мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ АМРИКО
3 октябр мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ аз Тоҷикистон дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дош-танд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.
- Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд,- гуфтанд Пешвои миллат ва дар идомаи суҳбат таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегирад, истиқбол менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубодилаи афкор анҷом доданд.
Мавзӯи дигаре, ки зимни оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ дар меҳвари мулоқот қарор дошт, вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистону минтақа мебошад.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, зикр намуданд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2020 №: 194 - 195 Мутолиа карданд: 4126