logo

иқтисод

«РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО». ТАҚДИМИ 26 ТРАКТОРИ НАВ БА ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ЧАРОГОҲ

Чанде пеш дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба кишоварзони шаҳру ноҳияҳои пилотӣ - Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯлоб 26 трактори нави тамғаи МТЗ 80/Х, МТЗ 82/1, МТЗ 892/2 тақсим намуд. Иқдоми мазкур бо мақсади бо техника ва мошинолоти нави кишоварзӣ таъмин кардани аҳолии деҳот ва ба ин васила қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо рӯи кор омад.

Ба гуфтаи Абдулаҳад Хоҷазода, директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», норасоии техника ва мошинолоти кишоварзӣ яке аз мушкилиҳои асосии кори деҳқон аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) тадриҷан бартараф шуда истодааст.
- Сатҳу сифати кишт ва натиҷаи заҳмати деҳқон аз ҳолати техника вобастагии калон дорад. Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо бо техникаю мошинолоти муосири кишоварзӣ дастрасӣ ёфта, фаъолияташонро боз ҳам васеътар менамоянд, - гуфт Абдулаҳад Хоҷазода.
Абдусаттор Одинаев, раиси ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи «Миропоқ» - и деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ соҳиби техникаи нави кишоварзӣ шудем ва дар корҳои хоҷагӣ аз онҳо васеъ истифода бурда, мушкилии чандсоларо аз байн мебарем. Техникаҳо барои корҳои саҳроӣ ёрӣ расонда, ба рушди чорводорӣ мусоидат менамоянд.
Дастрасӣ ба техника ва мошинолоти кишоварзӣ имкон медиҳад, ки сол то сол нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ зиёд карда шаванд. Маҳз бо ин мақсад 26 техникаи нави кишоварзӣ ба ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳои ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа тақдим гардид. Дар самти дастгирии рушди соҳа боз як қатор нақшаҳо таҳрезӣ гардидаанд, ки дар доираи чунин лоиҳа ва барномаҳои давлатӣ амалӣ мешаванд.  
Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) маблағузорӣ мегардад. Ҳадафи асосии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо - II» мусоидат ба боло рафтани сатҳи зиндагии чорводорони ноҳияҳои фарогир мебошад.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 890
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед