logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ

Ифтитоҳи бинои 10-ошёнаи истиқоматӣ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Пешвои миллатро сокинони шарафманду меҳнатқарини шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир сохта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои муҳташами истиқоматӣ, ки аз 54 ҳуҷра иборат мебошад, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.
Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону духтарон ба кор ҷалб гаштаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои дӯхти босифати сарулибоси гуногун пешбинӣ шудаанд.
Бо бунёд гардидани сехи дӯзандагӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ  дар маркази шаҳри  Ваҳдат  зиёда аз 30 ҷои кори доимӣ таъсис ёфта, кормандон бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 мутахассиси  маҳаллӣ  бо  истифода  аз  масолеҳи  баландсифати  сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз шуда, дар муддати ду сол ба анҷом расид. 
Гирду атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпӯш гашта, дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 3022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед