logo

иқтисод

ВАҚТЕ КИШОВАРЗӢ РУШД МЕКУНАД...

Деҳоти Рӯдакӣ дар боби ободонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ на танҳо дар ноҳияи Восеъ, балки дар минтақаи Кӯлоб намунаи ибрат ба шумор меравад. Дар ин ҷо зиёда аз сесад хоҷагии хурду калони деҳқонӣ пурсамар фаъолият дорад.
- Соли ҷорӣ  деҳқонон аз тарбузи дар зери плёнка кошта чунон ҳосили зиёд гирифтанд, ки сокинони ноҳияҳои гирду атрофро таъмин ва нарху наворо дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба солҳои пеш ду баробар арзон намуданд. Вақте  ҷаҳду ҷадали кишоварзонро барои ҳар як ваҷаб замин босамар истифода кардану се - чор ҳосил гирифтан мебинӣ, дил аз фараҳ лабрез мегардад. Алҳол кишоварзон ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи  кор намуда, дар майдонҳои  холишуда  ҷуворимакка,  зироатҳои лӯбиёӣ,  донагӣ ва картошкаи тирамоҳӣ кишт намуда истодаанд, - изҳор дошт зимни суҳбат Ибодулло Неъматов, раиси Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ.
Токзоре, ки Мурод  Саидов  дар хоҷагии деҳқонии «Файз» бо усули  токпарварии  деҳқонони  ҳисорию регарӣ бунёд намудааст, бо ҳосилнокии баланду таъми лазизи ангур касро ба ҳайрат меорад. Ҳар сол  садҳо тонна ангури хуштаъми хоҷагиҳои ҷамоат дар бозорҳои минтақаю ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад. Хоҷагидорон Мирзои Авлод, Зоири  Қодир, Султони Кабир ва даҳҳо нафари  дигар  дар пайравӣ ба Мурод Саидов боғҳои пурсамар ба ҳосил расондаанд.
Хоҷагиҳои деҳоти Рӯдакӣ имконият  доранд, ки баробари истеҳсоли  мева ва сабзавоту полизӣ    дар  боби  афзун  гардондани  гӯшту  шир  низ саҳм  гузоранд.  Дар  ин  раванд  кишоварзони  хоҷагии  «Султони  Кабир»  намунаи  ибратанд. Онҳо  дар  хоҷагиашон  ба  ҷуз моҳипарварӣ ният доранд, ки парвариши говҳои  хушзоту сермаҳсули   сиёҳалоро ба роҳ бимонанд. Ин  таҷрибаро  дар  аксари  хоҷагиҳои  деҳқоние, ки аз ду - се гектар замин зиёд доранд, ба  роҳ  мондан  мумкин  аст. 
Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо  идораю муассисаҳои кишвар ҳамкории зич   доранд.  Се трактор,  як  миқдор  чорвои  калону  майдаи зотӣ, ки  маркази  лоиҳаи  «Рушди  чорводорӣ  ва  чарогоҳҳо» ба хоҷагиҳои деҳоти Рӯдакӣ ҳадя намудааст, барои рушди кишоварзӣ ва хушзот намудани  чорвои  калони  аҳолӣ истифода мешаванд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини вохӯрӣ бо кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён ҳидоят намуданд, ки дар хоҷагиҳояшон парандаю чорво низ парвариш карда, сатҳи зиндагиашонро боло баранд. Хушҳолии дучанд аз ин ҳидояти Пешвои миллат он аст, ки то ин дам  дар  ҳудуди  деҳоти Рӯдакӣ  низ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ гову мол парвариш карданро иҷозат намедоданд. Акнун баъди ин роҳкушоии Президент бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ду - се сол гӯшт бамаротиб  фаровон  мешавад, - бо хушнудӣ иброз дошт Ибодулло Неъматов.
Дар деҳоти Рӯдакӣ ду корхонаи саноатӣ – шарбатбарорӣ ва  винокашӣ  мавҷуд  аст. Корхонаҳои  мазкур  имконият  доранд,  ки  маҳсулоти  тамоми деҳқонони ноҳияро барои коркард қабул намоянд. Барои ин амалро ба роҳ мондан мувофиқ ба талаботи имрӯза корхонаҳоро навсозӣ кардан зарур аст. Айни замон соҳибкорон аз пайи иҷрои ин кори муфиданд.
Соҳибкор Аваз Кабиров баробари корҳои дигари ободонӣ, аз ҷумла ба тартиб даровардани гирду ваноҳи қабристонҳо, барои дӯстдорони варзиш тамрингоҳи тобистона сохта ба истифода дод. Ба истиқболи Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар меҳмонхона – осоишгоҳи наве бунёд карда ба истифода дод, ки шояд намунааш дар тамоми ҷумҳурӣ  набошад.
Деҳоти Рӯдакӣ  тавассути сиёсати созандаю роҳнамоиҳои  Сарвари давлат ва заҳмати сокинон, хусусан соҳибкорон, кайҳо  боз  ба  як  шаҳраки  ободу  зебо мубаддал  гардидааст. Парчами давлатии ба само саркашида ба амалҳои созандагию ободгароиҳои назаррабои ин деҳот нуру зиё мебахшад.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2020    №: 196    Мутолиа карданд: 639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед