иқтисод
ХАТЛОН. ТАДБИРҲОИ МУФИДИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони корҷӯ, расондани кумаки молиявӣ ба шахсони бекор ва ташкили ярмаркаҳои вижа аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода доир ба тадбирҳои дар самти мазкур татбиқшаванда зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин гуфт:
- Кормандони раёсат ва шуъбаю бахшҳои шаҳрию ноҳиявии он барои амалисозии дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонуну қарорҳои марбута дар ҷодаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ як зумра тадбирҳои муассирро амалӣ намуда истодаанд. Чунончи, дар шаҳру ноҳияҳо аз 24 ҳазору 31 фарди ба мақомоти агентӣ муроҷиатнамуда 20 ҳазору 738 нафар ба қайд гирифта, аз онҳо 13 ҳазору 105 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуд. Ба 2 ҳазору 620 бекор кумакпулӣ таъйин гардида, ба 3 ҳазору 78 нафар ба маблағи умумии 1,5 миллион сомонӣ (111,7 дарсади нақшаи солона) кумакпулӣ пардохт шудааст.
Баҳри иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, № 373 “Дар бораи қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор” мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят бо мақсади сари вақт таъмин намудани талабот ва дархости соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва кордиҳандагони алоҳида бо мутахассисони лозима 2 ҳазору 991 хоҳишмандро барои омӯхтани ихтисосҳои гуногун ба курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат фаро гирифт.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2005, № 93 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ташкил, шартҳои гузарондан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ” то 1-уми августи соли 2020 дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилоят бо иштироки 1 ҳазору 361 корҷӯ 57 чорабинӣ оид ба корҳои ҷамъиятӣ - ободонӣ, кабудизоркунӣ, тоза намудани ҷӯйборҳо ва дигар обравҳо, шинондану нигоҳубини дарахтони нав гузаронда шуд.
Масъалаи дигаре, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо мусоидати раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳалли худро меёбанд, ин бо ҷойи кор таъмин кардани шахсони эҳтиёҷмандест, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд. Дар ин росто соли равон 967 нафар - бештар маъюбон, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодшуда бо кор таъмин гардид. Барои таъмин намудани аҳолӣ бо маълумот оид ба ҷойҳои кори холӣ “Махзани миллии маълумот дар бораи ҷойҳои кори холӣ” таъсис дода, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сомонаи www.kor.tj зиёда аз 2,9 ҳазор ҷойи кори холӣ пешниҳод гардида, маълумоти он пайваста нав карда мешавад.
Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани корҷӯён раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва васеъ истифода намуда, дар ҳафт моҳ бо иштироки 1 ҳазору 775 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун 185 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карданд. Тавассути ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 2 ҳазору 803 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2006, № 62 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расондани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд” ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти соҳибкорӣ то 1-уми августи соли 2020 ба 533 шаҳрванди бекор ба маблағи 2 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳии вилоят 790 муҳоҷири меҳнатӣ ва шаҳрвандони вилоят, ки вурудшавиашон ба кишварҳои хориҷӣ манъ мебошад, муроҷиат намуданд. Аз онҳо 58 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 52 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардида, 205 нафари дигар ба касбомӯзии ройгон фиристода шуданд. Инчунин, 17 нафари онҳо ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 5 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд ва 511 нафарашон ба машварати касбӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳои “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2020-2022”, новобаста ба вазъи номусоиди иқтисодии ҷаҳон ва таъсири пандемияи коронавирус, 73,7 дарсад иҷро шудааст, ки ин аз дастгириҳои саривақтӣ ва тасмимҳои дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Зокири ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2020 №: 198 Мутолиа карданд: 613