logo

туризм

"САРАЗМ – ҶАРТЕППА". РОҲИ САЙЁҲОНРО БА ШАҲРАКИ БОСТОНӢ БОЗ КАРД

Моҳи марти соли 2018 барои мардуми ду ҳамсоякишвари дӯсту бародар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гашт. Чунки баъди беш аз чоряк аср бо ташаббуси сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносиботи мамлакатҳо аз нав роҳандозӣ шуда, дар кӯтоҳтарин муддат то ба сатҳи шарикии стратегӣ расид.

Аз ҷумла, яке аз калонтарин гузаргоҳи сарҳадии «Саразм-Ҷартеппа», ки Панҷакентро бо Самарқанд мепайвандад, фаъол шуд. Ҳар рӯз мардуми зиёд, ки ташнаи дидори якдигаранд, ин гузаргоҳро убур меунанд. Зеро, ба қавли сокини шаҳри Самарқанд Сурайё Шокирова, «Магар бо он қаробате, ки мо дар тӯли таърихи дароз дошта, решапайванд шудем, метавонем аз ҳам ҷудо бошем? Албатта, не. Шукр, садди сунъӣ аз миён бардошта шуд. Ва барои ин, мардум дуои ҷони сарварони ҳар ду давлатро мекунанд».
Мо, як гурӯҳ хабарнигорони тоҷик, ҳамон лаҳзаҳои таърихии кушодашавии марзҳо дар гузаргоҳи «Саразм-Ҷартеппа» будем. Хурсандӣ, ашки шодии сокинони ду ҷонибро медидем. Дар ин миён сайёҳони хориҷӣ низ кам набуданд, ки ба Тоҷикистон меомаданд. Зимни суҳбат мегуфтанд, ки ба  тамошои Саразм ва Панҷакенти Қадим мераванд.
Басо рамзист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуду баъди камтар аз се моҳаш роҳҳои миёни ду мамлакатро кушоданд. Дар анҷоми сол муайян гашт, ки тӯли он як миллион сайёҳ ба тамошои Тоҷикистон омадааст. Дар ин миллиони таърихӣ кушодашавии сарҳадҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши бориз дошт. Зеро бештари сайёҳон аз гузаргоҳҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя ворид гардиданд.
- Соҳаи сайёҳӣ маҷмӯӣ буда, аз кишварҳои ҳамсоя вобастагии калон дорад. Сайёҳоне, ки ба Осиёи Миёна сафар мекунанд, мехоҳанд бо як омадан ҳама давлатҳои ҷолиби минтақаро бубинанд. Масалан, ҳафтае дар Ӯзбекистон, ҳафтае дар Тоҷикистон ва баъдан дар Қирғизистон бошанд.
Дигар аҳамияти муҳими бозшавии марзҳо дар он аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам ба сайри мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоби кишвари мо шавқи зиёд доранд, - иброз дошт Фаридун Ҳамроев, директори ширкати сайёҳии «ПанҷакентИнтур».
Ӯ таъкид намуд, ки миёни гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаргоҳи «Саразм - Ҷартеппа» аҳамияти бештари сайёҳӣ дорад. Чунки аз он то ҳафриёти оламшумули таърихӣ – Панҷакенти Қадим ва Саразм, ба қавле як қадам аст. Ва кулли хориҷиён баъди боздиди Самарқанд ҳатман ин муъҷизаҳоро дидан мехоҳанд.
Соли гузашта дар мавзеи зебоманзари Искандаркӯл зимни вохӯрӣ Кристиан Ҳалстрин, роҳбари ширкати сайёҳии «Аustralia staring a brut ASA» (Австралия), хурсандияшро аз кушода шудани сарҳадҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон пинҳон надошт ва сабабашро ҳам ошкоро гуфт. Ӯ зикр кард, ки бисёр сайёҳон пас аз тамошои шаҳрҳои Самарқанду Бухоро мехостанд аз Саразм ва Панҷакенти Қадим дидан намоянд.
- Вақте мо аз Самарқанд ба Саразму Панҷакент омадем, роҳ ҳатто яксоата набуд. Пештар бошад, сайёҳон пас аз тамошои Бухорою Самарқанд танҳо ба воситаи гузаргоҳи «Ойбек – Фотеҳобод» роҳи тӯлониро тай карда, аз Мастчоҳ ба Панҷакент меомаданд. Яъне, соатҳои зиёдро дар роҳ мегузаронданд, маблағ ҳам бештар сарф мешуд, – тавзеҳ дод Кристиан. – Ҳоло мо дар феҳристи ширкати сайёҳиамон сараввал Саразму Панҷакенти қадимро гузоштем. Чунки имконияти тамошои онҳо басо мусоид шуданд. Боз як нуктаро дар хотир дошт, ки барои сайёҳон бештар кишварҳое писанданд, ки дар Шоҳроҳи Абрешим ҷойгиранд.
Тавре аз бахши сайёҳии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, соли 2018 танҳо аз гузаргоҳи «Саразм-Ҷартеппа» бо мақсади саёҳат 8169 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст. Баъди як сол ин шумора беш аз се  баробар афзуд.  Мутаассифона,  пеши роҳи ин рушди босуръатро пандемияи коронавирус гирифт. Аммо ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Ва боз ҳазорҳо сайёҳони дохилу хориҷ озими Саразму Панҷакент мегарданд, ки дар ҷараёни таҷлили 5500-солагии ҳафриёти беназир басо обод шудаанд.

Маҳмуд БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 5218
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед