logo

фарҳанг

«БАЧАИ ОБӢ» РӮИ ЭКРАН МЕБАРОЯД

16 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Наврӯз нахустнамоиши «Бачаи обӣ»-и «Тоҷикфилм» баргузор мегардад. Ин аввалин филм  аст, ки дар он санъаткорони тоҷику ӯзбек якҷоя нақш офаридаанд. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Убайдулло Амонов, ки аз ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикаш изҳори қаноатмандӣ менамояд, дар филм яке аз нақшҳои асосиро бозидааст. 

Коргардони филм Файзуллоҳи Файз изҳор доштааст, ки: «Дар ин намоиш масъалаи хушкшавии об, муносибати инсону табиат ва дигар масоили муҳим баррасӣ мешаванд. Он дар ҳудуди «Баҳри тоҷик» (Қайроққум) ба навор гирифта шуд».
Тазаккур медиҳем, ки дар филми мазкур нақшҳои асосиро Убайдулло Амонов, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир офаридаанд.

ЗОКИР СОБИРОВ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ҚАДР ШУД
Яке аз асарҳои дар жанри танворизм офаридаи рассоми тоҷик Зокир Собиров дар Озмуни байналмилалии «Мавҷи нави санъати муосир» бо медали тилло қадр гардид. Дар ин бора номаи шодбошии «New York Fine Art» ба муаллиф расид.
Ҷамъбасти ин озмуни бошукӯҳ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гузашт. Асари  пирӯзшудаи Зокир Собиров «Нидои солҳои навад» ном дорад. Дар ҷаҳон танворизм аз жанрҳои нави санъати тасвирӣ ба шумор рафта, дар он тасвирҳо бо хатҳо ва рангҳои шикаста инъикос мешаванд.

БОЗЁФТИ 5000-СОЛА
Чанде пеш бостоншиносон Т. Филимонова ва А. Раззоқов аз шаҳри Кӯлоб ёдгориҳое ёфтанд, ки аз таърихи 5000-солаи ин шаҳри куҳанбунёд дарак медиҳанд. Нигораҳои нодир пас аз пажӯҳишу таҳқиқ дар осорхонаи таъриху кишваршиносии «2700-солагии Кӯлоб» ба намоиш гузошта мешаванд.

МАРКАЗИ ТОҶИКОНИ ФАРҒОНА ФАЪОЛ ГАРДИД
Чанде пеш анҷумани муассисони Маркази миллии тоҷикони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар баробари ҳаллу фасли чандин масъалаи муҳим, ҳамзамон, баъди қариб як сол раиси нави он шоир ва рӯзноманигор Масъуди Мирзо баргузида шуд.
Мирасрори Фарғонӣ, мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» хабар дод, ки дар анҷуман тоҷикони муқими шаҳрҳои Фарғона, Қувасой, ноҳияҳои Сӯх, Риштон, Ёзёвон ва Кува ширкат варзиданд. Фаъ-олияти густардаи чунин ниҳод барои тақвияти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, бавижа иттиҳоди тоҷикони ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ гардид.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 542
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед