logo

ҳуқуқ

УМРИ ХОИН НАБОШАД ДАРОЗ Ё ЧАНД САБАҚИ ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

Дар ҳама давру замон ва миёни ҳама қавму миллат хиёнат ба Ватан – зодбуме, ки дар он чашм ба олами ҳастӣ мекушоӣ ва дар домани покаш ба камол мерасӣ, гуноҳест кабиру афвнопазир.

Як саҳнае, ки  бо чашми худ дидаам, то ҳол аз лавҳи хотирам зудуда намешавад. Соли 1983 мо чанд донишҷӯи гурӯҳи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) баъди хатми курси чор ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ ба Либия фиристоданд. Мутахассисони шӯравӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, ки берун аз шаҳри Тобрук дар биёбон воқеъ гардида буданд, ба аскарону афсарони араб тарзи истифодаи техникаи ҳарбиро меомӯзонданд. Рӯзе зимни бозгашт дар майдони марказии шаҳр издиҳоми мардумро дида, аз мусофирбар пиёда шудем, зеро аз он ҷо то меҳмонхонае, ки сукунат доштем, он қадар дур набуд. Ҷавонеро бо дастони баста дидем, ки панҷ - шаш пулис нигаҳбонӣ мекард. Мардуми атроф “хоин” ва “малъун” - гӯён бо мушт таҳдиду нафринаш мекарданд. Чанде нагузашта мошини боркаше омаду аз он дореро фуроварданд. Намояндаи маҳкама тавассути садоафзо ҳукми қатлашро барои хиёнат ба Ватан хонд. Ғиреви ҳозирон баромад. Дидагонаш  бо латтае баста, ба дор кашиданд.
Маълум шуд, ки чанд сол қабл як гурӯҳ донишҷӯёнро  барои таҳсил ба яке аз давлатҳои абарқудрат фиристоданд. Дар натиҷаи “мағзшӯӣ” ба доми фиреби хоҷагони хориҷӣ афтода, баъди бозгашт ба аъмоли зишти террористӣ чун ба таркондани корхонаҳои нафт,  бозору нақлиёт даст задаанд, ки боиси ҳалокати садҳо одамони бегуноҳ гардид. Ҳар кадоми ин гурӯҳи панҷнафараро дар зодгоҳаш ба дор кашиданд: хоин ҳаққи нафас аз ҳавои Ватан надорад!
Мардуми шарифи Тоҷикистон кирдорҳои ваҳшиёнаи наҳзатиёну думравонашонро, ки худро “ҳомиёни дини ислом” метарошиданд, ҳеҷ гоҳ на фаромӯш мекунад, на мебахшад. Ростӣ, дидани  филми “Хиёнат” агар аз як тараф ҳамон ҷароҳатҳоеро, ки ин зархаридони хориҷӣ солҳои навадум ба қалби мардуми тоҷик расондаанд, тоза кунад,  аз тарафи дигар,  пеш аз ҳама, ҷавононро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанду ба доми фиреби ин гуна хоинони ватанфурӯш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии Ватани азизамон халале ворид шавад. Наҳзатиён барои расидан ба аҳдофу манофеи ифлоси гурӯҳиашон аз номи  дини ислом суиистифода намуда, ба қавли Лоҳутӣ “гург дар ҷомаи меш” даст ба куштор заданд. Мутаассифона, Ҳукумати фалаҷшудаи вақти кишвар натавонист пеши роҳашонро бигирад. Кирдори зишту разилонаи онҳо ин фармудаи Ҳофизи Шерозиро ба хотир меовард:
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар
мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар
мекунанд.

Зиёда аз ин, силоҳбадастони хуношоми ТТЭ ҲНИ  дар Тоҷикистон ҳазорҳо аҳолии осоиштаро бо ваҳшонияти гӯшношунид ба қатл расонда, чандин деҳоту навоҳиро ба хок яксон сохтанд, молу мулки давлату халқро ба яғмо бурданд. Оё дине, хосса дини мубини Ислом ҳадисе, ояе ба таҳрики қатлу куштори мардуми осоишта, шиканҷаи занону кӯдакон ва пирони барҷомонда дорад?! Ягон дину оин ва қавму миллат намефармояд, ки кабиру сағирро эъдом намоянд, масҷиду ибодатхонаҳоро оташ зананд ё тарконанд. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки хиёнат ба арзишҳои муқаддаси ватандорӣ бахшиданӣ нест ва ин кори зишт аз назари мардум ҳаргиз пинҳон нахоҳад монд. Чунончӣ шоир мефармояд:
Хиёнат ба Меҳан намонад чу роз,
Вале умри хоин набошад дароз.
Филми мустанади “Хиёнат” моро ҳушдор месозад, ки сулҳу ваҳдат, ободиву оромӣ ва шукуфоии кишвар бо чи ҷонбозиҳо ба даст омадаасту онро чун гавҳараки чашм ва ба қимати ҷон ҳифз намоем. Таърих бар дӯши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ниҳоят мушкилу мураккабро гузошт. Яъне, пеш аз ҳама, хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардондани фирориён, таъмини ваҳдату ягонагии ҳамаи сокинони Тоҷикистон, нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ. Ва ин фарзанди ҷоннисори миллат ин ҳамаро бо такя ба халқаш ноил гаштанд. Аз баракати талошҳои қариб сисолаи воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон осмони диёрамон мусаффосту рӯзгорамон ободу осуда. Барои ҳимояи чунин Ватани ободу ҳаёти гуворо бояд ҳар яки мо ҳамеша ба ҷон омода бошем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем худро фарзанди содиқи он хонем.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2020    №: 192    Мутолиа карданд: 733
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед