logo

порлумон

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. СЕ СОЗИШНОМА БА ТАСВИБ РАСИД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии Буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи мазкурро муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки он дар шароити вазнини иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ки бо сар задани пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, барои ҳаллу фасли мушкилоти молиявии давлат, таъмини музди меҳнат, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тавассути дастгирии Буҷети давлатӣ мебошад. Маблағи созишнома 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Инчунин, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд. Вобаста ба он, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки созишномаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ИДМ мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҷаласа Шараф Шерализода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) афзуданд, ки мақсади асосии созишнома барои рушди равобити тиҷоратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ тавассути пешниҳоди маблағҳо барои тиҷорат ва иштирок дар фаъолияти байнибонкӣ, тиҷоратӣ, инчунин, мусоидат дар таҳкими савдои байналмилалӣ мебошад.
Маблағгузорӣ, асосан, барои рушди тиҷорат ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷа равона мегардад. Тибқи созишнома корпоратсияи мазкур мақсад дорад, ки дар се соли минбаъда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 миллион доллари амрикоиро бе кафолати давлатӣ (ба истиснои корхонаю ташкилотҳои давлатӣ) ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои болозикр амалӣ намояд.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 8874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед