logo

иқтисод

«ҶУМҲУРИЯТ». ТАТБИҚИ ТАҶРИБАИ НАВ

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати то 40 дарсад афзун намудани майдони кишти картошка аз ҷониби аҳли заҳмати кишвар аз истиқболи гарм бархӯрдор шуд. Шояд нафарони огоҳ, аллакай, медонанд, ки танҳо дар ноҳияи Нуробод кишти ин навъи зироати ниёзи аввал аз 700 гектари қаблӣ наздик ба 2000 гектар расонда шуд.
Вале гап сари амали дигари созандаест, ки низ аз дастурҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма гирифтаву бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод самаровар шудааст. Дар асл аҳли қалами рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳеҷ бовар надоштанд, ки кор то ин ҳад барор мегирад. Вақте барои ҷудо намудани қитъаи замин ба раиси ноҳия муроҷиат карданд, ҳатто тухмии картошка дар ихтиёр надоштанд. Вале чун дархосташон ҷавоби мусбат ёфт, дар муддати хеле кӯтоҳ камари ҳиммат баста, дар 1,5 гектар замини соҳили дарёи Сурхоб чун таҷрибаи аввалин картошка шинонданд ва аз ҳисоби даромадҳои иловагии идораи рӯзнома барои нигоҳубини «хоҷагии деҳқонӣ» бо чанд нафар аз кормандони маҳаллӣ шартномаи мавсимӣ бастанд...
Вақт чун хоб ширину тезгузар аст, ки имрӯз, аллакай, гурӯҳе аз кормандони рӯзнома барои ғундоштани дастранҷи аввалини худ ба ноҳияи Нуробод омаданд. Рӯзи дуюми ҳосилғундорӣ аз мақомоти ноҳия чанд нафар бо роҳбарии худи раис Ҳасан Дӯстзода ва аз хоҷагиҳои ҳамсоя боз чандин нафари дигар ба ёрдами деҳқонжурналистони «Ҷумҳурият» сари замин ҳозир шуданд. Боз ҳам мусоидати ноҳиядорон буд, ки трактори картошкачин ҳам субҳи саҳар чун мушкилкушо дар «хоҷагии деҳқонӣ»-и «Ҷумҳурият» ҳозир шуд. Танҳо тамошои ҳамин манзара кофист, то дарк  намоем, ки ҳар як таъкиди Пешвои муаззам созандаву дурандешона аст, бахусус, вақте мегӯянд, ки «кори иҷро намешудагӣ нест, фақат завқ доштан лозим…». Воқеан, ҳамин завқи баланди дуҷониба буд, ки дар як лаҳза халтаҳои картошкаи тару тоза заминро ҷомаи сафед пӯшонданд. Тибқи ҳисоби тахминии деҳқонони соҳибтаҷриба то нисфирӯзӣ, аллакай, беш аз 5 тонна картошкаи «Ҷумҳурият» ҷамъоварӣ шуда буд. Нимаи дуюми рӯз то омадани мошини боркаш ҳосили қисми боқимондаи замин ҳам аз баракати ҳашар ғундошта шуду хурсандии ҳар ду ҷониб ҳадду канор надошт. Боз ҳам ба ҳисоби деҳқонони нурободӣ журналистони «Ҷумҳурият» қариб 10 тонна ҳосил гирифтаанд, ки бо назардошти номусоидии боду ҳаво, аниқтараш бориши аз меъёр зиёди имсола ва низ бетаҷрибагӣ, дастоварди хуби хуб аст.
Хуллас, субҳи рӯзи душанбе нахуст-дастранҷи аҳли эҷоди рӯзномаи рақами 1-и кишвар ба ҳар як нафар корманд ба миқдори 50 килограмм ва низ ройгон тақсим гардид. Як қисми дигари ҳосил бо арзиши 2 сомонӣ барои 1 килограмм ба хоҳишмандони дигари нашриёти «Шарқи озод» пешниҳод шуд. Роҳбарияти рӯзнома азм дорад, ки аз ҳисоби даромад, аллакай, барои мавсими нав тухмии хушсифат дастрас намуда, дар партави сиёсати ояндасози муассисони худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии аҳли эҷод ин таҷрибаро бомаром идома диҳад. 
АЗ ИДОРА: Роҳбарият ва аҳли эҷоди рӯзнома дар шахси раиси ноҳия ба ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи нахустин таҷриба ба мо дасти ёрӣ дароз намуданд, сидқан изҳори сипос менамояд.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2020    №: 197    Мутолиа карданд: 841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед