иқтисод
ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИС МЕЁБАНД. БАРДОШТ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Тайи ҳашт моҳи соли равон аз 27 ҳазору 425 корҷӯи ба раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиаткарда 15 ҳазору 746 нафар, аз ҷумла беш аз 7 ҳазор зан, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.
Дар ин бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар вилоят 215 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуда, дар онҳо 2004 корхонаву ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок ва ба корҷӯён 21 ҳазору 691 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Аз ин ҳисоб 3 ҳазору 277 нафар соҳиби роҳхат ва 2 ҳазору 908 кас соҳиби ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ шуд.
Ба 615 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонӣ, чорводорӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд.
Талаботи бозори меҳнат ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 1391 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт. Илова бар ин, 1084 нафар эҳтиёҷмандон, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷойи кор таъмин шуданд.
3078 нафар, аз ҷумла сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ баргашта, нафарони аз маҳбас озодшуда ва шаҳрвандони аз кор ихтисоршуда, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд. Инчунин, 4 ҳазору 236 хоҳишманд аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба омӯзиши кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул кӯшиш намуда истодааст, ки дар доираи иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳо ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардоранд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2020 №: 203 Мутолиа карданд: 985