logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!
Шумо чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва Пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
Саҳми шахсии Шумо дар таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳои мо, суръат бахшидан ба робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои бисёрҷониба бениҳоят арзишманд аст.
Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зичи мо аз рӯи масъалаҳои мубрами дуҷонибаву бисёрҷониба бар нафъи мардумони Россия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд.
 Сидқан ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии қавӣ, саодатмандӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳо орзумандам”.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвони Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам
ҷаноби Президент!
Табрикоти сидқӣ ва таманниёти беҳтарини маро дар иртибот ба зодрӯзатон қабул фармоед.
Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.
 Пас аз авҷ гирифтани ҳамагирии COVID – 19 Чин ва Тоҷикистон ҳамдигарро дастгирӣ намуда, талошҳояшонро барои ҳифзи муштараки саломатӣ ва ҳаёти мардумони ду кишвар муттаҳид гардонданд, ки худ ифодагари ҷавҳари асосии ҷомеаи рушди муштарак ва амнияти Чину Тоҷикистон мебошад. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти калон дода, робитаҳои хуби корӣ ва дӯстии амиқи шахсиамро бо Шумо қадр менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо саъю кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам, ки бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон ба пайваста баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон ба сатҳи боз ҳам баландтар нигаронда шудаанд.
 Ба Шумо сиҳатмандии комил ва некуаҳволӣ орзумандам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:
“Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Бо камоли хушнудӣ ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, таманниёти самимӣ ва беҳтарини худро ба муносибати зодрӯзатон арз менамоям.
Мо дар Ӯзбекистон шахсияти Шуморо ҳамчун арбоби маъруфи давлатӣ, пешвои соҳибистеъдод, ватанпарвари ҳақиқӣ, ки ҳаёти худро барои хидмат ба некуаҳволӣ ва рушди мардуми Тоҷикистон бахшидааст, мешиносем ва бениҳоят эҳтиром мегузорем.
Боиси таъкиди хосса аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ собитқадамона пеш рафта истодааст, мақому манзалат ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардад.
 Мо аз ҳамаи дастовардҳо, ислоҳоти васеъмиқёс ва таҳаввулоти босуръате, ки дар кишвари Шумо – шарики бо мурури замон санҷидашуда ва боэътимоди мо ба вуқӯъ мепайванданд, хушнуд ҳастем. Дар робита ба ин, мехоҳам саҳми бениҳоят арзишманд ва таваҷҷуҳи доимии Шуморо ба фаъол гардондани робитаҳои гуногунҷанба ва дарозмуддати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумонамон ба таври хосса таъкид намоям.
 Итминон дорам, ки муносибатҳои зичи бародарона, ҳамчунин, ҳамкории наву барои ҷонибҳо судманде, ки миёни мо устувор шудаанд ва ба шарофати саъю талошҳои муштараки мо тайи солҳои ахир ба сатҳи нав баромадаанд, минбаъд ҳам баҳри шукуфоии мардумонамон тавсеа хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар Шуморо сидқан ба муносибати ин санаи дар ҳаётатон хотирмон табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва некуаҳволӣ орзу менамоям”.

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Самимонатарин табрикоти маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!
Заҳматҳои Шумо баҳри шукуфоии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Шумо, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуматон нигаронда шудаанд, басо арзишманданд.
Муътақидам, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва хислатҳои накуи Шумо дар таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ, инчунин, баланд бардоштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ саҳми хосса доранд.
Дар Қазоқистон нақши шахсии Шуморо дар рушди шарикии стратегӣ ва ҳамгироии кишварҳои мо баланд арзёбӣ менамоянд.
Итминон дорам, ки дӯстии бисёрасра ва муносибатҳои ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд, ки кишварҳои моро бо ҳам мепайванданд, дар оянда низ бар нафъи некуаҳволии мардумонамон таҳким ёфта, ба таври сермаҳсул рушд хоҳанд кард.
Умедвори идомаи робитаҳои зичи мо ва ҳамкории муштаракамон ҳастам.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комилу комёбиҳои бузург ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу рифоҳ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!
Дастовардҳои Тоҷикис-тони муосир дар арсаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, мақому манзалати баланди Душанбе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ – ҳамаи ин самараи хизмати чандинсолаи Шумо ба Ватан ва сиёсати дурандешонаву созандаи Шумо дар маснади Сарвари давлат мебошад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии қавии Шумо имрӯзҳо низ таҳаввулоти муҳимро, ки ба таҳкими пайвастаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди босубот ва некуаҳволии шаҳрвандони худ нигаронда шудаанд, дилпурона дар амал татбиқ намуда истодааст.
Дар симои Шумо Қазоқистон дӯст ва шарики боэътимодеро мебинад, ки сидқан алоқаманди тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои мо, ҳамчунин, ҳамгироии бештар амиқ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Бовар дорам, ки муколамаи фаъоли сатҳи олӣ минбаъд ҳам чун заминаи мустаҳкам барои афзун гардондани дастовардҳои муштараки мо хизмат карда, раванди ба сатҳи нав бардоштани шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистонро такони тоза хоҳад бахшид.
Дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям”.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон!
Сидқан Шуморо бо зодрӯзатон табрик менамоям!
Бо изҳори қаноатмандӣ зикр карданиам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо масири худро пайдо карда, дар он қадамҳои устуворашро, ки ба ҳифзи сулҳу таҳкими некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронда шудаанд, идома медиҳад.
Шумо дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи байналмилалии он ба комёбиҳои муассир ноил гардидаед.
Итминони амиқ дорам, ки бо дастгирии шахсии Шумо муносибатҳои байни ду кишвар, ки асоси онҳоро дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ташкил медиҳанд, минбаъд ҳам бар манфиати мардуми Қирғизистону Тоҷикистон пайваста рушд хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям!”.
 
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, самимонатарин табрикоти инҷонибро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.
Дар Ватан ва берун аз паҳнои он Шуморо барҳақ чун роҳбари ботаҷриба ва соҳибэътибори давлат, ки саъю талошҳо ва иродаи сиёсии ӯ рушди босуботи Тоҷикистон ва тақвияти нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ таъмин кардааст, эътироф менамоянд.
Ман саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаву барои ҷонибҳо судманди Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят қадр менамоям.
Итминон дорам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак мо метавонем муносибатҳои анъанавию дӯстонаи Беларус ва Тоҷикистонро бо мақсади минбаъд низ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумонамон боз ҳам амиқтар гардонем.
Аз самими қалб ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии қавӣ, некуаҳволӣ, хушҳолӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо орзу менамоям.
Ба Шумо ва пайвандону наздиконатон сулҳу некӣ ва хайру баракат хоҳонам”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
“Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Иҷозат фармоед ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати зодрӯзатон арз намоям.
Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст.
Озарбойҷон ва Тоҷикистонро таърихан риштаҳои дӯстӣ, ки аз иродаи мардумони мо маншаъ мегиранд, бо ҳам мепайванданд. Шумо дар амри рушди робитаҳои байнидавлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои мо дар ҳамаи соҳаҳо, ки бар ин заминаи мустаҳкам асос ёфтаанд, саҳми арзишманд мегузоред.
Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳои мо бар нафъи мардумонамон ҳамеша рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор ва шукуфоӣ орзумандам”.
Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз номи Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, Раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, Котиби генералии СААД Станислав Зас, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон, дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ворид гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2020    №: 196    Мутолиа карданд: 704
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед