logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРАИ СУҒД. ҚАРИБ 200 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАР БАРҚАРОР ШУД

- Тайи нуҳ моҳи соли равон ба прокуратураи вилояти Суғд 8250 муроҷиат ворид гардида, аз ин 2 ҳазору 496 адад аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳру навоҳии вилоят баррасӣ ва 536 муроҷиат қонеъ шудааст. Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва баррасии масъулияти шахсони гунаҳгор 255 санади эътиноӣ оварда, 246 қарори ғайриқонунии мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, инчунин, 88 парвандаи маъмурӣ ва 48 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гаштааст.
Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилоят Суғд, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят иброз дошт.
Ӯ гуфт, ки дар самтҳои назорати умумӣ қонунгузориҳо оид ба замин, андозу гумрук, фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, муроҷиатҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи амволи давлатию шахсӣ, маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шаҳрсозию меъморӣ, танзиму назорати асъор, анъана ва ҷашну маросим ва дигар қонунгузориҳо 1249 санҷиш гузарондаанд. Дар натиҷа, 8167 санади эътиноӣ ба тасвиб расида, 12 ҳазору 605 нафарро ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, ҳамчунин, 728 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
- Мақомоти прокуратураи вилоят дар ҳамаи самтҳои назорат муваффақ гашта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 199,8 миллион сомонӣ зарари моддиро барқарор намудааст: 102,1 миллион ба буҷет ва 97,7 миллион ба корхонаю шаҳрвандон, - гуфт Ҳ. Воҳидов.
Зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои умдаи кишвар қонунгузории замин буда, дар ин самт назорат пурзӯр гаштааст. Пас аз санҷишҳо прокуророни вилоят 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 4340 гектар қитъаи замини худсарона ишғолшударо ба ҳолати аввала баргардонда, ба 239 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварданд.
Прокурори вилоят дар иртибот ба воридшавии маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон ҳарф зада, иброз дошт, ки сифати маҳсулоти воридшуда, хосса маводи доруворӣ, зери назорати ҷиддии мақомоти прокуратура қарор дорад.  Масалан, дар давраи ҳисоботӣ 48 ҳолати ба фурӯш баровардани дорувории муҳлати истеъмолаш гузашта ва бе сертификат ошкор гардида, қариб чоруним ҳазор адад доруворӣ аз муомилот бароварда, нисбат ба 121 нафар парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз шудаанд.
Вазъи иҷрои қонунгузории андоз санҷида шуда, бо 871 амри прокурорӣ 100 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид ва 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳои нақлиёт ва гумрук 642 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳгор ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ ҷарима ва 1,2 миллион сомонӣ молу маҳсулот ба манфиати давлат мусодира гардид.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар ин давра 4368 ҷиноят сабт шуда, 89,8 дарсади он ошкор гардидааст

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 548
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед