logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

ИФТИТОҲИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ САЙЁҲӢ ВА ХИДМАТ
8 октябр дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълим дар он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, муассиса дар доираи талаботи ҷории таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Литсей аз ҷониби оилаи Зокировҳо дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) бунёд гардида, дар он ҷавонон аз рӯи хизматрасониҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва туризм соҳиби ихтисос мешаванд.
Зикр гардид, ки дар литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат толибилмон аз рӯйи 8 ихтисос таълим мегиранд ва муассиса имконият дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.
Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 23 синфхона ва се озмоишгоҳи муҷаҳҳаз мебошад. Дар озмоишгоҳҳои замонавӣ таълимгирандагон нозукиҳои хизматрасониву оростани дастархон, тарзи омода кардани шириниву дигар анвои хӯрданиро аз бар намуда, барои толибилмони системаи компютерӣ ва интернет-технология синфхонаи алоҳида, ки бо компютерҳои ҳозиразамону дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошад, мавҷуд аст.
Иттилоъ доданд, ки мувофиқи талаботи бозори меҳнат, дар литсей шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои ошпаз, ошпаз-қаннод, роҳбалад, туроператор-турагент, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ва дӯзандагӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта  мешаванд.
Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи соҳибкасб намудани духтарону занони хонашину бешуғл зоҳир мегардад ва, дар ин замина, дар муассисаи нав курсҳои кӯтоҳмуддати думоҳа ташкил шуд.
Феълан, аз ҳисоби нафарони бешуғл панҷ гурӯҳ барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст.
Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Барои омӯзондани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон 25 нафар омӯзгори ботаҷриба дарс хоҳанд дод.
Иншооти нав дорои китобхона ва маҷлисгоҳ буда, фонди китобхона аз 2300 нусха адабиёти гуногун иборат мебошад.
Муҳлати таҳсил дар литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар заминаи маълумоти миёнаи асосӣ ду сол ва дар заминаи маълумоти миёнаи пурра як солро ташкил дода, рафти таълиму тарбия дар он мутобиқ ба стандартҳои муосири таҳсилот роҳандозӣ мешавад.
Дар марҳилаи дуюми сохтмон дар литсейи мазкур бунёди хобгоҳ бо 350 кати хоб, майдончаи варзиш барои бозиҳои футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, ошхона ва боғ дар назар аст, ки то соли таҳсили 2022 – 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар шаҳри Ваҳдат дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, ин иқдом имкон медиҳад, ки минбаъд мутахассисони касбӣ барои расондани хизмати босифат ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳиву муаррифии имкониятҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон омода шаванд.  
Президенти мамлакат ҳангоми боздид ва суҳбат ба касбомӯзон маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, нозукиҳои касби интихобкардаашонро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда тавонанд ҳамчун мутахассиси кордон фаъолият карда, дар кору пайкори хеш муваффақ гарданд.

БОЗДИД АЗ КИШТИ ЗИРОАТИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР ДЕҲОТИ ЧӮЯНГАРОН
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон – 1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Майдони умумии заминҳои кишти ин хоҷагиҳо 6 гектарро дар бар гирифта, ҳамасола аҳли заҳмат бо дарки баланди маданияти истифодабарии замин аз як то чор ҳосил ба даст меоранд.
Заҳматкашони хоҷагиҳои мазкур соли равон ҳангоми кишти асосӣ дар майдони 4 гектар гандум, 0,6 гектар картошка, 0,55 гектар помидор ва 0,65 гектар беда барои хӯроки чорво кишта, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 77-сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Баҳри расидан ба амнияти озуқаворӣ хоҷагидорон дар кишти такрорӣ низ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Аҳли заҳмати хоҷагиҳо зимни кишти такрорӣ дар майдони зиёда аз 2 гектар ҷуворимаккаи дон, 2,35 гектар мош, 0,45 гектар бодиринг, сабзӣ, карам ва қулфинай коридаанд.
Кишоварзони ин хоҷагиҳо парвариш ва кишти зироатро ҳамасола дар асоси маслиҳату машварати мутахассисон бо интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда, дастовардҳои меҳнатиро сол ба сол беҳтар мекунанд.
Кишти тирамоҳӣ низ дар хоҷагиҳои номбурда бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст.
Кишоварзон, аллакай, дар майдони 0,4 гектар пиёзи барвақтӣ ва 0,1 гектар сирпиёз кошта, ин маъракаро бо ҷамъоварии пурраи ҳосили зироати такрорӣ вусъат мебахшанд.
Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти нашъунамои зироат дар хоҷагиҳои мазкур иттилоъ доданд, ки дар деҳоти Чӯянгарон майдони заминҳои корам 548 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин 170 гектарро лалмӣ ва 478 гектари дигарро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд.
Соли равон кишоварзони деҳот аз майдони  220 гектар гандум беш аз 41-сентнерӣ ва аз 280 гектар сабзавот 340-сентнерӣ ҳосил рӯёнданд.
Кишоварзон нақша доранд, ки дар кишти тирамоҳӣ дар майдони 180 гектар гандум, 20 гектар ҷав, 70 гектар пиёзи бехӣ ва 10 гектар пиёзи баҳорӣ коранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти нашъунамои зироат дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон – 1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» таҷрибаи кишоварзони деҳоти Чӯянгаронро дар самти кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ намуна арзёбӣ карда, барои боз ҳам афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи пурсамару мақсадноки ҳар як ваҷаб замини корам ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат дидан намуданд.
Кишоварзони шаҳр бо мақсади таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, талош намуда, сол ба сол бо кишту парвариши зироати гуногун дар ин самт саҳми назаррас мегузоранд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолиро, ки ҳамасола дар кишти асосӣ, такрорӣ ва тирамоҳӣ парвариш мекунанд, ба тамошо гузоштанд.
Бо ба назар гирифтани вазъияти мавҷуда, ки рушди соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дониста мешавад, хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат майдони кишту парвариши зироати гуногунро беш аз пеш зиёд мекунанд.
Дар намоишгоҳ, ҳамзамон, дастранҷи занбӯриасалпарварони шаҳр ба маъраз гузошта шуда, иқтидори истеҳсолӣ дар ин самт низ муаррифӣ гардид.
Тавре таъкид гашт, гулу гиёҳҳои шифобахш ва майдони васеи ҷангалзори шаҳри Ваҳдат мӯҷиби рушди ин соҳаи даромаднок мебошад. Шумораи оилаҳои занбӯри асал, феълан, дар шаҳр ба 15 ҳазору 522-то расида, занбӯриасалпарварон соли равон 1234 тонна асали хушсифат ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.  Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат, асосан, дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш мешавад ва маҳсулоти он бо таъму мазаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад.
Бо дарназардошти зиёд будани талабгорони асали табиии шаҳри Ваҳдат, Сарвари давлат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати ташкили корхонаҳои бастубанди он бо шаклу усулҳои хоси миллӣ дар минтақа ва истифодаи мақсаднок аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Шаҳри Ваҳдат дорои имконоту иқтидорҳои зиёд дар самти рушди соҳаи парандапарварӣ низ мебошад. Бино ба маълумот, теъдоди паранда дар шаҳр соли равон ба 810 ҳазору 880 сар расонда шуда, 73 миллиону 913 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, дастоварди ҷангалпарварони шаҳр, аз ҷумла хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар рустаниҳои дар ҷангалзори ин минтақа парваришёфта, муаррифӣ шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар ҷангалзори шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯяд ва ҷангалпарварон барои ҷамъоварии беталафи он аз имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ зиёда аз 20 намуд ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.
Дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин, 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият дорад, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ баҳри таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузоранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулону ниҳолпарварони шаҳр, барои истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, бо ҳунари волои бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз ва таомҳои гуногуни миллӣ машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.
Занони шаҳри Ваҳдат дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлатро дар самти омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳама гуна таомҳои миллӣ сармашқи кор қарор додаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба назар гирифтани вазъи феълии ҷаҳон таваҷҷуҳи масъулон ва хоҷагидорони шаҳри Ваҳдатро барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ ҷалб намуда, ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тавлидоти маҳсулот, ба гардиш даровардани заминҳои нав, роҳандозии усулҳои муосири бастубанди маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои давраҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

ИФТИТОҲИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ 110/20/10 КВ ВА ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ 04-КИЛОВОЛТА
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хати интиқоли барқи 04 киловолта дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромитро мавриди истифода қарор доданд.
Татбиқи лоиҳаи бунёди зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хати интиқоли барқи 04-киловолта дар масофаи 53 километр барои дастрасии мардуми деҳот ба неруи барқ нигаронда шуда, он имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳаҳои Коху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, иборат аз 3 100 нафар аҳолӣ, аввалин бор давоми солҳои тӯлонии истиқомат дар ин мавзеъ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Маблағи гранти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 60 миллион сомониро ташкил дода, барои сохтмони зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ “Ромит”, хатҳои интиқоли неруи барқи 110, 20 кВ ва 0,4 кВ, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ва хизматрасониҳои мушовирӣ ҷиҳати назорати татбиқи лоиҳа, равона гардид.
Мардуми шукргузори шаҳри Ваҳдат – сокинони деҳаҳои деҳоти Ромит ба Сарвари давлат барои туҳфаи арзишманд изҳори сипос намуданд, зеро ба шарофати истиқлолият ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар равшанию гармӣ ба хонадони ҳар як сокини деҳаҳои ин минтақа ворид шуд.
Корҳои сохтмониро ғолиби озмун – ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонд. Дар рафти татбиқи лоиҳа 46 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин буд.
Дар баробари  ин, дар доираи лоиҳаи мазкур, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқии ба бунёди инфрасохтори зикргардида алоқаманд аз коргоҳҳои бонуфузи истеҳсолии ширкатҳои Chint Electric ва Jinagsu Rugao High Voltage Electric Appartus-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, Alimar Generator ва Metranak-и Ҷумҳурии Туркия ва Заводи арматурию изолятории Южноуралскийи Федератсияи Россия ворид шуд.
Ҳамзамон, баҳри дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, такягоҳҳои хатҳои интиқоли барқи 20 кВ ва 0,4 кВ ба маблағи   2,4 миллион сомонӣ аз ҶДММ “Поянда” ва зиёда аз 49 тонна ноқилҳои навъи гуногун аз ҶДММ “Ноқили Талко” ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ харида, дар лоиҳа истифода гардид.
Бунёди инфрасохтори барқӣ ва мутаносибан васеъ гардидани имконияти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир дар ин мавзеи сайёҳӣ, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит” барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд, пешбинӣ шуда, бобати амалишавии он Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ давоми солҳои 2016 – 2017 ҳамкориро ба роҳ монд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, бо маблағгузории Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ барои барқтаъминкунии 9 деҳаи деҳоти Ромит сохтмони зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби трансформатори 10 МВА), тахминан 500 метр хати интиқоли барқи 110 кВ, 46,75 км хати интиқоли барқи 20 кВ бо насби 810 такягоҳи оҳанубетонӣ, 15 км хати интиқоли барқи 0,4 кВ бо васлу насби 428 такягоҳ дар ҳамаи деҳаҳои зикргардида, насби 9 нуқтаи трансформатории 20/0,4 кВ, бо насби низоми ҳисоби неруи барқ иҷро гардид.
Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаро Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва ширкати мушовирии KEPCO (Корея) назорат бурданд.
Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор додани онро қадами муҳиме дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ номиданд.

РОҲАНДОЗИИ ҲАВЗҲОИ МОҲИПАРВАРӢ ВА МЕҲМОНХОНАИ ҶДММ “БАҲОР”
8 октябр дар мавзеи зебову  дилфиреби Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхона ва ҳавзҳои моҳипарвариро ифтитоҳ карданд.
Ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи ҶДММ “Баҳор”-и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ моҳи январи соли 2018 оғоз гардида буд.
Аз соли 2019 инҷониб дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёгӣ (речной) ва тиллоранг парвариш мешаванд.
Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадара сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад. Соҳибкор ният дорад бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин карда, содироти онҳоро ҳам ба роҳ монад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2020 дар ҳавзҳо 30 тонна моҳӣ ба фурӯш бароварда шуда, дар нақша аст, ки соли 2021  ин рақам ба беш аз 60 тонна расонда шавад.
ҶДММ “Баҳор”, ки роҳбариашро соҳибкор Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо ширкати “Алераква”-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд.
Ҳангоми сохтмони маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии “Баҳор” зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буд. Акнун, баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ, 50 нафар ба кор ҷалб шуд.
Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст.
Дар даромадгоҳи мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёнаи дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд ёфт.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат лоиҳаҳои иншооти мазкур ва дурнамои кори ҶДММ “Баҳор” муаррифӣ шуд.
Иттилоъ доданд, ки айни замон соҳибкор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 синфхонаи иловагӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 800  хонандаро бунёд менамояд.
Баъди ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи навро мавриди истифода қарор доданд. Он аз ду ошёна ва 50 ҷои қабули меҳмонон иборат буда, дорои ҳамаи шароитҳои зарурӣ мебошад. Меҳмонхона аз ҳисоби даромади софи ширкат дар ин мавзеи дилфиреб сохта шуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми имкониятҳо фароҳам гаштааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони ҶДММ “Баҳор” барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои кор изҳори сипос карданд.
Соҳибкор Саидмуҳриддин Сайфов уҳдадор шуд, ки оянда бо бунёди ҳавзҳои дигари моҳипарварӣ ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ҷойҳои нави кор таъсис медиҳад.

БАИСТИФОДАДИҲИИ ҲАВЗҲОИ МОҲИПАРВАРИИ ҶДММ “МЕҲВАРИ ДУШАНБЕ”
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки ҶДММ “Меҳвари Душанбе” бунёд кард, ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар мавзеи ноободу санглох сохта шудааст.
Иттилоъ доданд, ки қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба масофаи зиёда аз 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расида, барои бо об таъмин намудани ҳавзҳо бо воситаи лӯлаҳои оҳанӣ об оварданд.
Масоҳати гирду атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинондаанд.
Теъдоди ҳавзҳои моҳипарварӣ 30-то буда, масоҳати ҳар яки онҳо аз 100 то 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар онҳо имкон аст, аз 30 то 70 тонна моҳӣ парвариш намоянд. Дар ҳавзҳо парвариши гулмоҳии шоҳона ва осётраро ба роҳ мемонанд. Айни замон дар ҳавзҳои мазкур 5 тонна моҳӣ парвариш мешавад.
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки оянда дар назди ҳавзҳои моҳипарварӣ коргоҳи коркарди моҳӣ низ таъсис меёбад.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари ҶДММ “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев, ки дар соҳаи моҳипарварӣ таҷрибаи хуб дорад, аз соли 2019 дар кӯли Муъминобод фаъолияти  моҳипарвариро оғоз намуд ва 25 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти он шинос шуда буданд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва коргарони ҶДММ “Меҳвари Душанбе” барои талошҳо баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои баланд доданд.

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот карданд.
Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо рафти иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Президенти мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ аз рушду пешрафти кишвар, ободу зебо гардондани Ватани азизамон ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як хонадони халқ, ки бо талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ба даст омадааст, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, барои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ваҳдат - Асомиддин Сайёдӣ – омӯзгор, Фарзона Ҳалимзода – донишҷӯ, Малоҳат Холиқова – омӯзгор, Фарида Ҳоҷиева ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Ваҳдат  бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 3295
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед