logo

сиёсат

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АБДУЛЛОЕВ МИРОҶ САНОНОВИЧ, КИ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШНИҲОД ШУДААСТ

Барномаи пешазинтихоботии ҲКТ мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи барномаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, омӯзиши давраҳои давлатдории шӯравӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, бахусус кишварҳое, ки роҳи инкишофи сотсиалистиро интихоб кардаанд, таҳия гардида, ба Анҷумани ХХХV ғайринавбатии ҳизб пешниҳод шудааст.

ҲАДАФИ АСОСИИ БАРНОМА
Пеш гирифтани роҳи сотсиалистии бунёди ҷомеаи адолати иҷтимоӣ, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои меҳнаткашон буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намуда, шароити шоистаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву маънавиро барои зиндагии арзандаи заҳматкашон фароҳам меорад.
Принсипи мо: «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ» мебошад, ки асоси адолати иҷтимоиро таъмин менамояд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ҳалли вазифаҳои зерин ҳатмист:

1. ДАР СОҲАИ СИЁСӢ
Бо эътимод ба соҳибистиқлолии давлатӣ ва бо мақсади эҷоди зиндагии шоиста ба ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ:
- пеш гирифтани роҳи сотсиалистии тараққиёт ба таври осоишта  ва таъмини сулҳу субот;
- барқарор кардани ҳокимияти меҳнаткашон дар шакли шӯроҳо ва шаклҳои дигари худидоракунии халқӣ;
- барқарор кардани мақомоти назорати ҷамъиятӣ, ҷалби васеи меҳнаткашон дар идоракунии давлат, ҳимояи ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ;
- ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, артиши миллӣ, системаи судӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи беамон алайҳи ришвахӯрӣ, фасод, амалҳои мафиозӣ, ҷинояткорӣ, маҳалгароӣ ва дигар қонуншиканиҳо;
- таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи меъёрҳои умумибашарӣ, фаъолияти озоди ҳизбу ҳаракатҳои мардумӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
-таҳкими истиқлолият ва амнияти кишвар дар заминаи эҳёи захираҳои тоза ба тозаи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва эҷоди низоми ягонаи мудофиа ва амният.

2. ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ МИЛЛӢ:
- тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, инкишофи шуур ва фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳаматарафаи сиёсию тахассусии кадрҳо, ки маҳалгароӣ ва қавмпарастиро истисно намояд, ҳамоҳанг намудани сатҳи инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, бахусус деҳот;
- таъмини  ваҳдати миллӣ дар асоси принсипҳои адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ, дӯстии халқҳо, муносибати боэҳтиромона ба суннатҳои анъанавӣ ва фарҳангии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои иштироки  онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар;
- ташаккули синфи коргару деҳқони муосири миллӣ ҳамчун баёнгари муносибатҳои иҷтимоии сотсиалистӣ.

3. ДАР СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ
Барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо роҳи самаранок истифодабарӣ аз захираҳои гидроэнергетикӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, анҷом додани сохтмони НБО ‘Роғун, сохтмони роҳу пулҳо, ки ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона амалӣ намуда истодааст, давом дода мешавад. Дар ин самт ба давлатӣ  будани моликият афзалият дода шавад.
Дар назар аст, ки дар баробари мавҷудияти моликияти давлатӣ, коллективӣ ва шаклҳои дигари моликияти ҷамъиятӣ  ба давлатӣ будани воситаҳои истеҳсолот дар иқтисодиёт афзалият дода шавад. Ҳамзамон:
- ҳамоҳангсозии шаклҳои хоҷагидории давлатӣ, коллективӣ, инфиродӣ ва хусусӣ бо роҳи банақшагирӣ ва танзими огоҳонаи муносибатҳои бозоргонӣ;
- ташкили мунтазами муҳокимаи умумихалқии лоиҳаҳои қонунҳои ҳаётан муҳим оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;
- ҷорӣ намудани назорат оид ба фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои молию қарзӣ, захираҳои моддӣ ва рушди иқтисодӣ;
- дастгирии субъектҳои хоҷагидорие, ки шакли хоҷагидориашонро тағйир дода, барои рушди истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат намуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда, технологияи навро ҷорӣ ва таъмини самараноки истеҳсолотро ба роҳ мондаанд;
-таҳлили натиҷаи хусусигардонии моликияти давлатию ҷамъиятӣ ва баргардондани моликияте, ки ғайриқонунӣ хусусӣ гардонда шудаанд ва аз фаъолият монда, мавриди истифодаи самаранок нагаштаанд;
- риояи қатъии талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моликияти истисноии давлатӣ будани замин ва захираҳои табиӣ, татбиқи амалияи  ба иҷора додани замин, танзими давлатии истеҳсолот, бахусус истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, мутобиқ ба талаботи бозори истеъмолӣ  ва ба ин васила таъмини  пурраи истиқлолияти озуқаворӣ;
- аҳамияти аввалиндараҷа додан ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, дар асосҳои шартномавӣ ташкил намудани хариди давлатии молу маҳсулоти ватанӣ;
-таъсиси мақоми давлатӣ ва ғайридавлатие, ки кафолати таъмини сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётиро бо нархҳои дастрас бе миёнаравҳо ба уҳда дошта бошанд;
- таҳия ва амалӣ гардондани барномаҳои пешгирӣ кардани биёбоншавӣ, бодлесӣ ва ботлоқшавии заминҳои кишоварзӣ;
-назорати қатъӣ оид ба истифодаи мақсаднок ва самараноки заминҳои корам, махсусан обӣ ва роҳ надодан барои истифодаи ғайриистеҳсолӣ;
- беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоии деҳот бо назардошти он ки шаҳрвандон ҷои истиқомати худро тарк накунанд;
- инкишоф додани туризм дар тамоми минтақаҳои кишвар;
- тақвият додани фаъолияти самараноки институтҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва эҳёи хоҷагиҳои таҷрибавии тухмипарварию зотпарварӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо.

4. ДАР СОҲАИ ИҶТИМОӢ:
- амалӣ намудани барномаҳои шуғли аҳолӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳайё сохтани шароит барои назорат оид ба пардохти музди кор, нафақа, кумакпулӣ ва стипендия мувофиқ ба таъмини ҳадди ақали воқеии зиндагӣ;
- дастгирии доимии давлатии оила, модару кӯдак, маъюбон, нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат ва бунёди муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, маданӣ - маърифатӣ ва варзишӣ, таҳияи барномаҳои беҳдошти саломатии аҳолӣ ва дарозумрии он;
- дар амал ҷорӣ намудани таълими бепул ва хизматрасонии ройгони тандурустӣ ба аҳолӣ, замонат ба ҷои кор, таъмин намудани мутахассисони ҷавон ба кор пас аз гирифтани ихтисос ва дастрасии онҳо ба гирифтани манзили истиқоматӣ;
- ташкили шароити муътадили зиндагӣ барои хизматчиёни давлатӣ, кормандони илм ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи фаъолият ва баъди ба нафақа рафтани онҳо;
- барқарор намудани имтиёзҳо оид ба пардохти истифодаи барқ, газ ва дигар хизматрасониҳо ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони садамаи Чернобил ва дигар хизматчиёни ба онҳо баробар кардашуда;
- таҳияи барнома барои ривоҷ бахшидани сохтмони манзили истиқоматӣ ва таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон тавассути додани қарзҳои дарозмуддат, то ин ки ҳар як оила тавонад дар давоми 7-10 соли оянда соҳиби хонаи истиқоматӣ гардад.
Шиори мо дар ин самт: «Дар ҷомеа шахси камбизоат ва бе сарпаноҳ набояд бошад!».

5. ДАР СОҲАИ МАЪНАВИЁТ:
- эҳёи боварӣ барои зиндагии шоистаи инсон, ташаккули шуури ҷамъиятӣ, ки афзалияти манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро бар манфиатҳои шахсӣ эътироф намуда, дӯстии тамоми миллатҳо ва халқиятҳо, аъзои ҷомеаро  мустаҳкам  карда, ба рушди муътадили ахлоқӣ,  эстетикӣ ва маънавӣ  асоси воқеӣ мегузорад;
- истифодаи арзишҳои маънавии таърихии миллӣ ва замони шӯравӣ, даврони соҳибистиқлолӣ ва динӣ дар ташаккули ахлоқи  ҷомеа, боло бурдани  шуури ҳуқуқии  шаҳрвандон, вусъати демократия, озодӣ, баҳри бунёди ҷомеи демократию ҳуқуқбунёд дар шароити гуногунандешию  бисёрҳизбӣ;
- тарбияи ҷавонон дар рӯҳи коллективизм, ватанпарастӣ, интернатсионализм, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростгӯйӣ, таҳаммул ва ёрии ҳамдигарӣ, оштинопазирӣ нисбат ба бадахлоқӣ, бюрократизм, порахӯрӣ, фасод, маҳалгароӣ ва дигар омилҳои номатлубу барои ҷомеа зараровар;
-  мақсади мо дар муносибат ба дин чунин хоҳад, буд: «Дин аз давлат  ва масҷид  аз мактаб ҷудо бояд бошад». Дар баробари ин, эҳтироми эътиқоди динии шаҳрвандонро риоя кардан ҳатмӣ буда, диндорон бояд ба корҳои давлатӣ дахолат накунанд. Онҳо низ бояд ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ шуғл варзанд ва аз ҳисоби даромадашон зиндагӣ намоянд;
- наздик намудани шароити зиндагии мардуми деҳот ба шаҳр бо роҳи таъмин намудани ҷойҳои  корӣ дар деҳот ва ба ин васила коҳиш додани кӯчбандии  аҳолӣ  аз деҳот ба шаҳр ва хориҷи кишвар;
- барномаи махсус барои ҳалли масъалаи бо манзили дастрас таъмин намудани шаҳрвандон бояд аз ҳисоби қарзҳои дарозмуддат ва ипотека таҳия ва қабул карда шавад, то ки  дар давоми ҳафт  сол аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба оилаҳои серфарзанд, ки  дар маҳали зисташон барои  гирифтани манзил ниёз доранд, бо навбат хона дода шавад ва ё замин барои  сохтмони манзил ҷудо карда шавад.

6. ИСЛОҲОТИ ИДОРАКУНӢ
Бо роҳи ислоҳоти конститутсионӣ:
- кам кардани теъдоди мақомоти назораткунанда ва барҳам додани мақомоти миёнрави муфтхӯр;
- ҷорӣ  намудани ҳукумати электронӣ, решакан кардани ришвахӯрӣ  дар мақомоти  идоракунӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа;
- такмил додани сиёсати кадрӣ, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва  ҷаҳонбинии кадрҳо,  интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо;
- баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
- бештар ҷалб намудани занон ба корҳои мақомоти роҳбарияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

7. ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ИСЛОҲОТИ СУДИЮ ҲУҚУҚӢ:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳамчун омили асосии кафолати пешрафти ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд;
- мустаҳкам намудани мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар ҷомеа;
- муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ, коррупсия ва ришвахӯрӣ.  Бо ин мақсад ҷорӣ намудани таҷрибаи интихобӣ будани  судяҳо ва таъмини шаффофияти фаъолияти онҳо;
- ҷорӣ кардани хизмати адвокатураи давлатии ройгон барои ҳифзи ҳуқуқҳои айбдоршавандагон.

8. ДАР САМТИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ:
- инкишоф додани равандҳои интегратсияи иқтисодӣ дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, барҳам додани монеаҳои сунъии зараровар дар ин самт;
- ҳамкории самаранок бо созмонҳои байналмилалие, ки дар онҳо манфиатҳои кишвари соҳибистиқлоли мо ҳифз мешаванд;
- ривоҷ додани муносибатҳои неки ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳои бо мо дӯсту ҳамсоя.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2020    №: 191    Мутолиа карданд: 554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед