logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои муштараки стратегии ду кишвар ва як қатор масъалаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳтарам Владимир Путин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон самимона табрик намуда, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро баён дошт.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин саҳми шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар, инчунин, дар афзун гардондани робитаҳои самарабахши ҷонибҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври хосса зикр кард.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо азми худро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаашон аз рӯи маҷмӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ иброз доштанд.

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати зодрӯзашон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
 Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти равобити амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки ҳамчун пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ҳам хизмат карда истодаанд, ба таври хосса таъкид намуданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки имрӯзҳо пешорӯи давлатҳои мо ҳадафҳои зиёди умумӣ истодаанд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати ноил шудан ба онҳо бо Ӯзбекистон минбаъд низ ҳамкориҳои зичи созанда дошта бошад.
Зимни суҳбат сарони давлатҳо, инчунин, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

5  октябр  суҳбати  телефонии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев ҷиҳати табрикоти гарм ва таманниёти некаш унвони Пешвои миллат ибрози ташаккур намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар айёми мо муваффақона рушд ёфта, дар пешбурди ин раванд нақши Нурсултон Назарбоев бузург мебошад. Инчунин, аҳамияти муносибатҳои дерини бародарона ва дӯстии наздики ду пешво – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Нурсултон Назарбоев ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.
Зимнан, ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳанд ёфт.

5 октябр байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Дар рафти суҳбат Сарвари давлати  дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзашон самимона муборакбод намуд. 
Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати дурандешона ва фаъолияти самараноки сулҳофарии Роҳбари давлати мо таъкид намуд.
Дар навбати худ, Президенти Тоҷикистон барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон ибрози сипос намуда, зикр карданд, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар қолаби шарикии стратегӣ минбаъд низ тавсеа ёфта, қуллаҳои навро фатҳ хоҳанд намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2020    №: 196    Мутолиа карданд: 802
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед