logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва гимназияи хусусии «Ҳиммат»
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва гимназияи хусусии “Ҳиммат” - ро, ки дар деҳаи Гулпарвари деҳоти Чимтеппа ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва гимназияи хусусии “Ҳиммат” аз ҷониби соҳибкор Саидҷалол Ғайратов моҳи январи соли 2020 дар масоҳати 0,24 гектар бо харҷи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом дода шуд.
Бинои навбунёди гимназия аз 3 ошёна иборат буда, бо муҳайё кардани 40 ҷойи кории нав ва дар як баст бо фарогирии то 500 нафар хонанда ба таҳсил пешбинӣ шуда, дорои 34 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо муосиртарин асбобу аёнияти хониш, ду ҳуҷраи кории ҳайати омӯзгорон ва толори барҳавои варзиш буда, барои хонандагон шароити арзандаи таҳсил фароҳам мебошад.
Муассисаи томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак бунёд гардидааст, ки дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад. Синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи хоб, толори бозӣ ва ҳуҷраи машғулияти кӯдакон мутобиқ ба завқу инкишофи тафаккури кӯдакон ҷиҳозонда шуда, барои онҳо воситаҳои дилхушӣ низ муҳайё мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар ин муассисаи томактабӣ  баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба тарбияи кӯдакон  ва омодасозии томактабии онҳо таваҷҷуҳи  бештар зоҳир намоянд.
Пешвои миллат зимни суҳбати озоду самимӣ бо хонандагон таъкид намуданд, ки ҳарчи бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири компютерӣ рӯй оварда, донишу малакаи хешро беш аз ҳар вақти дигар сайқал диҳанд.
Дар иртибот ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш  ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар  соҳаи илму маориф” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд,  ки дар ин самт бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешанд.
Барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва гимназияи хусусии “Ҳиммат” омӯзгорон ва мураббияҳои соҳибтаҷриба ҷалб гардида, ҷараёни донишандӯзӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 муассисаи нави таълимӣ, 104 синфхонаи иловагӣ бо 6,5 ҳазор ҷойи нишаст ва 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 2376 нафар кӯдак мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Баистифодадиҳии гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии «Отаҷон»
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” - ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида буд, ба истифода супурданд.
Гармхона аз ҷониби соҳибкор Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,4 гектар бунёд гашта, 20 сокин бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Дар гармхона сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усулҳои муосир парвариш карда мешаванд. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ болопӯш ва атрофи он кушода хоҳанд шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат дар ин самт, ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза саҳми фаъол доранд.
Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” дар ин гармхонаи замонавӣ бо истифода аз имконоти мавҷуда парвариши сабзавоти барвақтиро дар оянда васеъ ба роҳ монда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҳамкории зич бо олимону мутахассисон ҳосили фаровон ҳоханд гирифт.
Хоҷагии деҳқонии «Отаҷон» дар маҷмӯъ, дорои 5 гектар замин буда, имсол дар 0,75 гектар гандум, 2,25 гектар сабзавот, 0,85 гектар карам, 0,8 гектар бодиринг, 0,3 гектар помидор, 0,35 гектар дигар номгӯи сабзавот ва 2 гектар полизӣ кишт намуда, ҳамарӯза маҳсулоти истеҳсолшударо ба бозорҳо ба фурӯш мебароранд. Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар 2,85 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ ва сабзавот гузаронда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.
Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад. Айни ҳол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳо 21 гектарро ташкил дода, ба нақша гирифта шудааст, ки оянда дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд карда шавад.

«Офтобак» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки шаҳраки Мирзо Турсунзода муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2017 оғоз гардида буд, дар рафти он қариб 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Кӯдакистони хусусии “Офтобак” аз ҷониби соҳибкор Марям Юсуфова бунёд шуда, аз се ошёна иборат аст. Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар марҳилаи аввал “Офтобак” 240 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Марҳилаи дуюми муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд, ки он низ барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Айни ҳол 40 омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд. Дар муассиса кӯдакон ба 12 гурӯҳ тақсим шуда, бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим мегиранд. Дар назди ҳар синфи машғулиятӣ ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудаанд. Ошхона барои хӯрокхӯрии 60 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳо барои машғулият ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Саҳни ҳавлии муассиса ва ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо гулу буттаҳои рангоранг ва акси қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудаанд, ки ба дунё ва табиати кӯдакон хос аст.
Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон сабаб  гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав ба истифода дода шаванд. Маҳз фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон додааст, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёбад.
Дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ кӯдакистони хусусии “Офтобак” аввалин муассисаи таълимӣ барои хурдсолон мебошад, ки бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонда шудааст. Акнун сокинони шаҳрак низ имкон доранд фарзандони худро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия ҳидоят намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2020    №: 192    Мутолиа карданд: 2885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед