logo

фарҳанг

ЗУЛФИЯ АТОӢ: “МАН БОСИТОРААМ...”

Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ беш аз 40 соли умри худро ба матбуот бахшида, 15 маҷмӯаи ашъор ба чоп расондааст. Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, украинӣ, руминӣ, латишӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Боиси сарфарозии тоҷикистониён аст, ки соли 2018 Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондон ситораи таҳти рақами 25290415-ро  ба ифтихори ин шоираи ширинбаён “Ахтари Зулф” ном ниҳод.
Тӯли фаъолият ба гирифтани орденҳои  “Шараф” ва “Дили Данко” (Русия, 2011), Ҷоизаи адабии “Парвини Эътисомӣ”, Мукофоти адабӣ-фарҳангии “Товуси тиллоӣ” (Санкт-Петербург, 2013), Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ  (1995), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2005) мушарраф гардидааст.
Бо адиби маҳбуб атрофи фаъолияташон суҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
- Муаллимаи азиз, дар ин рӯзҳо, ки на танҳо Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои  ҷаҳонро пандемияи коронавирус  фаро гирифтааст, чӣ ҳол доред?
-Шукр, ки ману наздиконам мубталои ин беморӣ нашудаем. Маҳз ба шарофати тадбирҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи паҳншавии густурдаи он гирифта шуд. Ва, чуноне ҳамагон аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, дар ин самт вазъи кишвари мо нисбати дигар давлатҳо бамаротиб беҳтар аст.
Албатта, шахси эҷодкор ҳамеша дар такопӯст, то чизе биофарад. Ҳоло тасмим гирифтаам, ки дар бораи парандаҳо силсилаи шеърҳоро иншо намоям. 
-То ҷое ба мо маълум аст, фаъолияти худро аз нашрияи “Тоҷикистони советӣ”  (“Ҷумҳурият”-и имрӯза) оғоз намудаед. Ба як ҷавондухтар кор дар нашрияи бонуфуз душвор набуд?
-Ҳангоми хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) буданам, як силсила шеърҳои шогирдонаамро ба устод Мирзо Турсунзода фиристодам. Дар ҷавоб устод ба ман нома навишта, бо ҳамин гӯё раҳи ояндаамро таъйин карданд. Баъди хатм бо ҳамон ҳиммату ҷавонмардии хос маро даъват намуда, маслиҳат доданд, ки бояд мактаби адабиро бигзарам. Ҳамин тавр, соли 1971 ба Институти адабии ба номи М. Горкийи Москва дохил шудам. Баъди хатми муассиса, бо дастгирии  шодравон Ибод Файзулло ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор омадам.
Ростӣ, дар оғоз кор бароям хеле мушкил буд. Вале, чуноне дар урфият мегӯянд, мушкиле нест, ки осон нашавад. Бо роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои  устодони варзида ба монанди Кароматулло Мирзоев, Мутеулло Наҷмиддинов, Салимшо Ҳалимшо ба камол расидам ва роҳи эҷодии худро пайдо намудам.
-Баъди рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба “Фирӯза” омадед?
-Бале, дар маҷаллаи “Фирӯза” як муддат ба ҳайси мудири шуъба ва, ҳамзамон, дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” ба сифати муовини сардабир фаъолият кардам.
Бо назардошти таҷрибаи корӣ маро соли 1993 сардабири маҷаллаи “Фирӯза” таъйин карданд ва то соли 2015 сарварии онро ба уҳда доштам.
- Ба ифтихоратон дар осмон яке аз ситораҳоро ном гузоштанд. Ба ин чӣ гуна муваффақ шудед? 
- Падарам дар баробари омӯзгори фанни риёзӣ будан илми нуҷумро низ хуб медонистанд ва дар ин бора бо ман зиёд суҳбат мекарданд. Барои ҳамин, аз хурдӣ мисли қиблагоҳам ба илми ситорашиносӣ мароқи беандоза дорам. Дар ин бора силсилаи шеърҳо бо номи “Ҳафт ахтар” эҷод кардаам. Баъзе аз ин шеърҳо ба забони англисӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Шояд ҳаминро ба назар гирифта, Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондон ситораеро дар бурҷи “Ду пайкар” ба ифтихори ман “Ахтари Зулф” номгузорӣ карда бошад.
- Китоби навбатиатон бо номи “Беситора нестам...” аз чоп баромад. Унвони китоб бо “Ахтари Зулф” ягон рабте дорад?
-Бале, нахуст  унвони кайҳонӣ зери назар аст. Баъдан, гуфтаниям, ки ман боситораам, яъне хушбахту хуштолеам.

Суҳбаторо Руқия ҚУРБОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2020    №: 203    Мутолиа карданд: 630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед