иқтисод
ҶАНГАЛЗОР. АГАР МУНОСИБАТ ОДИЛОНА БОШАД...
Тоҷикистон, сарфи назар аз он ки чун Россия, Австралия ва Канада дорои ҷангалзори бузургу масоҳаташ нопайдоканор нест, бо майдони арчазорони сарсабз, сафедорони баосмонсаркашида, пистаю бодом ва даҳҳо дарахтони дигар ифтихор дораду баҳри ҳифзу афзуншавии онҳо талош мекунад.
- Майдони умумии ҷангалзори вилояти Суғд 572 ҳазору 320 гектарро ташкил менамояд, - иттилоъ дод Олимбек Юлдошзода, директори муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд”.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои барқарорсозии ҷангал бомаром вусъат ёфта истодаанд. Давоми соли 2019 барқароркунии ҷангал 140,1 гектарро фаро гирифта, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ аллакай ба 169,9 гектар расидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни сафари корӣ аз мавзеъҳои ҷангали шаҳру навоҳии вилоят дидан карда, таъкид дошт, ки бояд аз ин боигарӣ самаранок баҳрабардорӣ ва онро ҳифз намоем.
Ҳифзи ҷангал, барқарору бунёд кардани дарахтзор, мубориза бар зидди касалиҳои ҷангал ва ҳашароти зараррасон, пешгирӣ аз сӯхтор, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва ғайриқонунӣ буридану решакан кардани дарахтон вазифаи ҷонии кормандони хоҷагии ҷангали вилоят ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, давоми ду - се соли охир барои муҳофизати ҷангал бо ташаббуси директори муассиса ва дастгирии бевоситаи раиси вилоят дар ниҳолхонаи хурди минтақаи ҷангали Конибодом майдони хоҷагӣ бо шинондани беш аз 15 ҳазор арчаву санавбар зиёд карда шуд. Дар мавзеи “Чақилғозӣ”- и минтақаи Калининободи ноҳияи Деваштич дар майдони 1500 гектар парваришгоҳи таъйиноти маҳаллӣ бунёд гардид. Ҳадаф аз ин иқдом боз ҳам зиёд намудани арчаи зарафшонӣ ва ҳайвоноти нодир чун бабри барфӣ мебошад. Дар вилоят, ҳамчунин, барои ҳифз ва зиёд кардани захираҳои олами набототу ҳайвоноти нодир, аз қабили мурғи тазарв (фазан), оҳуи бухороӣ, суғури минзберӣ 5 парваришгоҳи табиӣ дар масоҳати 67 ҳазору 618 гектар бунёд шудааст, ки феълан онҳо фаъолияти хуб доранд. Дар ин самт боз як иқдоми раиси вилояти Суғд доир ба зиёд кардани ҳайвонҳои нодир, ба монанди муфлонҳои аврупоӣ, ки 23 сар дар ҷангали Шаҳристон парвариш меёбад, ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Муҳимтар аз ҳама, рушди соҳаи ҷангал манфиати хуби иқтисодӣ меоварад. Даромади умумии ҷангал дар соли равон 945 ҳазор сомониро ташкил дода, ин рақам сол то сол тамоюли афзоиш дорад. Ҳар сол аз заминҳои ҳосилхези ҷангалзор ба миқдори зиёд ғалладона, картошка, зардолу, бодом, анор истеҳсол мегардад. Дар мавсими имсола, тибқи омори расмӣ, аз ҷангалзори вилоят наздики 26 тонна гиёҳҳои шифобахш ва 11,4 тонна рустаниҳои худрӯйи ҷангал ҷамъоварӣ шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба вилояти Суғд ва иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзони вилоят таъкид намуданд, ки аз гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла ҳазориспанд, ҳамчун рустании басо шифобахшу пешгирикунандаи бисёр бемориҳо самаранок истифода бурда шавад. Дар фасли тобистон аз ҷангалзори вилоят беш аз 30 тонна ҳазориспанд ҷамъоварӣ гардида, дар бозорҳо ба фурӯш бароварда шуд. Дар ҳудуди ҷангалзори вилоят чорвои хурду калон, аспҳо низ парвариш меёбанд.
Мутаассифона, сарфи назар аз ба ҷазо кашидан ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар ҷангалзори вилоят ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби шаҳравандон, аз ҷумла ғайриқонунӣ буридани ниҳолҳо, худсарона чарондани чорво ва шикори ғайриқонунӣ, ба назар мерасанд. Фақат давоми 8 моҳи соли равон 342 ҳодисаи қонунвайронкунии ҷангал ошкор гардида, маблағи зарари расондашуда 219 ҳазору 708 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 135 ҳазору 307 сомонӣ зиёд аст. Аз ин рӯ, тақвияти мубориза бо қонуншиканиҳо алҳол яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони муассиса мебошад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2020 №: 201 - 202 Мутолиа карданд: 601