logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ ФИЗИКӢ
1. Зарраҳои хурдтарини моддаҳо. 
2. Воҳиди фишор дар системаи байналмилалии вохидхо СБ.
3. Асбоб барои чен кардани қувва.
4. Бузургии физикӣ, ки бо таносуби вазни бадан ба ҳаҷми он муайян карда мешавад.
5. Тағйири шакл ё андозаи ҷисми сахт дар зери таъсири қувва ва ё ҳарорат.
6. Ҳодисаи физикии ҷараёни воридшавии мутақобилаи молекулаҳо ё атомҳои як модда дар байни молекулаҳо ё атомҳои дигар модда.
7. Ҳодисаи физикии нигоҳ доштани суръати ҷисм ё оромӣ ҳангоми набудани таъсири ҷисми дигар, қисми физика, ки ҳаракати ҷисмҳо ва робитаи байни онҳоро меомӯзад.
8. Асбобе, ки суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳи паймудаи онҳоро чен мекунад.
9. Воҳиди ченаки кор дар системаи байналмилалии воҳидҳо СБ.
10. Олими физики даврони шӯравӣ дар самти физикаи ядроӣ.

Таҳияи Ҷумагул НАЗАРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат

ҶАВОБҲО БА МУАММОИ «КӢ МЕДОНАД?» АЗ 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
1. Арасту. 2. Уқоб. 3. Баҳор. 4. Ратл. 5. Ладога. 6. Аминона. 7. Арагон. 8. Наниманча. 9. Амак. 10. Каср. 11. Ранда. 12. Архимед. 13. Дӯстӣ. 14. Иртиш. 15. Шарқ. 16. Қалб. 17. Боку. 18. Уторид. 19. Домодедово. 20. Осимӣ. 21. Итқӣ. 22. Ихват. 23. Тоҷик. 24. Кӯлоб. 25. Бист. 26. Тилло. 27. Олам. 28. Мирзо. 29. Оро. 30. Омега. 31. Ариза. 32. Акка.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Вақте ки падарам ин қисми саргузашти худро ҳикоя мекард, мегуфт:
- Ман барои хондан ишқу ҳаваси бисёр доштам, бинобар ин, намехостам, ки хонадор шуда, аз хондан бозмонам. Аммо дидам, ки падар ва модарам пир шудаанд ва баъд аз ин бе ёрии ман зиндагиашон душвор аст, ночор корро қабул кардам.
* * *
Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,
Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.
Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,
Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020:
Ҳаким Карим,  Мирзо Турсунзода.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА

*********************************
Генри Форд: "Агар шумо гумон доред, ки ба ҳама кор қодиред, ҳақ ҳастед ва агар фикр мекунед, ки чизе аз дастатон намеояд, боз ҳам  ҳақед".
Таҳияи Нигина РАҲМОН


МАҲАТМА ГАНДИ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Писари Маҳатма Гандӣ мегӯяд: Падарам дар шаҳр конфронси яксоатае дошт. Аз ман хоҳиш кард, ки ӯро ба маҳали конфронс расонам. Вақте ӯро расондам, гуфт: - Соати 17:00 ҳамин ҷо мунтазират ҳастам, то бо ҳам баргардем. Ман аз фурсат истифода карда, барои хона харид намудам. Ҳамчунин, мошинро ба таъмиргоҳ бурда, баъд аз он ба синамо рафтам. Соати 17:30 ба ёдам расид, ки бояд дунболи падарам равам. Вақте ки наздаш расидам, соат 19:00 шуда буд. Падарам бо нигаронӣ пурсид: - Чаро дер кардӣ? Бо шармандагӣ ба дурӯғ гуфтам: - Мошин омода набуд, маҷбур шудам, ки мунтазир монам. Падарам, ки қаблан ба таъмиргоҳ тамос гирифта буд, гуфт: - Дар равиши тарбияи ман ҳатман нуқсе вуҷуд доштааст, ки ба ман дурӯғ мегӯӣ. Барои он ки бифаҳмам нуқси ман куҷост, ин 18 км роҳро то хона пиёда меравам, то дар ин бора фикр кунам. Муддати панҷу ним соат пушти сари падарам мошин мерондам ва ба падарам, ки ба хотири дурӯғи аҳмақонаи ман ғарқи нороҳатӣ ва андуҳ буд, нигоҳ мекардам. Ин буд, ки ҳамон ҷо тасмим гирифтам дигар ҳаргиз ба ӯ дурӯғ нагӯям. Ин амали орӣ аз хушунати падарам чунон неруманд буд, ки баъд аз гузашти 80 сол аз зиндагиам, ҳанӯз ба он меандешам.
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


ОЁ МЕДОНЕД?

* Ӯзбекистон аз ҷиҳати истеҳсоли тилло яке аз калонтарин кишварҳои дунё (100 тонна дар як сол) мебошад.
* 66 дарсади одамони рӯйи Замин барфро надидаанд.
* Покистон аз ҷиҳати парвариши картошка дар байни давлатҳои Осиё ҷойи аввалро ишғол мекунад.  Ҳаҷми истеҳсоли солонааш 10 миллион тонна - 60 дарсади картошкаи Осиёро ташкил медиҳад.
* Як грамм заҳри мори афъӣ ба ҳисоби миёна метавонад 140 сагро кушад.
* 102 нафар дорандаи ҷоизаи Нобел шаҳрвандони Олмонанд.
Таҳияи Кароматулло АТО


40 СОЛ  СӮЗАН ДАР МАЙНАИ САР
Сокини 41 – солаи шаҳри Сзинани Чин 20 сол пеш ба дарде гирифтор шуд, ба зӯр  дасту пойҳояшро ҳаракат медод. Ба даҳҳо беморхонаву дармонгоҳҳо рӯи ниёз овард. Вале ягон табиб давои дарди ӯро наёфт. Билохир, як табиби шаҳри Пекин, ки ба вай зани азоби алим кашида муроҷиат намуд, сабаби бемориро муайян кард. Маълум шуд, ки 40 сол пеш, вақте ки ҳанӯз тифл буд, ба сари устухони ҳанӯз шахнашудаи ӯ сӯзане, шояд модараш афтонда бошад, чун неши занбӯр фурӯ рафтааст. Баъди 20 сол сараш ба дард даромад ва ӯ 20 соли дигар дар азоб буд. Танҳо баъди аз сараш берун овардани сӯзан, вай оҳи сабук кашид, зеро дард дар они воҳид аз баданаш ғайб зад. Ба қавли табиб, сӯзан ба як ҳуҷайраи майнаи сар, ки вазифаи ҳаракатро идора мекунад, фишор дода, дарди ҷонгудозро падид меовардааст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


КАЛОНТАРИН ТАМБАШАВИИ АВТОМОБИЛҲО ДАР ДУНЁ
Аввалин бор дар дунё тамбашавии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар иёлати Вашингтон (ИМА) соли 1969 ба миён омад. Сабаби он баргузории фестивали рок зери унвони «Вудсток» буд, ки он замон дар миёни ҷавонон ва одамони миёнасол маҳбубият дошт. Бештар аз 500 ҳазор дорандагони автомобил дар роҳ ба сӯи маҳали доиршавии консерт ба масофаи 32 километр қатор гардиданд. Чунин тамбашавиҳо баъдан соли 2005 дар иёлати Техас (ИМА) ба масофаи 160 километр ва дар Фаронса ба масофаи 175 километр ба қайд гирифта шуданд. Бузургтарин танбашавӣ соли 2010 дар Чин сурат гирифт ва он муддати 11 рӯз давом кард, ки бештари ронандагонро ба ҳолати маъюсӣ расонд, зеро онҳо дар дохили мошин ҳам мехобиданду ҳам хӯрок мехӯрданд. Аз ин ҳолати рӯйдода савдогарони кӯчагӣ истифода бурда, маҳсулоташонро бо нархҳои баланд савдо мекарданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 


МОТСАРТ  ДАР ХУРДӢ КАЛОНКОР БУД
Шоири шаҳири рус Александр Пушкин ба ҳунари волои оҳангсози маъруфи ҷаҳонӣ Мотсарт эҳтироми воло қоил буду ӯро шоҳи санъат мехонд.
Барои шоир, воқеан, аҷиб буд рӯзгори тифлии ҳунарманд. Ӯ ҳанӯз дар чорсолагӣ сари асбоби мусиқӣ нишаста, машғули эҷод мешуду на танҳо мусиқӣ, балки оҳанги дилнишин меофарид ва бо асбоби қадимаи пианиномонанд барномаи консертӣ омода менамуд. Дар шашсолагӣ скрипканавози моҳир буд. То ҳаштсолагӣ бо хоҳари соҳибистеъдодаш  тамоми кишварҳои Аврупоро сайр карда, дар шаҳрҳои Вена, Париж ва Милан бо барномаҳои ҷолиби консертӣ табъи ҳаводоронашро хуш кард. Ҳатто дар назди қароргоҳи шоҳи Фаронса, дар Версал бо ҳунари волояш шоҳу дигар  ашрофзодаҳои фаронсавиро ба ваҷд оварда буд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


РОСТАН
Вақте сарватманди номдори франсуз драматурги рафиқаш Ростанро ба меҳмонӣ даъват мекунад, аз ҳашамати хонаи қасрмонандаш лоф зада, чунин мегӯяд:
- Бинед дӯстам, тамоми ин дороиҳоро ҳамагӣ аз 500 франки ночиз, ки тағоям мерос монда буд, ҷамъ кардам. Магар каси дигар метавонад чунин қудрат дошта бошад?
Аз қазо ҳамагӣ баъди чанд рӯз пйесаи Ростан "Сирано де Бержерак" ба намоиш гузошта мешаваду ба муаллиф ҳам шуҳрат ва ҳам маблағи хеле зиёд меорад. Миёни мухлисони бешумор, ки мехостанд соядаст бигиранд, Ростан рафиқи сарватмандашро дида, чунин мегӯяд:
- Ҳамаи инро ман аз 25 ҳарфи алифбои мактаби ибтидоӣ ба даст овардам. Магар каси дигар метавонад чунин қудрат дошта бошад?
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


КИШВАРҲОИ АВРУПО:  ИСТЕЪМОЛИ МАШРУБОТ
1. Чехия -  14, 5
2. Литва -  13, 2
3. Германия -  12, 9
4. Ирландия -  12, 9
5. Люксембург - 12, 9
6. Латвия -  12, 8
7. Болгария -  12, 7
8. Испания -  12, 7
9. Фаронса -  12, 3
10. Австрия -  12
11. Португалия - 12
Аз рӯи маълумоти Созмони тандурустии ҷаҳонӣ.
Дар як литри спирти этилӣ ба сари як нафар аҳолӣ аз синни 15 - сола боло.
Таҳияи Умар АЛӢ


ЧАНД ФАКТИ АҶИБ ДАР БОРАИ МОҲӢ
МОҲИИ ХУШКИГАРД
Дар Сейлон моҳиҳои хушкигард зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳангоми хушк шудани оби кӯлу дарёҳо ба соҳил баромада, то кӯлҳои ҳамсоя бемалол хазида мераванд. Аҷибаш он аст, ки кӯлу дарёҳои атрофро бехато муайян мекунанд.
Онҳо дар хушкӣ зиёда аз як ҳафта зиндагонӣ карда метавонанд ва дар ин муддат як - яку ним километр масофаро тай мекунанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


700 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА  НАРХИ ЯК ҚОЛИН
Қолини калонтаринро бо фармоиши шоҳи Арабистони Саудӣ соли 2007 бофтанд ва он баъд аз як сол ба истифода супурда шуд.
Ба бофтани қолин 1200 зан ҷалб шуда, ҳаққи хизматашон 1 миллиону  200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Қолинро дар Нишопур зери назорати устои қолинбоф Алӣ Холиқӣ бофтанд. Нархи қолин 700 000 000 доллари ИМА буда, вазни он 47 тонна ва ҳаҷмаш 5 ҳазору 627 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Таҳияи Кароматулло АТО


100  ФАКТИ ҶОЛИБ
11. 99 дарсади тилло дар ядрои Замин ҷойгир аст. Ин ним метри қабати болои Заминро ташкил мекунад.
12. Киви ягона парандаест, ки бол надорад.
13. Хум хурдтарин шаҳри рӯи Замин мебошад. Тибқи маълумот, дар он ҳамагӣ 72 нафар зиндагӣ мекунад.
14. Боз дар миёни парандаҳо тезпарвозтарин ба шумор меравад. Суръати парвозаш дар 1 соат ба 200 км баробар аст.
15. 99 дарсади Либия биёбон аст. Дар баъзе минтақаҳои ин кишвар даҳсолаҳо борон намеборад.
16. Забони хамелеон ду баробари қадаш мебошад.
17. Хорпуштҳо бе сӯзан ба дунё меоянд. Хорҳои пушташон баъди якчанд соати таваллуд пайдо мешаванд.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


ЭҲСОНКОРӢ БИНМОВУ
 ШОД БИЗӢ
Миллиарддор ва муассиси ширкати Duty Free Shoppers Чак Финӣ пас аз он, ки қариб ҳамаи пулҳои худро ба эҳсонкорӣ сарф кард, муфлис гардид. Ӯ тайи чил соли охир пинҳонӣ ба созмонҳои эҳсонкор, донишгоҳҳо ва фондҳои хайрия бештар аз 8 миллиард доллар дод. Соли 2012 тасмим гирифт, ки барои худ ва завҷааш ҷиҳати нафақа наздики 2 миллион доллар ҷудо намояд ва маблағи боқиро тақсим бикунад. Собиқ миллиарддор бо завҷааш дар ҳуҷраяки назарногири «донишҷӯӣ» дар Сан - Франсиско зиндагӣ мекунад. Замони сарватмандиаш ин мард ба ҳаёти одамони дунё таъсири мусбат  расондааст.  Ба хотири  сулҳи Ирландияи Шимолӣ, беҳтар намудани системаи тандурустии Ветнам ва табдил додани ҷазираи фаромӯшшудаи Рузвелт ба маркази технологияи баландсифат маблағҳои зиёди худро харҷ кард. Бештари маблағ - 1 миллиардро ӯ ба Донишгоҳи Корнелск дод. Ба дигар донишгоҳҳо дар маҷмӯъ 2, 7 миллиард гузаронд. Бештар аз 870 миллион доллар ҷиҳати дастгирии ҳуқуқи инсон ва тағйироти иҷтимоӣ, 62 миллион доллар ба барномаҳои грантии мухталиф, ки барои бекор кардани ҳукми қатл дар ИМА мубориза бурдаанд, додааст.
Сарватманд мегӯяд: «Имрӯз, ки зиндаӣ, бештар хайр бикуну мардумро шод бинмо, дар ёдҳо то абад бимонӣ».
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ЧАРХИ БАЛАНДТАРИН
Баландтарин чархи саворию тамошои дунё - Singapore Flyer бо баландии 165 метр  дар Сингапур ҷойгир мебошад. Он дорои 28 кабина буда, дар ҳар кабина 28 нафар озод ҷой  мегирад. Нархи як маротиба савор шудан 21 доллар ва муҳлати як бор чарх задан 28 дақиқа аст.
Таҳияи Матлуба ШАРИФОВА


ҶОРҶ ВАШИНГТОНИ САРФАКОР
Ҷорҷ Вашингтон (1732 – 1799), Президенти нахустини ИМА (1789 – 1797), муборизи роҳи озодӣ, яке аз асосгузорони Амрико ва  падари  миллат, дорои иродаи қавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ҳамзамон, тамоми умр беандоза сарфакор буд. Ҳамин аст, ки акси ӯро дар воҳиди пулии камтарин - 1-доллара ҷой додаанд. Ӯ ҳатто бухгалтерияи оилавӣ дошт ва ба пул хеле эҳтиёткорона муомила мекард.
Баъди ду муҳлати президентӣ ба ягон вазифаи давлатӣ майл накард ва то охири умр ба зироатпарварӣ машғул шуд.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


«ҲАНГОМИ ХОНА РАФТАН ШУД»
Дар Ҷопон ҳолатҳои аз меъёр зиёд кор кардани кормандонро дронҳо назорат мекунанд. Ин дронҳоро ширкати ҷопонии Taisei барои назорати фаъолияти ходимони офиснишин сохтааст. Дрон пас аз анҷоми вақти корӣ назди корманди меҳнатӣ омада, бо мазмуни «ҳангоми хона рафтан шуд» суруд мехонад.
Дрон соли 2018 ба фурӯш баромад. Он T - Frend ном дошта, бо камера ва системаи мухтори навигатсионӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳамчунин, дрон кормандонро аз маҳкам шудани коргоҳ ва баста шудани дарҳо огоҳ мекунад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


СУХАН  ДОНИСТА ГӮ …
Ҷавони бадҷаҳле ғазабашро дошта наметавонист. Падар аз ин феъли писар бохабар шуд ва ба дасташ як даста мехе дода фармуд, ки ҳар гоҳе касеро ранҷонад, мехе ба сутуни назди девор бизанад. Рӯзҳои аввал даҳҳо мехро ба сутун мезад ва оҳиста – оҳиста ғазабашро идора мекардагӣ шуд. Ҳамзамон, фаҳмид, ки аз мех кӯбидан дида, худро идора кардан авлотар аст. Замоне фаро расиду аз ранҷондани мардум даст кашида, ягон мех ба сутун накӯбид ва дар ин бора падарро огоҳ намуд. Падар дар посух гуфт: «Акнун ҳар вақте худро аз бад гуфтан бозмедорӣ, як мех аз сутун бикан». Ҳамин тавр, бо гузашти замон дар сутун ягон мех намонд ва падар низ аз ин кор бохабар гашта гуфт:
- Ту аз уҳдаи кор баромадӣ, аммо бубин дар сутун чӣ қадар сӯрохӣ боқӣ монд. Он ҳеҷ гоҳ ба ҳолати пештара барнамегардад. Акнун ин суханонамро фаромӯш макун. Ҳар гоҳ касеро носазо гуфта ранҷонӣ ва баъд аз он чӣ қадаре узру бахшиш бипурсӣ, суде надорад ва доғи он  то абад дар қалбҳо боқӣ мемонад.                                           
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АГАР ДАР АСРИ САНГ МУҲАРРИР МЕБУДАМ…
Марк Твен, ки муҳаррири маҷалла буд, хондани дастнависҳо вақти аз ҳад зиёдашро мегирифт. Чун қисмати бештари онҳо хому бепоя буданд, устодро боз чанд баробар зиёдтар асабӣ мекарданд. Боре ба қуттии калони партов, ки аз дастнависҳои нокора пур шуда буд, нигариста бо алам чунин мегӯяд:
- Афсӯс, замоне ки одамон дар санг менавистанд, муҳаррир набудам, вагарна аз дастнависҳои пуч барои худ қасри боҳашамате месохтам. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ТАНҲОТАРИН ОДАМОНИ ДУНЁ
3. ТОМАС СИЛВЕРСТАЙН
 Аслан, як амали муқаррарист, вақте маҳбусро барои кирдори ношоистатаре ба муҳлати чанд рӯз дар камераи алоҳида ба танҳоӣ ҳукм мекунанд. Вале гап сари 36 сол аз умри як нафар меравад, ки дар камераи таҳхона тани танҳо гузарондааст. Томас ҳамагӣ як бор ва барои як ҷинояти кӯчаки дуздӣ зиндонӣ мешавад ва ҳеҷ гумон надошт, ки дигар дунёи рӯшанро бо чашми сар намебинад.
Аз содагӣ ва ё ноилоҷӣ буд, ки дар маҳбас бо гурӯҳи ҷинояткорони ба қавле «одамхӯр»-и «миллатгароёни сафед» мепайвандад ва дар чанд куштори маҳбусони дигар дастдарозӣ мекунад. Ниҳоят, баъди куштори корманди маҳбас ӯро ба таҳхона бурда, дар камераи алоҳида қулф мезананд. Чун ҷиноят вазнину нобахшиданӣ буд, Томасро, ҳатто, аз ҳуқуқи бо касе алоқа кардан, маҳрум месозанд. Ҳамин тариқ, Томас 36 соли умри худро дар таҳхонаи зиндон тани танҳо гузаронда, соли 2019 аз дунё чашм мепӯшад.
Воқеан, мувофиқи ҳукми охири суд, Томас мебоист соли 2095 ба озодӣ барояд. 
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


САРЛАШКАРИ ХУРДСОЛ
Князбону Олга хост барои марги шавҳараш княз Игор аз древлянҳо (қабилаҳои славянҳои шарқӣ, ки бештар дар Житомир, Полесйе, марзи ҳозираи Беларусу Украина ва ғарби Киев зиндагӣ мекарданд) қасос гирад. Вақте сарбозони ӯ Житомирро муҳосира карданд, княззода Святослав, ки хеле хурдсол буд, зеҳи камонро кашида, ба сӯи девори шаҳр тир андохт, аммо он аз байни гӯшҳои асп гузашта, ба назди пои асп афтод. Древлянҳо қоҳ-қоҳ зада ба кӯдак хандиданд. Олга бошад, ба ҷанговарон фармон дод:
- Сарбозон! Княз ҷангро сар кард. Ба пеш!
... Ва ғалаба карданду интиқом гирифтанд.
Таҳияи О. МАВЛУДА

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед