иқтисод
ПИЛЛАПАРВАРӢ. ЧАРО БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ КОМЁБ НАГАШТ?
Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ ба саломатӣ безарар, таъмини ҳазорон нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад. Мутаассифона, солҳои охир соҳаи мазкур дар кишвар бо сабабҳои гуногун дар ҳолати буҳронӣ қарор дошта, истеҳсоли ин ашёи хоми пурқимати табиӣ дар қиёс ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур ривоҷу равнақ дошт ва ҳаҷми истеҳсоли пилла зиёд буд. Чунончи, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 4528,6 тонна пилла истеҳсол шуда буд. Ин рақам солҳои 2012, 2016, 2017, 2018 ва 2019 мутаносибан 912,2 - 870,1 – 871,6 - 737,7 - 803,7 ва соли ҷорӣ ҳамагӣ 387,2 тоннаро ташкил дод. Чаро?
Оид ба омилҳои рӯ ба таназзул овардан, вазъи кунунӣ ва масъалаҳои дигари соҳа бо Назиршо Назаров, муовини директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи Тоҷик”, суҳбат кардем:
- Муҳлати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» ба анҷом мерасад. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, барномаи мазкур номуваффақ амалӣ гашт ва ҳаҷми истеҳсоли пилла сол то сол коҳиш ёфт. Сабаб чист?
- Дарвоқеъ, барномаи мазкур дар панҷ соли охир натиҷаҳои дилхоҳ наовард, ҳаҷми истеҳсол тамоюли пастравиро касб намуд. Дар доираи ин барнома ҷиҳати афзун намудани базаи хӯрокаи кирмак ҳар сол дар хоҷагиҳои кирмакпарварии ҷумҳурӣ корҳои агротехникӣ, аз қабили бунёди тутзорҳо, нарм кардани бехи дарахтони тут ва шудгори байни қаторҳо гузаронда шуданд. Вале, нақшаи шинондани ниҳоли тут ва бунёди тутзор иҷро нагардид. Сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақша ин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷудо нагардидани замин, сол то сол кам гардидани шумораи ниҳолу дарахтони тут дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, беназоратӣ ва худсарона буридани тутзор, бе нигоҳубин мондани онҳо, беаҳамиятӣ оид ба ғизонокии барги дарахтони тут ва аз байн рафтани майдони тутзор мебошанд. Заминҳое, ки барои бунёди тутзорҳо пешниҳод гардиданд, ғайриобӣ буда, барои шинондани ниҳоли тут мувофиқ набуданд. Мутаассифона, шахсоне, ки тутзорҳоро гирифтаанд, на кирмак парвариш менамоянд ва на барги тутро ба кирмакпарварон медиҳанд.
Мушкили дигар, ин истифодаи ғайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут ба шумор меравад, ки имрӯзҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дошта, ба нигоҳубини онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намешавад. Тутзорро танҳо бо мақсади гирифтани ҳезум истифода мебаранд, ки оқибат ба нобудшавии онҳо оварда мерасонад. Сабаби дигари кам шудани истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ, ин нақшабандӣ нагардидани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мусоидат накардани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми тақсимоти кирмак ва парвариши он мебошад.
- Рушди пиллапарварӣ барои амалӣ сохтани ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар нақши созгор дорад. Бо назардошти ин, ҷиҳати рушди соҳа чӣ тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд?
- Зарурати такмили барномаи соҳа ба миён омад ва нишондиҳандаҳои истеҳсоли пилла дар солҳои минбаъда тибқи нишондодҳои соли 2019 таҳия гардид. Бо мақсади фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаи кирмакпарварӣ ва ба кори мавсимӣ ҷалб намудани 40 - 50 ҳазор нафар сокинони кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» тасдиқ гардид. Барномаи мазкур дар асоси дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат 14 октябри соли 2019 баён доштанд, инчунин, мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар қабул гардидааст.
Мақсади асосии барнома фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти бозори дохилӣ бо матои атласу адраси истеҳсоли ватанӣ, рушди саноати сабук, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти тайёр, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита мебошад.
- Барои рушди соҳа дар навбати аввал таъминот бо тухми кирмаки хушсифат ва риояи технологияи парвариши он нақши муҳим мебозад. Айни ҳол тухми кирмак аз куҷо дастраси кирмакпарварон мешавад?
- Рушди соҳаи кирмакпарварӣ маҳз аз тухми кирмаки хушсифат, сари вақт тақсим намудани кирмакҳои зиндакардашуда, риояи технологияи парвариши кирмак алоқамандии бевосита дорад. Инчунин, яке аз омилҳои асосии афзун гардондани ҳосилнокии пилла ва сифати он обу ҳавои маҳал ва ғизонокии барги дарахтони тут мебошад. Қаблан, дар ҷумҳурӣ Ҷамъияти саҳомии фаръии «Заводи зотпарварии тухми кирмаки Ваҳдат» фаъол буд, ки дар он барои корхонаҳои истеҳсоли тухми кирмаки шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тухми кирмаки элита истеҳсол карда мешуд. Заводҳои мазкур аз тухми кирмаки элита барои кирмакпарварон тухми кирмаки саноатӣ тайёр менамуданд. Дар “Заводи зотпарварии тухми кирмаки Ваҳдат” тайи 30 сол зотҳо иваз нашуданд. Абрешимнокии пиллаи истеҳсолшуда ба талаботи технологияи ҳозира ҷавобгӯ набуд ва талаботи бозори ҷаҳониро низ қонеъ гардонда натавонист. Пиллаи аз тухми заводҳои ватанӣ истеҳсолшуда харидор надошт ва ду соли охир заводҳои тухмистеҳсолкунӣ аз фаъолият бозмонда, чун дигар ҷамъиятҳои саҳомӣ ба истеҳсоли пиллаи саноатӣ машғул шуданд. Аз ин лиҳоз, дар барномаи мазкур истеҳсоли тухми кирмак дар ҷамъиятҳои саҳомии фаръии истеҳсоли тухми кирмак пешбинӣ нагардидааст ва тухми кирмаки хушсифат аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
- Таҳким бахшидани базаи хӯроки кирмак ба рушди минбаъдаи соҳа алоқамандии сахт дорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ чӣ қадар тутзор мавҷуд аст?
- Айни замон, тибқи маълумоти мавҷуда, дар ҷумҳурӣ 11975 бех ниҳоли тут ва 2190 гектар майдони тутзор мавҷуд аст. Хӯроки кирмак танҳо барги тут аст ва барои истеҳсоли нақшаи пиллаи пешбинишуда басанда аст. Бо мақсади мустаҳкам кардани заминаи хӯроки кирмак дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то соли 2024 шинондани 4375 ҳазор бех ниҳоли тут ва бунёди 180 гектар тутзор пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, тибқи нақша аз нав барқарор кардани майдони тутзор, бунёди тутзорҳои нав, нигоҳубин ва серҳосил гардондани дарахтони тут мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ дар назар дошта шудааст.
- Афзудани ҳаҷми истеҳсоли пиллаи хушсифат аз ҷорӣ намудани технологияи нави муосир вобастагии калон дорад. Дар ин самт чӣ корҳо амалӣ шуда истодаанд?
- Ҳамасола ҳангоми парвариши кирмак мутахассисони ҶСК “Пиллаи Тоҷик” ба ноҳияҳои пиллапарвари ҷумҳурӣ сафарбар гардида, ба кирмакпарварон ёрӣ медиҳанд. Соли ҷорӣ бо мақсади истеҳсоли пиллаи хушсифат ба кирмакпарварон барои истифода 4200 дастаи пластмасӣ дастрас шуд. Сифати пиллаи дар ин дастаҳо танида беҳтарин буд. Барои ба таври саноатӣ хушкондани пилла аз хориҷи кишвар 2 таҷҳизоти муосири пиллахушккунӣ оварда шуд, ки ҳар кадоми он иқтидори хушк кардани то 10 тонна пилларо дар як шабонарӯз дорад. Яке аз ин таҷҳизот дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре дар ноҳияи Кӯшониён насб шуданд.
Иқлими мусоиди Тоҷикистон имкони фаровон фароҳам овардааст. Рӯз ба рӯз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ имконияти дар хонаҳо парвариш кардани кирмакро коҳиш додааст.
- Барои таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?
- Самтҳои афзалиятноки таъминоти илмии соҳаи кирмакпарварӣ ихтирооти нав, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъ ва гибридҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовари ниҳоли тут ва зотҳои кирмаки пиллаашон дорои сифати баланди абрешимресӣ мебошад. Барои таъмин кардани соҳа бо кадрҳо ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мутахассисони соҳаи пиллапарварӣ тайёр карда истодааст. Мутахассисони ҶСК “Пиллаи Тоҷик” бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкории зич доранд.
Айни ҳол, кормандони ҶСК “Пиллаи Тоҷик” кӯшиш доранд, ки ба рушди ин соҳаи афзалиятноки саноати кишвар, ҷавобгӯ намудани сифати маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ, самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ки дар барнома пешбинӣ шудаанд, муваффақ гарданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 841