекунад ва бо хитоб ба падари ӯ мегӯяд: "Ба зудӣ ин кӯдак оташ дар сӯхтагони олам хоҳад зад ва шӯру ғавғое дар байни роҳравони тариқат ба вуҷуд хоҳад овард".
Ва замон, ҳақиқати гуфтаҳои ин пири маърифатро собит сохт.
Чун ба камолот расид, ӯ ҳама аз ишқ мегуфт ва таъкид медошт, ки «ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод»! Дуоест нек ва мақбулшуда. Ҷуз ошиқ, охир ҳама нест мешавад, зеро ӯ пеш аз он, ки ҳаст гардад ва ҷовидон бимонад, нест шудааст.
Ва ин ишқ, ки Мавлоно тараннумаш кардааст, ба худ аз забони ишқ мегӯяд, ҳаргиз ба шаҳват реша надорад. Дар ҳақиқат, онро натиҷаи дониш медонад. Аз маърифат кас роҳ ба ин олами зебову дилрабо мебарад:
Ин муҳаббат ҳам натиҷайи дониш аст,
Кай газофа бар чунин тахте нишаст?
Дониши ноқис куҷо ин ишқ зод?
Ишқ зояд ноқис, аммо бар ҷимод…
Дониши ноқис надонад фарқро,
Лоҷарам хуршед донад барқро.
Аз Мавлоно пурсиданд, ки ошиқӣ чист? Гуфт: Замоне ки чун мо шавӣ, бидонӣ. Ва кӣ метавонад чун Мавлоно биёяд ва эҳсос бикунад, бидонад, ки ишқ чисту ошиқӣ чист?
Ба шарҳи ишқаш, ба шарҳи ошиқияш ва ҳам ҳар чӣ зодаи он буд, бузургтарин шахсиятҳои таърихи башар тафсир навиштанд. Дар он миён Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ ҳастанд. Ва он ҳама бад-ин натиҷа расиданд, ки «фурсати хуш бояду умри дароз», ки аз он ва ҳол шаммае боз бигӯянд. Оё метавон оби баҳрро дар кӯзае рехт ва гунҷоиш дод? «Чанд резӣ? Қисмати якрӯзае.»
Мавлоно аст, ки боз барои бехабарон ва ҳам ононе, ки аз ин асрори Илоҳӣ андак огоҳ шудаанд, ба дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, иброз медорад:
Чу ишқро ту надонӣ, бипурс аз шабҳо,
Бипурс аз рухи зарду зи  хушкии лабҳо.
Аммо шаб ва рухи зарду хушкии лабҳо ба ин пурсиш метавонанд посух бидиҳанд? Ва ин қудрат, ин неруро доранд? Охир, қаламе, ки андар навиштан мешитофт, чун ба ишқ омад, қалам бар худ шикофтааст.
Зардрӯ буд Мавлоно ва ин рангро дӯст медошт, чун сифати ошиқи асил буд. Ва ҳам чун маъшуқ онро мехост.
Зардии рӯ беҳтарини рангҳост,
З-он ки андар интизори он лиқост.
Чи басо касон ба сурхии рӯ ифтихор доштанд ва гӯиё дар посух ба онон Мавлоно фармуда:
Говро ранг аз буруну мардро
Аз дарун дон ранги сурху зардро.
Агар ёр бар ӯ ҳама ҷафо мекарда, онро хуш мепазируфтааст. Вафоро бар ёр, ки воҷиб намедонад:
Бар шоҳи хубрӯён воҷиб вафо набошад,
Эй зардрӯи ошиқ, ту сабр кун, вафо кун.
Ӯ бо ҷигари пора вафо кард ва ҷуз вафо кореро дигар намедонист.
Аз мо рухи зарду ҷигари пора талаб,
Бозорчаи қассабфурӯшон дигар аст.
Миллати ин ошиқи содиқ аз ҳама миллатҳо ҷудо ва барояш ишқ устурлоби асрори Худо буд. Аз пайи ранг ишқ намеварзид ва барои ҳидояти дигарон мегуфт:
Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.
Бори ишқ бас гарон аст ва бар дил бурдани он на осон аст. Ӯ чун ошиқ, яъне дар бехудӣ аз ин ишқ, аз он маъшуқ чӣ мехоҳад?
Бехуд шудаам, лекин бехудтар аз ин хоҳам,
Бо чашми ту мегӯям, ман маст чунин хоҳам.
Ман тоҷ намехоҳам, ман тахт намехоҳам,
Дар хидматат афтода бар рӯи замин хоҳам.
Чун бори аввал бо Шамси Табрез дар Қуния рӯ ба рӯ омад, ин муҳовара миёни онон сурат гирифт:
Шамс: Ғараз аз муҷоҳада ва донистани улум чист?
Мавлоно: Равиши суннат ва одоби шариат аст.
Шамс: Ин худ зоҳир аст.
Мавлоно: Варои он чист?
Шамс: Илм он аст, ки туро ба маълум расонад ва ба шоҳроҳи ҳақиқат кашонад. Ва ин байти Ҳаким Саноӣ бархонд:
Илм, к-аз ту туро набистонад,
Ҷаҳл аз он илм беҳ бувад бисёр.
Илм ӯро оқибат аз ӯ ситонид ва низ чун ҳиҷоби ақл бар ҳам дарид ва аслро дарёфт, ишқ варзид, то ба васл расид. Оре, аз илм, ончунон ки дархости Шамсиддини Табрезӣ буд, ба маълум пайваст:
Мо оташи ишқем, ки дар мум расидем.
Чун шамъ ба парвонаи мазлум расидем.
Як ҳамлаи мардонаи мастона бикардем,
То илм бидодему ба маълум расидем.
Ӯро, ки Ҳақ аз майи ишқ офарида, шӯрида ва мастона, аммо ба ҳақиқат мегӯяд:
Зи хоки ман агар гандум барояд,
Аз он гар нон пазӣ, мастӣ физояд.
Хамиру нонбо девона гарданд,
Танӯраш байти мастона сарояд.
Агар бар гӯри ман оӣ зиёрат,
Туро харпуштаам рақсон намояд.
Маё бе даф ба гӯри ман, бародар,
Ки дар базми Худо ғамгин нашояд.
Танҳо ошиқе чун Мавлонои Балх ва Рум метавонад ба бародарон ва дилдодагон хитоб бикунад ва ҳақиқатеро бигӯяд, ки баъд он ошкор мешаваду ба ҷовидон мемонад. Ӯ мегуфт, ки ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар тухм намекорем ва бояд олам ҳама меҳр бошад, ҳама ишқ бошад.
Биҷӯшед, биҷӯшед, ки мо баҳри шиорем,
Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз ишқ дигар кор надорем.
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок
Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз меҳр дигар тухм накорем.
Ӯ омад ва моро ба мо ва ҳам ба он ёр ошно сохт. Ӯ омад ва дар ин мазрааи пок ҳама тухми ишқ, ҳама тухми меҳр корид. Ӯ омад ва моро роҳ нишон доду ҳодӣ шуд. Ӯ омад ва моро шараф бахшиду эътибор. Рӯзи ӯ бояд як рӯзи ҳастии мо, як рӯзи бедории мо ва ҷашни пойдории мо бояд бошад. Ва ин ҷашнро бар ҳама муборакбод бояд бигӯем.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед