иқтисод
КӢ ВА ЧАРО АНДОЗ НАМЕСУПОРАД?
Ҳадафи асосии сиёсати андоз ва буҷет истифодаи пурсамари маблағҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. Аммо, мутаассифона, масъулони баъзе корхонаю муассисаҳо муҳимияти масъаларо ба инобат нагирифта, дар супурдани андозҳои давлатӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Чунончи, дар мисоли шаҳри Бохтар, корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ дар назди нозироти андози шаҳр қариб 15 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин ноҷӯрӣ сабаби дар муҳлати муайяншуда иҷро нагардидани қисми даромади буҷети шаҳр шудааст.
Иззатулло Мансурзода, раиси нозироти андози шаҳри Бохтар, мегӯяд, ки, дар маҷмӯъ мутасаддиёни 16 ташкилоту корхонаи шаҳр чунин каммасъулият ҳастанд. - Ширкати «Левакант-М», ки самти фаъолияташ истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, бо сабаби аз соли 2016 то кунун нагузарондани ягон амалиёт, ё худ кор накардан ва баста будани суратҳисобҳояш ягон сомонӣ пардохт намекунад. Бақияи қарзаш ба 2 миллиону 188 ҳазор сомонӣ расидааст.
Як ширкати хитоӣ, ки роҳҳои дохили шаҳрро мумфарш мекард, бо вуҷуди дар ҳаҷми 20 миллион сомонӣ иҷро кардани корҳои пешбинишуда, ба нозироти андози шаҳр ҳисобот пешниҳод накарда, давоми солҳои 2019 – 2020 ҳамагӣ як бор дар ҳаҷми 28 ҳазор сомонӣ андози давлатӣ супурдаасту халос.
Ба таъкиди Иззатулло Мансурзода, КФБ «Бохтаргаз» (қариб 10 миллион сомонӣ), КФД байниноҳиявии обу корез (наздики 3 миллион), КФД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (295 ҳазор), КФД «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ» (614 ҳазор), КФД таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилии шаҳр (151 ҳазор), КТ «Нуриддини Абӯбакр» (49 ҳазор), Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат (234 ҳазор), КФД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» (55 ҳазор), ҶСК «Комбинати шири шаҳри Бохтар» (199 ҳазор), ҶДММ «Меҳровари Қӯрғонтеппа» (64 ҳазор), ҶДММ «Бурс» (28 ҳазор), КДК «Маркази дастгирии кишоварзии вилояти Хатлон» (94 ҳазор) сомонӣ, филиали муассисаи давлатии илмии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (94 ҳазор), раёсати истифодабарии оби нӯшокии вилояти Хатлони муассисаи давлатии сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» (83 ҳазор), маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ (28 ҳазор) ва филиали Кооперативи истеҳсолии «Серғайрат» (45 ҳазору 249 сомонӣ) қарзи андоз доранд.
Сабаби сари вақт пардохт накардани андозҳои давлатиро ҳар масъули корхонаву идораҳои қарздор ба таври худ шарҳ медиҳад.
Абдукарим Яров, роҳбари КДФ байниноҳиявии обу корези шаҳр, онро ба қисман пардохт нашудани ҳаққи истифодаи об аз ҷониби муштариён рабт дод.
Ба гуфтаи Саид Ниёзмаҳмад, сарвари муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар, аз сабаби дар давраи авҷи бемории сироятии коронавирус дар таътил қарор доштани хонандагон ва қарздории онҳо аз ҳаққи таҳсил, ки наздики 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, маъмурияти литсей муваққатан андозҳоро супурда натавонистааст.
Сармуҳосиби КФД таъмиру истифодабарии иншоотҳои манзилии шаҳр Бобоалӣ Барфиев омилҳои пайдоиши қарзро аз зудҳангом ҷамъоварӣ нашудани ҳаққи хизматрасонӣ аз муштариён ва ҷудо нашудани маблағ аз буҷети шаҳр медонад. – Вақте мо муроҷиат мекунем, мегӯянд, ки «дигар пул нест!». Аз ин рӯ, мо фақат музди меҳнатро пардохт карда метавонем.
Давлатзода Тоҷиддин, директори КФД «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ», иброз дошт, ки қарзро дар давоми як сол пурра ҳисобӣ хоҳанд кард.
Ба ҳар сурат, мутасаддиёнро зарур аст, ки новобаста аз мушкилоти дохилиидоравиашон маблағҳои андозҳои давлатиро дар кӯтоҳтарин фурсат ба таври комил пардохт кунанд. Зеро аз ин ҳисоб рушди ботадриҷи соҳаҳои буҷетӣ таъмин гардида, сохтусоз бо нафаси тоза идома меёбад ва музди маошу нафақапулии шаҳрвандон бе каму кост пардохт мешавад.
Зокир ҲАСАН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2020 №: 190 Мутолиа карданд: 563