logo

туризм

ДАРАИ МУХТОР

Ховалинг яке аз гӯшаҳои нодири кишвар аст. Дар ин сарзамин ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ, ки қимати байналмилалӣ доранд, зиёд мебошанд. Ин гӯшаи диёри тоҷикон таърихи  ҳазорсоларо дар худ маҳфуз медорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат мекунад. Яке аз гӯшаҳои таърихии ноҳия Дараи Мухтор мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 – уми августи соли 2019 ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ноҳияи Ховалинг сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин сафар дар қатори иншооти ҷашнӣ, бинои навбунёди осорхонаи таърихии кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи  қаҳрамон, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Бинои осорхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба маъраз гузошта шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 1893 нигора, аз ҷумла 1393 асосӣ ва 500 ёрирасон мавҷуд аст.
Феълан дар осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти Восеи қаҳрамон ва маснуоти мисӣ, чӯбӣ, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд. Ҳамчунин, пайкараи қаҳрамон дар рӯбарӯи бинои нав бо баландии 6 метр қомат афрохтааст, ки нишона аз эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 таҳти рақами 571 ба осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Муассисаи давлатии Осорхона – мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, номгузорӣ гардид. Ҳамчунин, дар мавзеи Дараи Мухтор меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт сохта шуд. Шурӯъ аз 1 феврали соли 2016 осорхона зери роҳбарии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ қарор дорад.
Аз ибтидо то 1 феврали соли 2016 роҳбарии онро яке аз аберагони Восеъ  Раҷабалӣ Камолов ба уҳда дошт. Алҳол осорхона аз панҷ толори асосӣ, руҷӯи шӯриш, асбобҳои рӯзгори мардумӣ, дар ҷустуҷӯи Восеъ, ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаҳои Ховалинг дар аҳди қадим, ҳамзамон, дастовардҳои истиқлол, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад, адибони Ховалинг ва дигар маълумоти таърихиву бозёфтҳои қадима, ки ифодагари таърихи диёри  куҳан мебошанд, гирд оварда шудаанд. Дар давоми як сол ба осорхона 150 – 200 нафар сайёҳи хориҷӣ ва 2500 – 3000 нафар тамошогар ташриф меорад. Ҳамчунин, бояд гуфт, навсозии ин мавзеи таърихӣ, барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ замина фароҳам хоҳад овард.
Гуфтаниҳои ногуфта
Деҳаи Дараи Мухтор, зодгоҳи Восеъ – қаҳрамони халқи тоҷик дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, дар масофаи 5  километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Масоҳати умумии осорхона – мамнӯъгоҳ 3, 59 гектарро дарбар мегирад. Деҳа бо табиати дилфиреб, боғу роғаш дили ҳар бинандаро тасхир менамояд. Деҳаи дараи Мухтор яке аз деҳаҳои таърихии ноҳияи Ховалинг буда, таърихи 400 - сола дорад. Дар гузашта ин деҳа мадраса ва масҷиди обод дошт. Дар ин ҷо шахсиятҳои шинохта - домулло Қосим, домулло Қодир бо унвони эшони халифа табибони халқӣ, домулло Бурҳон, Эшони Ҳақназар, мулло Айниддин донандагони илми нуҷум, момаи Мамлакат, Қамар ва Дурҷамол - табибони халқӣ сукунат доштанд. Моҳи майи ҳамон соли 1969 бо сабаби кандашавии замини болои деҳа сокинони маҳалла ба макони нав кӯчонда шуданд. Моҳи сентябри соли 1988, дар ҷумҳурӣ 100 - солагии шӯриши Восеъ ҷашн гирифта шуд ва бо ин муносибат, боғ – осорхонаи таърихии шӯриши Восеъ аз нав таъсис дода шуд. Восеи қаҳрамон, дар ҳамин деҳаи хушобуҳавои Дараи Мухтор ва муҳити хеле солими фарҳангии он ба дунё омада, ба камол расидааст. Восеъ деҳқони одии ҷувозкаш, вале босаводу ҷасур, дилсӯзу дурандеш будааст. Аввалин шарораҳои озодихоҳона дар замини ӯ дар ҳамин деҳа равшан гардидааст.
Хонаи Восеъ дар замонаш макони парвариши бекасу бенавоён будааст. Айни ҳол бошад, онро меҳмонхонаи барҳавои замонавӣ иваз намудааст ва чароғаш ҳамеша фурӯзон аст. Тавре мӯйсафедони деҳа иброз медоранд, айни замон аз наберагони Восеъ касе дар қайди ҳаёт нест. Вале шумораи аберагонаш аз 100 зиёд аст. Онҳо дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон сукунат доранд. Саддаи сарсабзу хуррам, ягона дастниҳоли Восеъ аст, ки он дар роҳи даромади хонааш шинонда шудааст нишони ӯст. Суфаи зери чанорҳои сарбафалаккашида, ҳоло ҷои қабули меҳмонони деҳа мебошад.
Романи «Восеъ» - и нависанда Сотим Улуғзода дар ҳамин суфа тавлид ёфтааст. Чашмаи канори чанорҳо чашмаи қадима дар байни мардум бо номи чашмаи Чрак машҳур мебошад. Ба гуфтаи масъулон ҷувозхонаи Восеъ дар ҷои ҳозираи сангдеворҳо ҷойгир буд ва аҳли деҳа аз он барои эҳтиёҷоти худ истифода мебурданд. Бо ташаббуси бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 ҷувозхона ва ҷувози қадимаи Восеъ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор ва ба намоиш гузошта шуд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 4003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед