logo

ҳуқуқ

«ХИЁНАТ». АЗ ШУҶОАТИ ҲУНАРӢ ТО ИҶРОИ РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Мақсади асосӣ аз таҳияи ин ё он филми мустанад иттилоъ ва баҳои дуруст додан ба ҳодисаҳои табииву ҷамъиятӣ, инъикоси тағйироти рӯҳиву равонии инсон ва ҷомеа мебошад. Ҷалб намудани диққати ҷомеа ба чунин ҳодисаҳо ва аз оқибатҳои он ба андеша водор намудани мухотабон ҳадафи дигари таҳияи филмҳои мустанади сиёсиву иҷтимоист. Ба андешаи инҷониб, таҳиягарони филми мустанади «Хиёнат», ки аз панҷ қисм иборат аст, ба ҳадафи хеш расидаанд.

Филме, ки чанд муддатест дар маркази диққати тамошогарони шабакаҳои телевизионию иҷтимоӣ, нашрияҳои ватаниву хориҷӣ қарор дорад, миёни мардум вокуниши зиёдеро ба миён овардааст.  «Хиёнат» аз амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад.
Воқеаҳое, ки зиёда аз 25 сол сурат гирифта, дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ва хотираи шаҳрвандон дарҷ гардидаанд, асоси филми мазкурро ташкил додааст. Дар он ҳодисаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ тасвир гардидаанд, ки дар тақдири насли калонсол ва хурди кишвар нақши носутурданӣ доранд. Бояд зикр намуд, ки то ҳол дар бораи ин ҳодисаҳои нангин нигоҳу назарҳои мухталиф мавҷуд аст. Бинобар ин, таҳиягарон панорамаи умумии ҷанги мазкур ва воқеаҳои дар пасманзари он суратгирифтаро инъикос намуда, дар ин раванд қисмати шахсиятҳои алоҳидаеро, ки азоб кашидаву шикаст хӯрдаанд ва ё баръакс, дар онҳо даст доштаанд, тасвир намудаанд. Дар филми «Хиёнат» маҷмӯан, аз тақдири миллате сухан меравад, ки хато карда, сари вақт ба иштибоҳи худ сарфаҳм рафту пайи ислоҳи он талош намудааст. Мақсад аз такрори наворҳои мудҳиши даврони ҷанг, ба мардум нишон додани чеҳраи воқеии дастнишондиҳандаҳои хоҷагони беруна мебошад, ки бо хости онҳо дар Тоҷикистон мақсадҳои нопокашонро амалӣ намудан мехоҳанд.     
Ин наворҳо бо мақсади он нишон дода мешаванд, ки ба қадри зиндагии осоишта бирасем. Дидани манзараҳои ваҳшатангез, террори чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангию илмии тоҷик, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, гаравгонгирӣ ва харобу валангор намудани манзили зисти сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои 90 - уми асри гузашта ва баъди он душманони давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, дар зеҳни ҳар бинанда на андешаи ниқору қасосгирӣ, балки худогоҳӣ ва муттаҳидиро бедор мекунад. Мутаассифона, бо доштани чунин собиқаи талх имрӯз ҳам иддае дар дохил ва хориҷ такя ба душманони давлати худ намуда, аз хеш шахсони инсондӯст ва ҳомии ҳуқуқи инсон метарошанд. Онҳо дубора мехоҳанд, ки саҳнаҳои мудҳиши таърихиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор намоянд.
Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароёнаву террористии ин афроди фурӯхташуда нишон дода мешаванд. Аз шунидани далелҳои раднопазири филм ва дидани наворҳои он кас ба даҳшат меафтад ва ба офарандагони филм, ки ин ҳама дарду ранҷ, хиёнат ва разолатро баробари қаҳрамонони хеш аз сар гузарондаву ҳазм намудаанд, офарин мехонад. Қатори видеоии овардаи таҳиягарон ҳуҷҷати раднашавандаест дар муқобили даъвоҳои пучу бемаънии хоинони давлату миллат.
Филм бо наворҳои ҷолиби Тоҷикистони гулгулшукуфони имрӯза оғоз мегардад. Кас Душанбеи шукуфону шабонгаҳ чароғон ва гӯшаву канори ободи кишварро дида, ҳисси ифтихормандӣ дар вуҷудаш пайдо мегардад. Баъдан, наворҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ҷои тасвирҳои зеборо мегиранд. Тавассути риштаҳои наворӣ симои одамони бадхашмеро мебинем, ки кӯшиши табаддулотро бо роҳи оростани гирдиҳамоиҳо ва ҷангҳои партизанӣ роҳандозӣ намуданианд. Дидани манзилҳои вайрону валангор ва ҷавонмардони дар айни нерумандӣ ҳалокгардида дар вуҷуди бинандагон ҳисси нафратро нисбат ба созмондиҳандагони ин ҷанги таҳмилӣ ба вуҷуд меоранд. Бо боварӣ метавон иброз дошт, ки ҳеҷ яке ба ин наворҳои мудҳиш бетафовут назар афканда наметавонад. Гаҳвораҳои холимонда, хонаҳои валангору беодам, мардуми сарсону гирён оқибати ин ҷанги нанговаранд. 
Гурезаҳои овора ва бепушту паноҳ, ки чанде пеш соҳибони ин манзилҳои обод буданд, дигар на дар фикри манзилу макони хеш, балки ҷони худ, рӯ ба кишвари ҳамсоя оварданд. Нолаҳои ҷонгудози модарон рӯи ҷасади фарзандони ғӯрамарг дили сангҳои кӯҳистонро об мекунанд. Мо наворҳои ин ҷанги наҳсро бисёр дидаем, вале ҳамаи онҳо назди ин тасвирҳои даҳшатангез муште аз хирворро мемонанд.
Пасон, силсилаи видеоие меравад, ки аз даҳшати вируси нав, ки тамоми оламро фаро гирифтааст, иттилоъ медиҳад. «Масъала сари тоҷику тоҷикият, коронавирус ва нангу номус меравад»,  - шунида мешавад, садои ровӣ. Барои ҳайати таҳиягарон ин ҳама даҳшатро таҳаммул намудан хеле мушкил аст. Бинобар ин, овози марғӯладор ва лаҳни мутантани ровӣ ҳини ташреҳи чунин наворҳо ба ларза меояд. Ҳаяҷону эҳсоси дар вуҷудаш туғёндоштаро ба хубӣ эҳсос мекунед. Дар ҳоле ки сухан аз ободкориву пешрафти давлати тоҷикон меравад, садои ровӣ боварибахш буда, ҳини хондани ҳукмнома ба хоинони миллат бо қатъият садо медиҳад. Аз нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки коронавирус ва вазъи карантинӣ ба мавзӯи асосии асар чи рабте доранд. Вале маълум мегардад: аз ана ҳамин ҳолати вазнин, ки сарфи назар аз ҷиддияти вазъият аз чораҳои зарурии андешидаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар далолат мекунанд, гурӯҳҳои мухолиф санги маломат ба сӯи мо андохта, боз як кӯшиши номуваффақонаи хешро ҷиҳати ноором сохтани вазъияти кишварамон амалӣ сохтанӣ ҳастанд.
Дар пасманзари ҷонбозиҳои табибони сарсупурдаи миллат корвонеро мебинем, ки масъулон кумаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба минтақаҳои дурдасти кишвар расонда истодаанд. Вале, ҳастанд касоне, ки «он ҷо, ки ҳасиб аст, он ҷой насиб аст», - гуфта, бар ивази дастмузде чанд санг бар сӯи Ватану ҳамватанони хеш мезананд.   Дар филм хулоса ва таҳлили коршиносон, яъне олимону муҳаққиқон оварда нашудаанд. Ҳукмномаи хоинони миллатро ширкатдорони бевоситаи ин ҳодисаҳо, касоне, ки фиреби душманони ниқоби дӯст дар рӯйдоштаро хӯрдаанд, бо забони сода, фасеҳ ва бо далелҳои қатънопазир зикр менамоянд.
Филм бо эпиграфи хеле таъсирноки «Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, вале, касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд» оғоз гардида, он тавассути чанд қисмат пайваста такрор мешавад. Ин суханон баробар бо зӯзаи даҳшатноки гурге садо дода, пасон алангаи оташ рӯи экранро фаро мегирад. Воқеан ҳам, гургошноён ба қавли худ ҳеҷ гоҳ вафо намекунанд. Маълум мегардад, ки ба ғайр аз талаву тороҷ намудан, боз нияти ба коми оташ фаро гирифтани мавзеи мавриди тасарруфи худ қарордодаро низ доранд.
То ин дам дар бораи ваҳшонияти зархаридони хориҷӣ бисёр шунида будем ё дар ин бора ҳадс мезадем. Акнун дар мавриди аксари онҳо маълумоти дақиқ, муфассал ва раднашаванда дошта, чеҳраи воқеии касонеро, ки ин ҳодисаҳоро тарҳрезӣ ва амалӣ намудаанд, бо чашми сар дидем. Ҳангоми бори нахуст бархӯрд намудан ба ин далелҳо касро хоҳу нохоҳ даҳшат фаро мегирад. Яке аз шиносҳоям беистиҳола пурсид: «Охир, фарзандон ва хешу ақрабои ин касон зиндаву байни моанд, баъди ин наворҳо муносибат бо онҳо чӣ гуна мешавад?». Он замон ҷавоб додам, ки мо он қадар ақли солиме дорем, ки дигар теша бар решаи хеш назанем. Мақсад аз таҳқиқи ин воқеаҳо фақат ба хулосаи дуруст омадан асту дигарбора ба сар задани чунин воқеаҳо роҳ надодан. Он шабу рӯз ба ин андеша муътақид бошам ҳам, ҳисси хавфу хатари ниҳонӣ дар қалбам маскан гирифта буд. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки аз ақли солим кор гирифтанро ба хубӣ аз бар кардаем.     
Баъзан чунин ба назар мерасад, ки дар тафсилоти воқеаҳо ва муаррифии ашхос диққати зиёд дода шудааст. Аммо, мавзӯе, ки муаллифони филм ба таҳқиқи он даст задаанд, саросемагиро намеписандад ва он ба тавзеҳи муфассал ниёз дорад. Дар рафти тамошои филм маълум гардид, ки ин тафсилот ба воқеӣ будани макон ва мардумони шаҳодатдиҳанда нигаронда шудааст. Ҳамин тавр, тадқиқоти бурдаи муаллифон ҷиҳати ташаккули фардияти роҳбарони ташкилоти террористӣ - экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба тафсил сурат гирифта, ҳамвора моро ба бетараф набудан ба ҷузъиёти раванди таълим, бахусус тарбияи фарзандони худ, далолат менамояд. Умуман, филм саропо ҳушдор ва панд аст. Муаллифони филми мустанади «Хиёнат» ба мо талқин менамоянд, ки вақте кас аз гузаштаи хеш панд намегирад, дар оянда низ мувоҷеҳ ба хатоҳои нав ба нав хоҳад гашт.
Филм дар таҳқиқи вазъи сиёсӣ масоили фаротар  аз  мушкилоти  ҷомеаи  моро дар бар мегирад. Дар он аз чандин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарое ном бурда мешавад, ки вазъиятро на танҳо дар Тоҷикистон, балки  дар ҷаҳон кӯшиши ноором намуданро доранд. Биноан, метавон пешниҳод намуд, ки филми мазкур тавассути расонаҳои минтақавию ҷаҳонӣ интишор шуда, мардуми минтақаро аз ин хатар огоҳ созанд. 
Дар мустанадсозӣ масъалагузорӣ ва ҳалли дурусти он хеле муҳим аст. Филм равшангари роҳи раҳоӣ барои баъзе аз ашхоси то ҳол дар ҷаҳолат қарордошта гаштааст. Ҳар кас филми ҳуҷҷатиро ба таври худ дарк мекунаду ҳазм месозад. Мисли оне, ки мо ба воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва дархӯрди фардиамон баҳо медиҳем ва ба далелҳои дар филм овардашуда низ ҳамин гуна муносибат менамоем. Вале, як чиз мусаллам аст, ҳар қисми ин филм касро бетафовут гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, дар ҷомеа гирди филм андешарониҳои мухталиф сурат гирифтааст, бархе онро афсона, дигарон бод кардани коҳи куҳна меноманд. Банда бар онам, ки филм ҳушдор аст, ҳушдор аз оқибатҳои фоҷиабори тақдири миллати худро бо дасти дигарон сохтан. Беҳуда аллома Иқболи Лоҳурӣ нафармудааст:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Филмсозон, ки суннати силсиламустанадсозиро эҳё кардаанду бо факту далелҳои муътамад тасдиқ намудани андешаҳои хешро пеш гирифтаанд,  неруи ба қалби ҳар бинанда таъсир расондани осори бадеиро бори дигар тасдиқ сохтанд. Акнун, зарур аст, ки ин иқдоми онҳоро намояндагони дигар ҳунарҳо дастгирӣ ва идома бидиҳанд. Мақсад аз офаридани осори бадеӣ офаридани инсони маънавиёташ баланд мебошад.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 733
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед