logo

ҳуқуқ

«БАҲСИ 13 - СОЛА Ё ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ ХУД КАРДАНИ ХОНАИ ҲАМСОЯ»

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Мунаввари Сафар «Баҳси 13 - сола ё ғайриқонунӣ аз худ кардани хонаи ҳамсоя» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 17 августи соли 2020, таҳти № 154 - 155, ба нашр расидааст, дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод.
Муайян гардид, ки намояндаи ваколатдори Шоимардон Раҷабов, Далершо Раҷабов 5 сентябри соли 2012 ба суди ноҳияи Варзоб дар бораи барқарор намудани муҳлати даъво ва аз манзили истиқоматӣ кӯчондан даъво пешниҳод карда, онро чунин асоснок намудааст, ки тибқи шартномаи ҳадия ӯ соҳибмулки манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Варзоб, Ҷамоати деҳоти Варзоб - қалъа, хонаи 82 мебошад.
Ш. Раҷабов соли 2017 аз маҳбас озод гардида, муайян намудааст, ки  хонаашро Шералӣ Сафаров дар асоси маълумотномаи Ҷамоати деҳоти Варзоб - қалъа, ба ҳавлии худаш якҷоя карда, дар он истиқомат дорад. Ш. Сафаров барои сохтакории ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 27 августи соли 2008 бо моддаҳои 334 қисми 1 ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор ва ба ӯ ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда, бо татбиқи зербанди «г» моддаи 5 - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (18 августи соли 2006) аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд.
Бо ин асосҳо аз суд хоҳиш намудааст, ки муҳлати даъво барқарор карда, Ш. Сафаров бо аҳли оилааш аз манзили истиқоматии ӯ бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчонда шавад.
Дар навбати худ Ш. Сафаров аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод намуда, зикр намудааст, ки моҳи ноябри соли 2002 модари Ш. Раҷабов – С. Назарова ба хонаи ӯ омада гуфтааст, ки писаронаш дар Россия зиндонӣ шуда, бинобар ин ӯ хонаи баҳсиро мефурӯшад. Ш. Сафаров хонаро ба маблағи 350 доллари ИМА харида, шартномаи харидуфурӯшро ба расмият надароварда, бо сарфи маблағҳои зиёд онро навсозӣ ва таъмир намудааст. Шоимардон Раҷабов соли 2005 дар ин бора огоҳ гардида, аз суд хоҳиш намудааст, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ аз 14 марти соли 2008 таҳти № 265, ки ба Ш. Раҷабов дода шудааст бекор, шартномаи харидуфурӯши шифоҳии байни ӯ ва С. Назарова вобаста ба манзили истиқоматии болозикр басташуда эътироф карда шавад.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Варзоб аз 11 августи соли 2014 даъвои намояндаи ваколатдори Ш. Раҷабов - Д. Раҷабов оид ба барқарор намудани муҳлати даъво ва кӯчондан аз манзили истиқоматӣ рад ва даъвои муқобили даъвои Ш. Сафаров қисман қонеъ карда, шаҳодатномаи бақайдгирии аз 14 марти соли 2008 ба Ш. Раҷабов додашуда бекор карда, даъвои Ш. Сафаров дар бораи басташуда эътироф намудани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ рад карда шудааст.
Намояндаи ваколатдори Ш. Раҷабов - Д. Раҷабов нусхаи ҳалномаи мазкурро 14 августи соли 2014 дастрас намудааст. Нисбат ба ҳалнома бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии гражданӣ ба Суди Олӣ шикояти кассатсионӣ ва ё назоратӣ пешниҳод нашудааст. Инчунин, Ш. Раҷабов 22 июли соли 2019 ба суди ноҳияи Варзоб оид ба беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 2 августи соли 2016, таҳти № 416 «Дар бораи вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ», беэътибор донистани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун, ба ҳолати аввал баргардондани манзил ва кӯчондан аз манзили истиқоматӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод намудааст.
Бинобар ба маҷлиси судӣ ҳозир нашудани даъвогар Ш. Раҷабов бо дастрасии сархати 6 моддаи 227 Кодекси мурофиавии гражданӣ бо таъйиноти суди ноҳияи Варзоб аз 20 январи соли 2020 аризаи даъвогии ӯ бе баррасӣ мононда шудааст.

А. ИСҲОҚӢ,
муовини раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед