иқтисод
МЕҲРГОН. ҶАШНЕ ПУР АЗ ФАЙЗУ САХО
Меҳргон - яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзӣ дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Ин ҷашн дар қатори Садаю Наврӯз яке аз ҳалқаҳоест дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон, ки онро кишоварзон бо ҷамъбасти ғунучини ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамудаанд. Новобаста аз гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ ва мазҳабӣ, Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дуродур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд, зеро он ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният дар давраҳои гуногун тай кардааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин ҷашнҳоро мардум бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.
Оид ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти Меҳргон мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб ибрози назар намудаанд. Тибқи навиштаҳои онҳо, Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост. Дар осори бузургони илму фарҳанги ниёгонамон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Борбади Марвазию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуданд, ки аз расму оин, шукӯҳу шаҳомат ва иззату шуҳрати он маълумоти беназире гирд овардаанд.
Малико ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ, Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рӯзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории мелодӣ рост меояд. Аз он дам ҳамасола ниёгони мо ин рӯзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарӣ, пастравии гармии офтоб, коҳиши нумӯи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он 6 рӯз идома меёфтааст.
Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, марҳилаи тозае касб намуд. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Меҳргон дар мамлакат ҳамчун иди миллӣ эътироф гардида, ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро, рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин ҷашни бузург чунин иброз доштаанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, таомҳои маҳаллӣ ва маводи хушбӯй, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардондани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад. Ҳар сол бо назардошти он, ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд.
Хурсандиовар он аст, ки мардуми меҳнатқарини тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолияту сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ ҳар порча замини зархези диёри биҳиштосоямонро самараноку оқилона истифода менамоянд. Заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо тавсияи судманди олимону мутахассисони соҳа давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнда истодаанд, ки ин барои рушди бемайлони соҳа мусоидат намуда истодааст.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашни мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Шарофиддин КАРОМАТОВ,
Ёкубҷон УРОҚОВ, кормандони
Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2020 №: 204 Мутолиа карданд: 570