logo

туризм

САЙЁҲӢ. ПЕШ АЗ ҲАМА МАРДУМ ФОИДА БА ДАСТ МЕОРАД

Дар ҷаҳон аз ҳисоби фоидаоварӣ баъди нафт ва доруворӣ соҳаи сайёҳӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ба ҳисоби миёна ҳар як доллари дар бахши сайёҳӣ сарфшуда ба соҳаҳои дигари алоқаманд се доллар фоида оварда, инчунин аз ҳар як доллари харҷшуда 91 сенти он дар иқтисоди ватанӣ боқӣ мемонад.  Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, даромади ҳарсола аз туризм, тақрибан, 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ин маънӣ ва баҳри тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ,  омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар кишвар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар муддати кӯтоҳ кумита бисёр корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Масалан, бо ташаббус ва дастгириҳои кумита ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба бозори сайёҳии ҷаҳонӣ роҳ ёфта, дар ярмаркаҳои сайёҳии ҷаҳонӣ ба монанди “ITB-Берлин” (Олмон) “МИТТ” ва “Интурмаркет” (Федератсияи Россия), “Топ Реса” (Фаронса), “JATA Япония” (Япония) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Рим (Италия) ва ғайра ширкат варзида, дар форумҳою намоишгоҳҳои дуҷонибаи сайёҳии Тоҷикистону Корея, Тоҷикистону Малайзия, Тоҷикистону Қатар,  форумҳои сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, Тоҷикистону  Ӯзбекистон ва монанди инҳо имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд. Иштирок дар ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо ба ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкон дод, ки мавзеъҳои туристии кишварро таблиғ намуда, ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ густариш диҳанд. 
Баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадирҳои зарурӣ меандешад ва дар ин ҷода имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ шудаанд. Аз  ҷумла, барои бунёди иншоотҳои сайёҳӣ воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ширкатҳои навтаъсис дар 5 соли фаъолият аз андози фоида озод шудаанд. Натиҷаи фароҳам овардани имтиёзҳо имкон дод, ки соли 2018 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, соли 2019 теъдоди онҳо ба 215 адад расад.
Соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҳам алоқаи зич доранд. Асосан, харидорони маҳсулоти дастии мардумӣ сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Аз ин рӯ, рушди соҳаи сайёҳӣ – ин рушди ҳунарҳои мардумӣ  низ мебошад. Ба ин хотир, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, аз 1 январи соли 2018 фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз андозбандӣ озод гардид. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбанд ва манбаи даромади иловагӣ гарданд.
Сарзамин ва табиати нотакрори Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои зиёд дорад ва моро мебояд аз он самаранок истифода барем. Бешубҳа, дар ояндаи наздик барпо кардани саноати сайёҳӣ метавонад миллионҳо сайёҳро ба кишвари мо ҷалб намояд ва яке аз самтҳои асосии тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ гардад.
     
Изатулло ЗОКИРЗОДА,
сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии
Кумитаи рушди сайёҳӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2020    №: 197    Мутолиа карданд: 4175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед