logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Зан шавҳарашро бо табар ба қатл расонд
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зани 40 - солае хабар дод, ки дар қатли ҳамсараш гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин зан сокини Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан буда, бар асари як муноқиша шавҳарашро бо зарби табар ба ҳалокат расондааст.
Ҳодисаи хунин 12 октябри соли ҷорӣ дар манзили зисташон ба амал омада, ҳоло мавриди тафтишот қарор дорад.


БИЛЕТИ ҲАРБИИ ҚАЛБАКӢ
ронандаи ҷамоат ва масъули комиссариати ҳарбиро ба суд кашид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Рустам Буйдаков ва Файзиддин Каримовро, ки даст ба фурӯши билетҳои ҳарбии қалбакӣ заданд, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд.
Маркази матбуоти агентӣ хабар медиҳад, ки Рустам Буйдаков, ронандаи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳамоҳангӣ бо сардори зершуъбаи комиссариати ҳарбии ноҳия Файзидин Каримов моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои ба номи бародараш омода карда додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ 8000 сомонӣ талаб карда, онро дар ду ҳолат гирифта, бар ивазаш билети ҳарбии қалбакӣ доданд. Инчунин, онҳо бо ҳамин тарзу усул моҳи июни соли 2020 ба номи шаҳрванд «Б» билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбиро бо роҳи сохтакорӣ омода карда доданд.


МОШИНДУЗДӢ
Ҳеҷ амали ғайриқонунӣ бе ҷавобгарӣ намемонад
Бонуи 34-солае, ки 9 октябри соли ҷорӣ нақлиёти мусофирбари ширкати «Сафар Ориён»-ро аз кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рабуда буд, фавран аз сӯи кормандони милитсия дастгир шуд.
Ин хабарро сомонаи ВКД нашр карда, навишт, ки ин зан муваққатан дар Душанбе зиндагӣ карда, зимни ғайриқонунӣ рондани воситаи нақлиёт дар назди мағозаи «Гулистон», воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев боздошт гардид.
Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2020    №: 204    Мутолиа карданд: 766
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед