logo

иқтисод

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. НАФАСИ ТОЗАИ СОЗАНДАГӢ

Дар саросари мамлакат ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Сокинони ноҳияи Восеъ низ сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, барои таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар тамоми донишу кӯшишашонро ба харҷ дода истодаанд.

Тавре раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло изҳор дошт, бахшида ба ин ҷашни умумимиллӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 405 иншооти таъ-йиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Соли сипаригардида 201 иншоот, аз ҷумла боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, маркази тиҷоратӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн, соли ҷорӣ бошад, аз 100 иншооти нақшавии бунёдшаванда 50 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмонҳои дигар идома доранд.
– Дар ноҳия бо фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ коргоҳу нуқтаҳои хизматрасонии зиёд бунёд ёфтанд, – гуфт раиси ноҳия. – Корхонаи саноатии истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ ва асфалтбарорӣ аз ҳамин қабиланд. Баъди ба истифода додани онҳо зиёда аз 100 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Сохтмони корхонаҳои истеҳсоли орд ва хокаи ҷомашӯӣ низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо даҳҳо сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешрафту нумӯи иқтисодӣ маҳсуб ёфта, тараққии дигар соҳаҳо низ марбут ба он дониста мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, дар ноҳия то соли 2021 бунёди 22 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми стретегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат хоҳад кард.
Азбаски солҳои 2019-2021 дар кишвар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки дар партави ин иқдом аксари кулли мушкилоти ҷойдоштаро дар шаҳраку деҳот бартараф сохта, сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам боло бардоранд.
Дар деҳоти ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Танҳо дар деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бунёди 80 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта, аллакай 70 дарсади он ба истифода дода шуд. Бо мақсади таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ дар 53 деҳа бо арзиши 20 миллион доллари амрикоӣ хати об мегузаронанд.
Варзишгоҳи муҳташам бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода дода мешавад. Аксари роҳравҳои маркази ноҳия сафолакпӯш гардида, баҳри гаштугузори шабонгоҳии сокинон кӯчаҳо пурра чароғон шудаанд.
Баҳри истироҳату фароғати сокинон бо харҷи 4 миллион сомонӣ дар маркази ноҳия бунёди “Гулгашти Восеъ” дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар он ҳазорҳо гулҳои рангорангу муаттар шинонда шудаанд, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам мекунанд. Барои иҷрои корҳои ободонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 351 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.   
Дар самти сайёҳӣ низ корҳои назаррас ҷараён доранд. Дар ноҳия барои сайёҳону меҳмонон маконҳои ҷолибу диданӣ зиёданд, назири қалъаи таърихии Ҳулбук, Манзаратеппа, Нозкӯл – воқеъ дар шаҳраки Қайнар, мавзеъҳои таърихии Эмоми Алӣ, Авғондилӣ, Даштидидӣ, Сопкадидӣ, оромгоҳи деҳоти Ғелот, оромгоҳи Ғоиб Сафарзода, осорхонаи Ҳулбук, кӯҳи намаки Хоҷамуъмин.
Таърихшиносон бар ин назаранд, ки бидуни огоҳ будан аз зарфиятҳои бостонии қалъаи Ҳулбук таърихи вилояти Хатлонро омӯхтан номумкин аст. Зеро қалъаи Ҳулбук ба ҳайси куҳантарин намунаи маданияти шаҳрсозӣ дар шинохти тамаддуни чандҳазорсолаи миллати тоҷик аз ҷойгоҳу мақоми хос бархӯрдор аст.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Восеъ кӯҳи дар ҷаҳон машҳуртарини намак - Хоҷамуъмин воқеъ аст, ки дар сурати мавҷуд будани инфрасохтори мусоид барои сайёҳони зиёде макони тамошо шуда метавонад. Воқеан, захираи намаки поки табиӣ, ки ҳоҷат ба коркарди иловагӣ надорад, камаш як аср метавонад хостаҳои сокинони тамоми ҷаҳонро бароварда созад.
– Бунёдкориҳо бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорони бо нангу ор, шахсони саховатпеша ва заҳматкаши ноҳия амалӣ шуда истодаанд. Сокинони ноҳия дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи корашон бошад, – гуфт дар охири суҳбат Шарбатулло Азизулло.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед