иқтисод
ВАҚТЕ БАРҚ ОҚИЛОНА ИСТИФОДА МЕШАВАД...
Ҳукумати мамлакат ҳудуди як моҳ аст, ки оид ба гармшавии иқлим, камшавии фавқулодаи боришоти барф, таъсири шадиди вазъ ба сатҳи оби дарёи Вахш ва коҳиши истеҳсоли неруи барқ хабар дода, истифодабарандагони барқро ба сарфакорӣ даъват карда истодааст.
Ба қавли Аҳлиддин Шарифзода, муовини директори шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар, қисмати бештари барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Тадбири сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ маҳз ба хотири захира кардани ҳаҷми кофии об дар обанбори Норак аст.
- Шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 23 ҳазор истифодабарандаи неруи барқ дорад. Ба ин муштариён шабонарӯзӣ хизмат расонда мешавад. Пайваста бо сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Муассиртарин роҳ ин аст, ки дастгоҳҳои барқӣ ва фурӯзонакҳоро мақсаднок истифода барем ва дар ҳолатҳои нозарур неруи барқро хомӯш кунем. Хуб мешуд, агар дар шароити имрӯза шумораи фурӯзонакҳои канори хиёбонҳо ва саҳни ҳавлиҳоро кам кунанд. Масалан, ҷое, ки се лампа зич ҷойгир шуда бошад, дутоашро истифода накунанд, – гуфт А. Шарифзода.
Ба иттилои ӯ, айни замон шаҳри Бохтар дар як шабонарӯз 545 ҳазор киловатт - соат неруи барқ мегирад ва бо вуҷуди вазъи баамаломада, тибқи таҳлилҳо, хароҷоти барқ баръакс зиёд шуда истодааст.
- Мушкил дар он аст, ки тақрибан нисфи муштариён ҳатто рӯзона фурӯзонакҳоро хомӯш намекунанд. Дар баъзе ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ низ чунин вазъ мушоҳида мешавад. Насби чароғакҳои рангоранг дар деворҳо ва саҳни аксар биноҳои баландошёна ва ташкилоту идораҳо низ боиси хароҷоти беҳудаи барқ гардидааст. Дар баъзе ҳолатҳо то соати 8 - 9 - и саҳар ин чароғҳо гирёнанд. Гоҳо маҷбур мешавем, ки ба мутасаддиёни ин корхонаю коргоҳҳо занг зада, хоҳиш кунем, ки чароғҳоро хомӯш кунед, - иброз дошт ӯ.
Омили дигар истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии неруи барқ аст. Дар бархе оилаҳо ҳатто се-чор телефони мобилиро бе интернет намонда, ба ҳисоби миёна дусад сомонӣ сарф мекунанд. Аммо, мутаассифона, дар масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ баҳона мекобанд ва оқибат ягон роҳи ғайриқонуниро “кашф” мекунанд.
Дар ин самт дар натиҷаи рейдҳои муштарак дар 25 рӯзи моҳи август нисбат ба 67 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ санад тартиб дода, ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар карда шуд.
Ба гуфтаи Аҳлиддин Шарифзода, агар мо аз имрӯз барқро сарфа накунем ва онро беҳуда истифода барем, дар фасли зимистон мушкили бебарқӣ зиёдтар мешавад.
Аз 14-уми январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон комилан аз миён бардошта шуд. Аз соли 2000-ум то 2017 баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ як соат барқ мегирифтанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ марҳила ба марҳила иҷро шуд. Вале дар ин вазъияти ғайриинтизор мардуми шарифи мо бояд аз фарҳанги истифодабарии неруи барқ хуб огаҳ бошанд ва сарфакориро пеша кунанд, саҳми худро дар мавриди коҳиш додани таъсири мушкилоти пешомада гузоранд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2020 №: 192 Мутолиа карданд: 898