logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ПОРА
боз як заминфурӯшро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Зокирҷон Зокиров - муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисорро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд.

Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда ҳанӯз моҳи майи соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо роҳи қаллобӣ 15000 сомонӣ талаб намуда, аз ин 8000 сомониашро пешакӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, 18 июни соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани қисми дигари маблағи талабшуда дастгир ва маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор…) сурат гирифтааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ менамояд.

КОРДЗАНӢ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ
Ё БОЗДОШТИ МАРДЕ, КИ ҚАБЛАН СУД ШУДААСТ
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара марди 61 - соларо бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт намуданд, ки дар ҳолати мастӣ як сокини шаҳрро бо зарби корд маҷрӯҳ кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, гумонбар, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст, нимаи дуюми рӯзи 25 сентябр даст ба чунин амал задааст. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Авитсенаи Ҷамоати шаҳраки Шӯроб бо марди 42 – сола муноқиша карда, бо истифода аз корд ба ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2020    №: 192    Мутолиа карданд: 894
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед