logo

фарҳанг

МУСИҚИИ КАСБИИ МО ҶАҲОНӢ НЕСТ. ЧАРО?

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқотҳо иброз медоранд, ки барои муаррифии миллат дар арсаи олам тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин нуктаро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид доштанд. Бешак, барои муаррифии миллат мусиқии касбии он яке аз беҳтарин василаҳост. Мутаассифона, мусиқии касбии мо имрӯз ба тавре, ки бояд, рушд намеёбад. Чаро? Барои ноил гардидан ба ин мақсад ва ҷаҳонӣ шудани он чӣ бояд кард? Ва ҳам чӣ монеаҳо барои рушду пешрафташ вуҷуд доранд?
Ба ин ва пурсишҳои дигари Абдулқодири Раҳим, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», мутахассиси соҳа Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, лауреати Озмуни байналмилалии хорсароён дар Туркия, чунин посух дод:
- Давроне фаро расидааст, ки мо на танҳо дар бораи рушди мусиқии касбӣ биандешему тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, балки саъю кӯшишамонро ба ҷаҳонӣ гардидани он равона бикунем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ имкону шароитро бароямон фароҳам  овардааст. Сиёсати фарҳангии кишвари мо сиёсати дуруст мебошад ва ҳам дурандешона. Пешвои миллат аз оғози сарвариашон ба рушди мусиқии касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанду бо ҳисси дилсӯзӣ ба соҳа ғамхориву дастгирӣ менамоянд ва дастурҳои заруриро медиҳанд. Ҷойи таассуф аст, ки мо, хоса масъулони соҳаи фарҳанг, дар ҳалли масъалаи мазкур ташаббус зоҳир намекунем. Ин ҳама бар он гувоҳӣ медиҳад, ки ба миллат ва соҳаи мазкур дилсӯз нестем. Инчунин, аз вазъи ҷаҳонии мусиқии касбӣ, рушду пешрафташ огоҳӣ надорем. Ҷаҳонбинӣ бояд такмил, маҳорат сайқал биёбад ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда диққати ҷиддӣ бидиҳем.
Мепиндорам, ки масъала худ ба худ ҳал намешавад. Фаъолиятамон дар ин маврид ноогоҳона ва кӯр – кӯрона сурат мегирад. Агар азмамон комил бошад ва ҳадаф муайян, метавонем дурри мақсуд ба даст оварем. Аммо ҳолиё бо сабаби бемасъулиятӣ ҳавасмандону ҳудфаъолон фазои холии мусиқиро пур кардаанд. Ҷомеа дар ҳамин рӯҳия парваришу тарбия меёбад, ки ин ба куллӣ ғалат мебошад.
Мо бе мусиқии касбии рушдёфтаву пешрафта ба ҷаҳон баромада ва ифтихор карда наметавонем. Корҳои зиёдро барои рафъи монеаҳои мавҷудаи соҳа бояд ба иҷро расонем. Нахуст, зарур аст, ки ба саводи мусиқӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сар карда аз таҳсилоти томактабӣ, эътибори ҷиддӣ дода шавад. Агар ин мушкил ҳалли дурусти худро наёбад, ба ҳалли дигар мушкилиҳо муваффақ шуда наметавонем. Дар аксар муассисаҳои таҳсилот дарси суруду саводи мусиқиро ғайриихтисосмандон мегузаранд. Бо навохтани як ё ду сози миллӣ наметавон омӯзгори ин фанро мутахассис эътироф кард.
Композиторони зиёд бояд дошта бошем. Аксар композиторони мо оҳангҳои мелодӣ эҷод мекунанд. Оҳангҳое бояд эҷод кард, ки ҳам барои тарбияи муҳассилон созгор бошанду манфиатбахш ва ҳам ба ҷаҳониён, хосса мутахассисони маъруфи соҳа, писанд афтад. Яъне, композиторони мо бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ асарҳои гуногунжанр биофаранд. Барои ҳалли масъала соҳибистеъдодонро бояд ҷустӯҷуву тарбия кард. Инчунин, зарур аст, ки онҳо дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсилро идома бидиҳанд ва таҷриба ҳосил бикунанд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки бояд танҳо ба мусиқии касбии ғарбӣ таваҷҷуҳ дошта бошанд. Не. Мутахассисони ояндаи соҳа ҳатман мусиқии миллиро дар сатҳи баланд бидонанд ва дар ин замина асарҳои мондагори ҷаҳонӣ эҷод бикунанд.
Ба тарбияи навозандагони беҳтарин ё худ вертуозҳо диққати ҷиддӣ бояд дод. Онҳо дар кишвар ва берун аз он муаррифгари фарҳанги миллӣ буда метавонанд. Мо чунин навозандагонро кам дорем, ҳатто ангуштшумор. Набояд фаромӯш кард, ки барои дидану шунидани барномаҳои ҳунарии мо намояндагони кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Ба василаи навозиши онҳо муайян менамоянд, ки мусиқии касбии ҷаҳонӣ то кадом сатҳ ба мамлакати мо роҳ ёфтаву дар он мавқеъ дорад. Агар қиёс бикунем, дигар кишварҳо, ҳатто кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар созҳои скрипка, фортепианно ва созҳои нафасӣ аз 50 то 100 - нафарӣ ин гуна навозандагонро доранд.
Яке аз созҳои мураккабу нодир виолончел мебошад, ки дар оркестри симфонӣ истифода мегардад ва он мавқеи сазоворро касб кардааст. Дар ин соз онҳо 15 – 20 - нафарӣ чунин навозандагонро, яъне вертуозҳоро тарбия намудаанд. Зарур аст, ки ба тарғиби дурусту бештару беҳтари мусиқии касбӣ саъй ба харҷ диҳем. Агар ин амал сари вақт сурат нагирад, сатҳи мусиқифаҳмӣ ва мусиқишиносии мо боз бисёртар паст меравад. Мусиқиҳои сатҳашон пасту сабук мавриди интиқод бояд қарор бигиранд ва ба барномаҳои ҳунарӣ, ки доир мекунанд, роҳ наёбанд.  Онҳо завқҳоро коҳиш медиҳанд.
Мушкили зиёд дар сарояндагӣ мавҷуд аст. Ҳолиё киҳоро метавон ном бурд, ки сарояндагони сатҳи ҷаҳонӣ бошанд, албатта, бо истиснои чанд нафар, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд? Завқи ҷавонон, талабот ва техникаи сарояндагии онҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои мавҷуда нест.
Бояд ҳамаи жанрҳои мусиқӣ, ҳам оркестри симфонӣ, ҳам оркестри созҳои халқӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии кишвар, аз тариқи касбӣ рушд ёбанд. Дар ин сурат метавон умед ба рушди мусиқии касбӣ баст. Табиист, ки пас аз ин ё худ ноил гардидан ба дастовардҳои бисёр муҳим метавонем мусиқии касбии миллиро ҷаҳонӣ бинамоем.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» чанде пеш дар хусуси надоштани лаборатория ё худ озмоишгоҳу ташхисгоҳи мусиқӣ навишта ва пешниҳод карда буд, ки кишвар ба чунин як ташхисгоҳ ниёз дорад. Ман ҳамон замон ба ин матлаб ҳамовозӣ намудам ва андешаҳоямро дар мавриди таъсиси ташхисгоҳ навишта ва нашр намудам. Масъулони фарҳанг ҳалли масъаларо зарур мешуморанд ва дар ин хусус посух доданд, вале то ба ҳол натиҷаи мусбат нест.
Матбуот ва телевизиону  радио дар ташвиқу тарғиби мусиқии асилу касбӣ, офарандагону иҷрокунандагон бояд бештар фаъол бошанд. Махсусан, бо мутахассисони соҳа суҳбатҳо доир бикунанд, дар тарбияи завқи шунавандагон, афзудани саводи мусиқии онҳо саҳми босазое бигиранд.
Даъвати Жерардо Калела аз Италия ва фаъолияти пурсамараш ба ҳайси дирежёр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, фикр мекунам, ки дар тӯли се сол ба рушди мусиқии касбии мо мусоидат намуд. Мутаассифона, пас аз ин бо ӯ қарордод дар хусуси идомаи фаъолияташ набастанд. Мурод ин аст, ки мо на танҳо мутахассисони соҳаро ба кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ барои такмили маҳорату таҷрибаомӯзӣ бифиристем, балки мутахассисони варзидаи онҳоро ба ҷумҳурии худамон даъват бинамоем. Табодули таҷрибаву фаъолиятҳо ба манфиати мо ва рушди мусиқии касбиамон мебошад.
Ба рушди хор ё худ ҳамсароӣ бештар таваҷҷуҳ бояд кард. Сафарҳои ҳунариро низ зиёдтар намуд. Баргузории озмунҳои байналмилалӣ низ ба рушди мусиқӣ, боло рафтани сатҳи касбияти навозандагону сарояндагон таъсири мусбати худро мегузорад.
Ҳамасола бояд гурӯҳҳои ҳунарии касбӣ бо барномаҳои нави ҳирфавӣ ҳисоботдиҳанда бошанд. Дар ин гуна консертҳои ҳисоботӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ, ҳатман ширкат варзанду натиҷагирӣ бикунанду баҳои ҳаққонӣ бидиҳанд. Фикр мекунам, ки ин амал масъулияти ҳунарпешагон ва роҳбарони онҳоро меафзояд. Ин гуна консертҳои  ҳисоботӣ бо ибрози андешаҳои мутахассисон аз тариқи телевизион ва радио бояд нишон дода ва шунавонда шаванд.
Ҳамин тавр, мо агар, воқеан, дилсӯз ва ташаббускору масъулиятшинос бошем, мусиқии касбиамон рушд меёбад ва он ҷаҳонӣ мешаваду дар арсаи олам миллатро муаррифӣ мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед