logo

иқтисод

ЛИМӮПАРВАРӢ. ЧӢ ГУНА ОНРО РУШД ДИҲЕМ?

Ситруспарварӣ яке аз  соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ буда, дар таъмини  амнияти озуқаворӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои кор нақши муҳим дорад. Рушди соҳаро дар асоси дастовардҳои илмӣ ба роҳ мондан ва истеҳсолотро ба  илм бештар алоқаманд кардан вазифаи аслии ситруспарварон мебошад.
Хусусияти шифобахшию парҳезии меваҳои ситрусӣ боиси васеъ парвариш ёфтани онҳо дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон гаштааст. Меваҳои ситрусиро дар саноатҳои фармасевтӣ, қаннодӣ, консервбарорӣ ва ғайра истифода мекунанд. Меваи лимӯ воситаи беҳтарини зидди бемориҳои норасоии витаминҳо, шамолхӯрӣ, синга, терапевтӣ, муолиҷаи баъдиҷарроҳӣ, давои хуб барои сабзидани ҷойҳои бурида, шикаста ва захмишудаи бадан, мустаҳкам намудани рагҳои хунгузар, баланд бардоштани реаксияи иммунӣ - биологии организм,  рафъи бемориҳои инфексионӣ, аз ҷумла барои табобати COVID - 19, мебошад.
 - Лимӯ рустании ҳамешасабзи гармӣ ва рӯшноидӯст, ба намнокӣ ва ғизо эҳтиёҷманд ва ба хунукӣ ноустувор буда, дар хунукии 6 - 8 дараҷа сахт осеб меёбад. Дар минтақаҳои субтропикии намноки иқлимашон гарм рустаниҳои лимӯ ва ситрусиҳои дигарро дар заминҳои кушод парвариш менамоянд. Дар Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ лимӯро дар муҳити пӯшида - лимӯхонаҳои типи ҳандақ ва рӯйизаминии гуногун парвариш менамоянд. Лимӯ вобаста ба навъҳои рустанӣ аз 2 то 4,5 метр қад мекашад, - гуфт Қутбиддин Рукниддинов, ходими калони илмии шуъбаи  зироатҳои субтропикии Институти боғпарварию сабзавоткорӣ.
    Олимони ватанӣ исбот кардаанд, ки лимӯи тоҷикӣ бо пӯсти тунук, таъми махсус, серширагӣ ва накҳати форамаш фарқ мекунад.  Лимӯи Тоҷикистон дар аксари кишварҳо эътибори арзанда дорад. Масалан, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И чанде пеш ҳангоми тамошои ярмаркаи байналмилалии хайрия, ки бо номи  «Муҳаббат сарҳад надорад» дар Пекин баргузор гардид, ба лимӯҳои Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Омӯзиши усулҳои парвариши навъҳои лимӯ ва дигар рустаниҳои ситрусӣ дар кишвар соли 1934 оғоз ёфт. Дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон – Қӯрғонтеппа (Кӯшониён), Панҷ, Фархор, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ барои омӯхтани хусусиятҳои зироатҳои субтропикӣ пойгоҳҳо ташкил ва миқдори зиёди навъҳои лимӯ, афлесун, мандарин, грейпфрут ва ғайра аз Гурҷистон дастрас карда шуданд. Ба гуфтаи олимони соҳа, дар шароити водии Вахш дар тобистон аз сабаби ҳарорати баланди гармӣ ва намнокии кам гулҳои тобистона ба гули пучи бегардгирак табдил ёфта, мерезанд. Гулҳои тирамоҳӣ низ дар ҳарорати пасти зимистон зарар дида, мерезанд ё аз афзоиш бозмемонанд. Бинобар ин, асосан, гулҳои баҳории барвақтӣ мутаъдил инкишоф ёфта, ба меваи хушсифат табдил меёбанд ва моҳи октябр пухта мерасанд.
Ин рустаниро аз зимистон солиму безарар бароварда, тоза нигоҳ доштан  гарави ҳосили баланд мебошад. Ҳангоми аз таъсири шароити номусоид рехтани барг низ рустанӣ ҳосил намедиҳад, зеро барои як муғҷаро то меваи пухтарасида табдил додан на кам аз 10 - 15 дона барги фаъоли фотосинтетикӣ лозим аст.
Барои рушди соҳа  майдони парвариши рустаниҳои ситрусиро дар лимӯхонаҳои типҳои ҳандақӣ ва рӯйизаминӣ васеъ, сохти онҳоро мукаммалу замонавӣ намудан ва усулҳои нави парвариш, назири  обмонии катрагиро роҳандозӣ бояд кард. Ҳоло барои аз зимистон солиму безарар баровардани рустаниҳои ситрусӣ намудҳои гуногуни лимӯхонаҳои ҳандақӣ, грунтсаройӣ, нимҳандақ, рӯйизаминӣ, майдаҳаҷми рӯйизаминии бо чорчӯбаҳои гармхонагӣ (парникӣ) пӯшида,  бо қувваи барқ гармшаванда ва девордори рӯйизаминии барои истифода бе гармидиҳии сунъӣ пешбинишуда дар таҷриба омӯхта, барои парвариш намудани рустаниҳои ситрусӣ дар истеҳсолот тавсия дода шудаанд.

Нигина РАҲМОН,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед