logo

сиёсат

ТАБРИКОТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
“Ба Ҷаноби Олӣ ва бародарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси хушнудии мост, ки ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президент барои муҳлати садорати нав ба Шумо – Ҷаноби Олӣ беҳтарин табрикоту таманниёти неки хешро арз намуда, бароятон сиҳатмандиву комёбӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пеш  таманно намоям.
Зимнан, мо сатҳи муносибатҳои бародаронаеро, ки мардумон ва кишварҳои дӯсту бародари моро ба ҳам мепайванданд, баланд арзёбӣ намуда, саъйи худро ҷиҳати таҳкиму густариши онҳо дар ҳамаи соҳаҳо иброз медорем”.

Амири Давлати Кувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар барқияаш гуфтааст:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон!
Дуруду салом ва баъд аз ин сарфарозам самимонатарин табрикоти хешро ба Шумо, ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  муҳлати нав, баён намоям.
Аз фурсат истифода бурда, бо ишора ба муносибатҳои мустаҳкаме, ки ду кишвари дӯстро бо ҳам мепайванданд, ҳавасмандии доимӣ ва муштараки хешро ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми арсаҳое, ки ба манфиати муштараки ду кишвар хидмат менамоянд, изҳор медорам.
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ сиҳативу саломатии бардавом, тавфиқу комёбӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешравӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Ҷаноби Олӣ эҳтироми самимонаи моро бипазиред”.

Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ дар барқияи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
“Ҷаноби Олӣ!
Шарафёбам ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Давлати Қатар ва аз номи худ табрику таҳниёти самимиро ба Шумо арз намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии бардавом, комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафтҳои беш аз пеш, инчунин, таҳкими робитаҳои зичи байни ду кишварро дар солҳои баъдӣ орзумандам”.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо камоли масаррат гармтарин табрикоти қалбии худро ба муносибати ба даст овардани эътимоди муҷаддади мардуми Тоҷикистон ва пирӯзии Шумо бо аксарияти қотеи раъйдиҳандагон барои давраи ҷадид дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ тақдими Ҷаноби Олӣ намоям. Идомаи муваффақиятҳои Шуморо дар роҳи раҳбарии кишваратон ба сӯи пешрафт ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам.
Ин фурсатро ҷиҳати таъкид бар алоқамандии худ ба рушди равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ростои хайру манфиати ду миллат ва ду кишвари дӯст ғанимат  мешуморам.
Ҷаноби Олӣ беҳтарин дурудҳои инҷонибро ҳамроҳ бо орзуҳои саломатии бардавом  ва комёбиҳои Ҷаноби Олӣ бипазиред”.

Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:
“Ҷаноби Олӣ!
Мехостам хушнудии самимии худро аз интихоби муҷаддади Шумо ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям. Боиси сарфарозии ман аст, ки Шуморо ба ин муносибат табрик гӯям ва беҳтарин таманниётҳоро дар давраи нави раёсати ҷумҳурӣ барои Шумо хоҳонам.
Бовар дорам, ки ошноии амиқ, фаҳмиши назаррас ва муносибати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ ба сенарияҳои рушди минтақавию байналмилалӣ, масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо малакаи баланди роҳбарикунанда ва собиқаи Шумо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон манфиат хоҳад овард, балки чатри сарпарастӣ ва роҳнамоии Шумо ба таъмини амният ва пешбурди манфиатҳои тамоми минтақаи СҲИ кумак хоҳад намуд.
Фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтиром ва орзуҳои самимӣ барои саломатӣ ва хушбахтии Шумо, ҳамчунин, барои сулҳ, шукуфоӣ ва некуаҳволии Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғанимат медонам”.

Дар табрикоту таҳнияти Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Юсуф Аҳмад ал-Усаймин чунин омадааст:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Мехоҳам табрикоти самимии худро ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон изҳор дорам.
Шарафмандам робитаҳои қавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Исломиро тазаккур диҳам.
Ман мехоҳам ба Шумо омодагии қатъии худро ҷиҳати таҳкими ин муносибатҳо ба нафъи уммати исломӣ таъкид намоям.
Созмони Ҳамкории Исломӣ итминон дорад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо – Ҷаноби Олӣ минбаъд низ ба кори барҳақи уммати исломӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳад кард.
Ман аз Худованди мутаол дар фаъолияти баъдиатон бар нафъи кишвари маҳбубатон, Ҷаноби Олӣ, комёбиҳо хоҳонам.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред”.

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV дар барқияаш гуфтааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Самимонатарин табрикоти худро ба Шумо – Ҷаноби  Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқи тоҷик иброз медорам.
Ҳамчун шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  (АКДН) минбаъд низ уҳдадории қавии худро  барои  идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Шумо  дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд  муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии  тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шумо – Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олиатон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 732
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед