logo

фарҳанг

ВОЛКОВ АЛЕКСАНДР ИВАНОВИЧ. ҚАҲРАМОНЕ АЗ НОВ

Аз овони мактабхонӣ, сар аз солҳои 60 – 70 – уми асри гузашта, ба мавзӯи қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон мароқ пайдо намудам. Он айём дар кулли ташкилоту идораҳои давлатӣ, боғҳои истироҳатӣ – фароғатии шаҳру навоҳии кишвар, мактабҳои ибтидоӣ, миёна, олӣ ва, ҳатто дар баъзе аз хирманҷойҳо, аксҳои нозанини ҷавонмардони қаҳрамони тоҷик назар мерабуданд. Солҳои пеш масъалаи таблиғу ташвиқи қаҳрамонони арсаи ҷангу меҳнат, эҳтирому нуфузи собиқадорон дар сатҳи олӣ қарор дошт.
Аз зумраи қаҳрамонон - номҳои шердилон Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Фатҳулло Аҳмадов, Саидқул Турдиев, Эргаш Шарифов, Тӯйчӣ Эрйигитов, Чӯтак Ӯразов, Ҳайдар Қосимов, Ӯрунбек Яқубов, Раҳимбой Раҳматов, Исмоил Ҳамзаалиев ва чанде дигар дар лавҳи хотир нақш бастааст.
Бо мурур, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намуда, аз хондану фаҳмидани шарҳи ҳол ва қаҳрамонии ҳар яке аз зафарёрон хушнуд мегаштам. Он замон плакатҳои таблиғотии қаҳрамонон 35 нафарро дар бар мегирифт. Солҳо пас дар хусуси 45 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба корзори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 огаҳӣ пайдо намудам.
Пас аз мутолиаи китоби муҳаққиқ Лидия Петровна Сечкина «Твои герои, Таджикистан» (Душанбе, «Маориф», 1985) маълум гашт, ки шумораи қаҳрамонони тоҷикистонӣ 63 нафар будааст. Ҳамин тавр, муддавом ба ин мавзӯъ шуғл варзидам.
Соли 2015 ба ифтихори 60 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд маҷмӯаеро таҳти унвони «Ёдбоди қаҳрамонон» (Хуҷанд, «Ношир», 2015) ба табъ расонд. Дар китоби таҳти назар, дар бораи каҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва дорандагони 3 дараҷаи ордени Шараф, нафароне, ки ба вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) иртибот доштанд, дарҷ ёфта буд. Дар ин китоб бори аввал бо номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Волков Александр Николаевич (?) вар хӯрдам.
Ин ном дар рӯйхати қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, ки моҳи марти соли 2015 устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар, таърихшинос Давлат Халил барои китоби «Пурдил» - и ин ҷониб меҳрубонӣ доштанд низ, мавҷуд набуд.
Дар китоби донишмандони тоҷик Т. Пиров, Н. Назаршоев «Тоджикистон: исторические события, персоналии, термины» в 2 – х тт. (Душанбе, «Офсет», 2010), ки дар хусуси қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ пораҳо оварда шудаанд, оид ба Волков маълумот дарёфт нагардид. 
Барои дарёфти маълумоти бештаре ба сомонаи интернетӣ рӯ овардем. Дар рӯйхати қаҳрамонон як тан диловарро пайдо намудам: Волков Александр Иванович. Аммо ин ҷо нисбати номи падари қаҳрамон номувофиқатӣ дида мешуд. Дар китоби «Ёдбоди қаҳрамонон» номи падари Александр Волков «Николаевич» зикр ёфта буду дар сомонаи интернетӣ он «Иванович» ёд мешуд.
Дар ҳар ду матлаб соли таваллуду вафоти қаҳрамон (1917 – 1944) як хел аст. Номувофиқатӣ дар зодбум мебошад. Дар китоби «Ёдбод…» омада, ки Волков А. Н. соли 1917 дар шаҳри Калуга ба дунё омадааст. Дар сомонаи интернетӣ, маълумоте - шарҳи ҳоле, ки Л. Е. Шейнман, аз шаҳри Ижевски Россия пешниҳод намуда, омадааст, ки Волков А. И. соли 1917 дар стансияи Нов, ҳозира ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Дар матнҳо боз чанд номутобиқатии дигар ҳаст, ки онҳо таҳқиқ мехоҳанд.
Ин дафъа дар боби мутобиқат хоҳем гуфт:
1. Аксҳои ҳар ду матлаб як аст.
2. Дар ҳар ду матлаб ҳам соли таваллуд ва вафот саҳеҳ омада (1917 – 1944).
3. Номи падари қаҳрамон, чуноне Ш. Алиев дар суҳбат бо ин ҷониб иброз доштанд, дар «Ёдбод…» шояд саҳв шуда бошад. Ва ному насаби дурусти қаҳрамон Волков Александр Иванович мебошад.
4. Қаҳрамон ба ноҳияи Нов (Спитамени ҳозира) иртибот дорад.
5. Падар (мошинист) - у писар дар роҳи оҳани Придоновои ноҳияи Нов кор мекарданд.
6. Ҳар дуро ҳам соли 1938 ба стансияи роҳи оҳани шаҳри Қӯқанд мегузаронанд.
7. Волков А. И. аз ҳамон ҷо ба ҷабҳа рафта, дар корзор ҳамчун танкчӣ қаҳрамонӣ нишон дода, ҳалок мешавад.    
Хулоса: Волков Александр Иванович, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, ба ноҳияи Нов (ҳозира Спитамен) – и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот дорад.
Акнун ба шарҳи ҳоли Волков Александр Иванович - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз стансияи Нови ноҳияи Спитамен таваҷҷуҳ менамоем.
Волков А. И. (19 августи соли 1917 – 19 сентябри соли 1944) дар стансияи Нов, ҳозира шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ рус.
Падараш дар стансияи роҳи оҳан ба сифати мошинист кор мекард. Александр соли 1940 мактаби миёнаи № 2 - и маркази ноҳияро хатм намуда, дар назди падараш ёрдамчии мошинист мешавад. Онҳо дар стансияи Придоновои ноҳияи Нов кор мекарданд. Соли 1942 падару писарро ба стансияи роҳи оҳани шаҳри Қӯқанд мегузаронанд.
Бо даъвати комиссариати ҳарбии Андиҷон (?) Александрро ба аскарӣ мегиранд. Вай омӯзишгоҳи танкиро хатм менамояд. Дар армияи амалкунанда аз 17 августи соли 1944 дар ҳайати фронти 1 - уми Прибалтика бар зидди душманон дар разм мешавад.
Дар рафти амалиёти Рига, дар ҳудуди Латвия, корнамоии бемисл нишон додааст. Фашистон дар маҳали шаҳри Добеле 18 сентябри соли 1944 бо 7 танк ва тӯпи вазнини ҳамлавари «Фердинанд» бар танкчиёни советӣ ҳамла мекунанд. Дар ин набард командири танки Т – 34 – 85 лейтенант Александр Волков бо тири якум танк, ду тӯпи «Фердинанд» ва боз як танки душманро оташ зад. Душманон танки А. И. Волковро аз кор мебароранд. Тирпуркунанда ва радист – пулемётчӣ ҳалок шуданд. Командири танки оташгирифта ҷангро идома дода, боз як танки душманро маҳв намуд. Командири тӯп В. Ф. Величко низ ҳалок шуд. А. И. Волков ҳамроҳи механик – ронанда П. Х. Басенков аз танки оташгирифта худро ба берун партофтанд. 19 сентябри соли 1944 Александр Волков аз ҷароҳат ва сӯхтаи дараҷаи 3 - и тамоми баданаш дар госпитал фавтид.
Бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 24 марти 1945 барои иҷрои намунавии супориши ҷангии фармондеҳӣ дар мубориза бар зидди фашистони истилогар ва нишон додани ҷасорат ва қаҳрамонӣ Волков Александр Николаевич бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мукофотонда шуд (пас аз марг).
Бо ҳамин фармон механик – ронанда П. Х. Басенков ва командири тӯп В. Ф. Величко низ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадр гардиданд.
А. Волков дар қасаба (қария) – и Стэделниэки волости Платонск, ҳозира кишвари Елгавск, дар гӯристони ҳарбӣ (қабри № 51) мадфун гашт. Дертар дар гӯристони ҳарбии хутори Поки (ҳозира кишвари Елгавск), волости Виртсавск аз нав дафн гардид. Ҳамон ҷо ҳайкали А. Волковро гузоштанд.
Бо орденҳои Ленин (24 марти соли 1945) ва Ситораи Сурх сазовор гардидааст.  
Барои гиромидошти хотираи Александр Волков дар саҳни ҳавлии МТМУ №17, маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд.
Соли 2005 бошад, дар арафаи 60 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, дар «Гулгашти қаҳрамонон» расми Александр Иванович Волковро  низ ҳамроҳ намуданд.

Умари ШЕРХОН, публитсист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед