logo

иқтисод

СТАНДАРТҲО. КАФОЛАТИ БЕХАТАРӢ ВА ХУШИИ ЗИНДАГӢ

14 октябр ҳамасола дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии стандартҳо ҷашн гирифта мешавад.

Зиндагӣ, ҳаёти ҳаррӯза ва табиат ҳам, стандартҳои худро доранд. Табиист, ки ҳар гуна  ашёи аз стандарт, яъне аз қолабу меъёри муайян берун сохташуда дар рӯзгори ҷомеа роҳ намеёбад. Ана ҳамин ҳадду қолиб аст, ки одаму оламро зеботар нишон медиҳад ва ҳатто то андозае ҳаётро ширину рангин месозад, яъне ороишгари рӯзгор маҳсулоти  стандартӣ аст.
Стандартҳо дастрасии ҳар як шахсро ба маҳсулот, сохтор ва хизматрасониҳо осон менамоянд. Онҳо дар худ талаботи бехатарӣ, меҳнатшиносӣ ва усулҳои мувофиқашудаи ҳамаи ташхисҳоро, ки ба тавсеаи дастрасӣ равона шудаанд, дарбар мегиранд, ҳамчунин, барои паҳн намудани навовариҳои технологӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва мамлакатҳои дар ҳоли рушдбуда мусоидат намуда, барои рушди бозор ва тараққиёти савдои ҷаҳонӣ кӯмак мерасонанд.
Имрӯз  бамеъёрдарории  техникӣ  ва  стандартонӣ яке  аз равандҳои  ҳамкориҳои  мустаҳками  давлат ва институтҳои  ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои  тиҷоратӣ,  муассисаҳои  илмӣ  ва ташкилотҳои ҷамъиятии  давлатҳои  пешрафта  мебошад. Дар  системаи  бамеъёрдарории техникӣ стандартҳо  нақши асосӣ  доранд. Стандартҳо бехатарии  мол, кор  ва  хизматрасониро дар  бозори дохилӣ таъмин  намуда,  нақши «муҳаррики  савдоро» иҷро  мекунанд, ҳамчунин,  механизми  фаъоли  банизомдарории  соҳаи  иҷтимоӣ ба  ҳисоб  мераванд. Ғайр  аз ин, мустақиман ба савдои  хориҷӣ  таъсир  расонда,  монеаҳои  техникиро  дар  вақти дастрас намудани маҳсулот ба бозор кам менамоянд. Тибқи  маълумот, 80 дарсади савдои ҷаҳонӣ аз  стандартҳо  вобастагӣ дорад.
Ҳамин  тариқ, таҷрибаи  ҳуқуқӣ  ва  банизомдарории  техникӣ нишон  медиҳад,  ки дар давлатҳои пешрафта мақомоти  давлатӣ дар  соҳаи таъмини  бехатарии  аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳо  ва ҳуқуқи  истеъмолкунандагон, ҳифзи  муҳити  зист,  баланд бардоштани рақобатпазирии  иқтисодиёти  миллиро  бо  риояи  татбиқи  қонунгузориҳо фаъолона ба  роҳ  мондаанд.
Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, нақши он  дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар калон аст. «Тоҷикстандарт» дар созмонҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, айни замон узви вобастаи ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ИСО), узви Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, узви вобастаи Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор, узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Авруосиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ, Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия, Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо ва Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия мебошад. Кормандони мақомот дар фаъолияти ҳаррӯза қонунҳои амалкунандаи соҳа, риояи стандартҳо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро, ки дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронда шудаанд, бо масъулияти том татбиқ менамоянд.
Сиёсати  иқтисодии  имрӯзаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  робита ба узвият ба Созмони  ҷаҳонии  савдо (СҶС) дар  такя  ба  иқтисодиёт ва  савдои  ҷаҳонӣ  ба  роҳ  монда шудааст. Дар  ин  самт дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пойгоҳи меъёрӣ -  ҳуқуқӣ  такмил  дода,  барои  ба  сатҳи  ҷаҳонӣ  баровардани  иқтисодиёти  миллӣ  аз  тарафи  давлат  тадбирҳои  судманд  андешида  шудаанд. Бе  истифодаи   воситаҳои бамеъёрдарории техникӣ баланд   бардоштани манфиатҳои иқтисодӣ имконнопазир  аст. Стандартҳо яке аз нишонаҳои тамаддуни  ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар марҳилаи ҳозира барои ташаккули фалсафаи  сифати ҳаёт хизмат менамоянд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед