logo

фарҳанг

«ҶУМҲУРИЯТ» РАВШАНГАРИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУН

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» барои рӯшантар кардани таъриху тамаддуни Тоҷикистон қадами ҷиддие буд, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба пеш гузошт.

Ин озмун, ки бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд, бешубҳа, дар таҳкими худсолориву худшиносии миллат ҳиссагузор аст. Бавижа, ба вуҷуд омадани як силсила матолиби ҷолибу тоза ва шеърҳои нав дар мавриди Хатлони куҳанбунёд аҳли илму адабро шод гардонд.
Дар такя ба сарчашмаҳои таърихиву адабӣ гуфтан метавон, ки Хатлон, мисли Зарафшону Бадахшон ва водии Рашт кони кашфношуда аст. Агар танҳо зикри ин номвожаро дар манбаъҳо ҷустуҷӯ кунем, китоби бузурге хоҳад шуд. Дар назм низ ин номвожа ба таври фаровон истифода шудааст. Мо вақте дар бораи аспҳои овозадори хатлонӣ маълумот ҷамъ меовардем, дидем, ки тавъам бо асп дар даҳҳо манобеъ зикри вожаҳои «Хатлон», «хатлонӣ», «хуттал», «хатлӣ» ба чашм мерасанд. Ин далел бар он аст, ки агар ковишҳои илмӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ дар манотиқи гуногуни Хатлонзамин идома ёбанд, ҳазорон факту рақамҳо ва иттилооти ҷолибу маърифатӣ ёфтан мумкин аст.
Барои ин, бозёфтҳо аз мавзеъҳои Кангурт, Ғарғара, Пушинг, Ғуҷовак, Паркамчӣ, Маликова, Вахшу Чоркӯл (Золи Зард), Данғара ва Буроби Поён (Булён) гувоҳӣ медиҳанд, ки дар мақолаи академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ – «Данғара аз дидгоҳи бостоншиносон» омадааст.
Юсуфшоҳ Ёқубов  иттилоъ дода, ки моҳи декабри соли гузашта барои таҳқиқи ёдгориҳои атиқаи ноҳияи Данғара таҳти роҳбарии мавсуф аз Тоҷикистон ва доктор Матилд Желин аз Фаронса экспедитсияи якҷояи Тоҷикистону Фаронса гузаронда шуд. Кор аз деҳаи Пушинг оғоз ёфт ва соли оянда экспедитсияи якҷояи Тоҷикистону Фаронса ба омӯзиши мунтазами ёдгориҳои атиқаи ноҳияи Данғара, аз ҷумла ёдгории Золи Зард, оғоз мекунад, то таҳқиқот дар дигар бахшҳо идома  ёбад.
Ҳоло Сарихосор, Фархор, Восеъ ва дигар минтақаҳои Хатлон интизори кашфу муаррифӣ ҳастанд. Чанд соли охир аз Фархор даҳҳо маводи атиқа ёфт шудаанд, ки таваҷҷуҳи олимони ҷаҳонро ба худ мекашанд.
Пайдост, ки чунин озмунҳои бошукӯҳ барои ҳарчи бештар муаррифӣ ва ёд шудани чунин мавзеъҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Мо ёд дорем, ки самараи озмунҳои «Ҷумҳурият» ба ноҳияҳои Айниву Бобоҷон Ғафуров ду китоби нағзу пурмоя гашт, ки имрӯзҳо дар истифодаи олимону публитсистон аст.
Маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – хонаи умеди мо» дар қасри бошукӯҳи фарҳанг ва минтақаи зебоманзари ноҳияи Данғара – чойхонаи «Хуррамшаҳр» гузашт. Дар ин маврид ёд кардан месазад, ки  соли 2013  ёдгории  таърихии  «Ибодат-гоҳи антиқӣ» дар Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара кашф гардид, ки ба давраи Юнону Бохтар ба асри V пеш аз милод рост меояд. Ин ибодатгоҳ аз давраи бисёрхудоии юнониҳову бохтариён буда, аз ҳайкалҳои зиёд, муҷассамаҳо ва девормуҷассамаҳо иборат аст.
Азбаски озмун вижагии таърихиву рӯнамоӣ дошт, ҷамъбасти он низ дар як гӯшаи таърихии диёр баргузор гардид. Дар озмун шоирону адибон, журналистону публитсистон ва хомакорони кишвар ширкат варзиданд. Бавижа, шодиву нишоти ғолибону ҷоизадоронро аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳадду канор набуд.
Ба вуҷуд овардани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии аҳли адаби  минтақаҳои  ҷумҳурӣ,  ки  яке аз ҳадафҳои роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷум-ҳурият» ва вилояти Хатлон аст, ба даст омад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 588
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед