иқтисод
АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ОН БОЛУ ПАРИ НАВ БАХШИД
Авиатсияи гражданӣ соҳаи афзали замони муосир ва дорои аҳамияти стратегӣ дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. Агарчи пайдоиши бахши мазкур дар кишвари мо ба аҳди шӯравӣ рост меояд, маҳз дар замони пойдор гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирию талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯ ёфта, ба сатҳи баланд расид.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат инфрасохтори соҳаи авиатсияи гражданӣ куллан тағйир ёфта, дар корхонаҳои авиатсионии кишвар ҳавопаймою таҷҳизоти нав ҷиҳати хизматрасониҳои фурудгоҳию аэронавигатсионӣ харида шуда, биноҳои хуштарҳи мувофиқ ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва хизматрасонӣ ба мусофирон бунёд ёфтанд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 27 мамлакат созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонда, барои амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам намудааст.
Солҳои 1991 - 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр" (баъдтар КВДҲ “Тоҷикистон”) фаъолият менамуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 он ба 9 сохтори мустақили авиатсияи гражданӣ таҷзия шуд.
Ҳамзамон, 5 феврали соли 2008 ҶДММ “Сомон Эйр” - ширкати муваффақи ҳавопаймоии хусусии ватанӣ фаъолияташро аз парвози нахустини худ дар самти Душанбе – Москва – Душанбе оғоз бахшид. Ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба хотири таъмини беҳтари бехатарии парвозҳо тадриҷан ба истифодаи ҳавопаймоҳои наву замонавӣ гузаштанд.
3 сентябри соли 2014 дар арафаи Ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” терминали нави мусофиркашонӣ ба истифода дода шуд. Терминали мазкур ба талаботи стандарти байналмилалии соҳавӣ ҷавобгӯ буда, давоми як соат ба 500 мусофир хизмат мерасонад.
Ҳамчунин, соли 2016 дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025 аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” тариқи иҷораи лизингӣ парки ҳавопаймоӣ ба маблағи 37,1 миллион доллари ИМА нав карда шуд.
Соли 2018 терминали боркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва толори қабули меҳмонони расмӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Баробари ин, 27 июни соли 2019 дар доираи таҷлили Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” манораи нави назоратӣ – танзимии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ имконият медиҳад, ки таъминоти бехатарии парвозҳо, огоҳсозии садамавӣ, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ - танзимгарӣ ва назорати қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баланд бардошта шаванд.
Бо бунёд гардидани инфрасохтори нави соҳа иқтидори солонаи мусофиркашонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар як мавсим ба 2,5 миллион нафар расид. Гузашта аз ин, дар замони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҳамаи фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми байналмилалӣ гирифта, инфрасохтори онҳо ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардидааст.
Тайи ин солҳо аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ зиёда аз 350 мутахассиси баландпояи соҳа омода карда шуд.
Дар радифи ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар доираи санадҳои имзошудаи байналмилалӣ 13 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ низ ба мусофирон хизмат мерасонад.
Ба хотири такмили пурраи бахши авиатсияи гражданӣ бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми декабри соли 2017 барои танзиму назорати фаъолияти корхонаҳои соҳа сохтори алоҳидаи мутамарказ - Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати мамлакат таъсис ёфт. Ин ниҳоди навташкили давлатӣ аз рӯзҳои аввал дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият карда, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардид.
Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон сол ба сол рушди тоза меёбад ва дар ин самт боз ҳам тадбирҳои муассиру муфид андешида мешаванд. Бовар аст, ки бо чунин шароиту имкониятҳои фарох авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик миёни кишварҳои мутараққӣ ҷойгоҳи хосро касб хоҳад кард.
Субҳон ИКРОМЗОДА,
директори Агентии авиатсияи
граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2020 №: 198 Мутолиа карданд: 763