logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси, зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз самими қалб Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям!
Ин ғалаба, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созандаи дохилӣ ва хориҷии Шумо, тарафдории мардум аз Шумо дар роҳи рушди минбаъдаи кишваратон мебошад.
Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими шарикии дуҷонибаи стратегӣ, анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намоям.
 Дӯстии байни мову Шуморо, ки дар заминаи эътимод ва ҳусни тафоҳум барқарор гардидааст, баланд қадр менамоям. Муътақидам, ки кори муштараки самарабахш ҳамоно заминаи рушди ҳамкории ҳамаҷонибаро бар нафъи мардумонамон ташкил медиҳад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович саломатии қавӣ, комёбиҳо дар татбиқи иқдомҳои некатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям”.


Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон!
Аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва, шахсан, аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.
Бовар дорам, ки ислоҳоту барномаҳои муҳиме, ки аз ҷониби Шумо амалӣ  мешаванд, ҳаёти иҷтимоии мардумро боз ҳам беҳтар карда, барои рушди минбаъдаи босуботи кишвар шароити мусоид фароҳам меоваранд.
Муътақидам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак кореро, ки ба таҳкими ҳамкории созандаи мо ва таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон бар асоси эътимоди мутақобила нигаронда шудааст, бар нафъи некуаҳволии ду мардуми ба ҳам бародар идома хоҳем бахшид.
 Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ хоҳонам”.


Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:
“Муҳтарам Президент, дӯсти азизам!
Аз номи мардуми Ҷумҳурии Туркия ва, шахсан, аз номи худам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати аз нав  интихоб шуданатон ба маснади олӣ дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон доиргардида ва эътимоди зиёди мардуми Тоҷикистон ба Шумо бо беҳтарин таманниёт самимона табрик намуда, бароятон комёбиҳои бардавом орзумандам.
Хеле шод ҳастем, ки интихобот бо муваффақият ва дар фазои орому осоишта баргузор гардид. Натиҷаи интихоботро ба мардуми Тоҷикистон  муборакбод  мегӯям.
Итминон дорам, ки дар якҷоягӣ робитаҳоямонро, ки аз пайвандҳои зичи дӯстии байни мардумонамон ва кишварҳоямон неру мегиранд, дар давраҳои минбаъда низ вусъат хоҳем бахшид.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо – Ҷаноби Олӣ тансиҳатию хушбахтӣ  ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву некуаҳволии бардавом таманно дорам”.


Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Пирӯзии Шумо дар ин интихобот  далели эътимоди бузурги мардум ба Шумо, баҳои баланд ба хизматҳои Шумо ва он сиёсате, ки аз ҷониби Шумо дар роҳи рушду шукуфоии кишваратон татбиқ мегардад, мебошад.
Озарбойҷон ва Тоҷикистонро риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки бар асоси ин анъанаҳои нек муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мо мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон дар оянда низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Беҳтарин таманниёти худро ба Шумо арз намуда, дар фаъолиятатон ба нафъи шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо орзумандам”.


Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар барқияи худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
“Ҷаноби Олӣ!
 Мояи камоли фараҳмандии инҷониб аст, ки табрикоти самимонаи худро ба Шумо ба муносибати  аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намуда, бароятон сиҳативу саодатмандӣ  ва дар иҷрои рисолати сермасъули давлатиатон  муваффақият  орзу намоям. Дар иртибот ба ин рӯйдоди муҳим, мехоҳам   хушнудона таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим иҷро менамояд. Мутмаинам, ки Тоҷикистон дар оянда ҳам ба пешрафти қобили назар,   ки барои амнияту шукуфоии  ҳамаи мо ҳаётан муҳим мебошад,  ноил  хоҳад  гардид.
Бовар дорам, ки  ҳамкории фаъоли байни кишварҳои мо дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба  мутобиқ ба манфиатҳои муштараки мардумони мо минбаъд низ  идома ёфта,  рушд  хоҳад кард.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми инҷониб ва беҳтарин таманниёти маро ҷиҳати сулҳу шукуфоӣ ба мардуми Тоҷикистон қабул фармоед”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 653
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед