logo

фарҳанг

КЛАССИКИ КИНОИ ТОҶИК

Ёди сабзи хотироти бачагӣ зери шуои дурахшони хуршеди хирмансӯзи киштзори қисмат замони пурфасонаи наврасиашро чун наворҳои синамо аз пеши чашмонаш мегузаронд. Борис Кимёгаров аз миёни ин наворҳо лаҳзаҳои хотирмонтарини он рӯзгорро барои фардо дар буғчаи ормонҳояш мегузошт. Хаёлҳои бачагӣ буд ё қисмат, ки ӯро ба даргоҳи маърифат ва саодату рушаноӣ ба шаҳри азизи тоҷикон, ки он замон исми Сталинободро дошт, овард. Бо дили саршор аз орзуҳои ҷавонӣ соли 1937 баъди хатми техникуми педагогии шаҳри Сталинобод бо тахассуси муаллими забон ва адабиёти тоҷик чанд муддат ба шогирдон аз забон ва адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик дарс гуфта, худ дар баҳри пуртуғёни ҳамосаҳои ҷовидонии «Шоҳнома»-и абадзиндаи Фирдавсии Тӯсӣ ғарқ гардид.

Соҳили мурод барои ӯ дар ин баҳри нопайдоканори илму маонӣ ва маърифати ватандорӣ Садриддин Айнӣ гашт. Тавассути устод Айнӣ ӯ бо устод Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва даҳҳо мардони ҳунар ошно гардид. Дар дилаш шавқу шӯри синамо, тасвири образҳои қаҳрамонони арсаи кору пайкори ватансозӣ туғён намуда, ӯро вориди ин олами афсонавӣ намуд. Ҳамин тавр, Кимёгаров шомили Институти давлатии умумииттифоқии киноматографии шаҳри Москав гардид. Баъди хатми он ба шаҳри Сталинобод омада, дар студияи кинои тоҷик ба фаъолият оғоз мебахшад. Сиришт ва сарнавишти ӯ бо кинои тоҷик пайваст гардида, замони сӯхтану сохтанҳо оғоз меёбад. Ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳо дар роҳи эҷоди филм ва чеҳраҳои миллӣ дар синамо ва офаридани нақшҳои зоҳирану ботинан миллӣ ва донишвару ватанхоҳ ӯро водор месохт, ки ба театрҳои касбии кишвар рӯ биёрад. Ягона театри касбӣ дар он замон Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки ҳунармандонро  аз тамоми гӯшаву канори кишвар ҷамъ оварда буд. Хушбахтии дигари аҳли ҳунар он буд, ки дар он шабу рӯз арбоби шинохтаи ҳунар Ефим Исаевич Мителман саррежисёрии театрро бар дӯш дошт. Ӯ ҳамчун устоди ҳунармандони мумтози кишвар шинохта шудааст. Ошноӣ ва ҳамкории судманди Кимёгаров бо Мителман ба кинои тоҷик нуру сафо бахшид. Бо талоши онҳо киностудияи «Тоҷикфилм», ки баъди рафтани Комил Ёрматов баста шуда буд, аз нав эҳё гардид.
Фаъолияти эҷодии Кимёгаров аз филмҳои инъикоссозандаи воқеияти рӯзгори мардуми Тоҷикистон оғоз гардид. Ӯ маҳз аз ҳамин пайроҳаи орзуҳо вориди филмҳои бадеии таърихӣ мегардад. Филми нахустини пурраметражи ҳуҷҷатиаш «Тоҷикистон» - ро соли 1945 бо ҳамкории Л. Степанова ба навор гирифт. Филми мазкур, ки баъди хомӯшии тӯлонӣ аз эҳёи кинои тоҷик дарак медод, соли 1946 бо медали биринҷӣ ва ифтихорномаи Кинофестивали байналхалқии Венетсия қадр  мешавад. Сипас, силсилафилмҳои  кӯтоҳметражи ӯ «Дар кӯҳҳои Помир» (1946), «Қувваи бузург» (1948), «Дар Помир» (1952), «Водии Вахш» (1954) ва «Водии миллионерҳо» (1974) пешкаши тамошогарон гардиданд. Филмҳои калонҳаҷми публитсистии «Сарзамини ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Советӣ» (1951) эътибори ӯро ҳамчун муаллиф ва режиссёр баланд намуданд. Мавриди зикр аст, ки филми «Тоҷикистони Советӣ» аввалин филми ранга ба шумор рафта, аз ҷониби  мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифт. Ин филми Кимёгаров ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуд.
 «Иди халқи тоҷик» (1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (1960) ва «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» аз филмҳои дигари офаридаи ӯянд. Ин филмҳои ҳуҷҷатии таърихӣ – публитсистӣ дар миёни мардум шӯру валвалаҳои зиёдеро ба миён оварданд. Донишмандону киношиносон ва адибону олимони шинохта тариқи матбуоти даврӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ дар бораи ин филмҳо назари хешро баён менамуданд. Сенарияҳои офаридаи Кимёгаров, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ рӯи кор меомаданд, барои филмофарон ва муҳаққиқони ояндаи кинои тоҷик уфуқҳои нав боз менамуданд. Зеро филмофарони ояндаи кишвар аз рӯи ин асарҳои ҳуҷҷатӣ – публитсистии устод даҳҳо филм офаридаанд.
Аввалин филми бадеиаш соли 1956 аз рӯи романи Садриддин Айнӣ «Дохунда»  рӯи навор омад. Филми дигари бадеӣ – таърихие, ки аз ҷониби коршиносон ва ҳам аз ҷониби мардум хуб пазируфта шуд, ин  «Қисмати шоир» (соли 1959) буд. Филми мазкур дар Кинофестивали дуюми байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳираи Миср сазовори ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» гардида, эътибори кинои тоҷикро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ афзуд. Ҳунару истеъдодаш харидори зиёд пайдо намуд ва ӯро барои фаъолият ба киностудияҳои кишварҳои дигар даъват мекарданд, аммо ӯ нарафт. Зеро худро фарзанди азизи ин Ватан мехонду Тоҷикистонро модари азизи худ медонист.
Асарҳои дигари таърихие, ки дар дили ҳаводорони кино ба таври ҳамешагӣ нақш бастаанд, ин силсилаи филмҳои Б. Кимёгаров аз рӯи ҳамосаи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошанд. Аввалин филме, ки ӯ аз рӯи достонҳои «Шоҳнома» ба навор гирифт, ин филми «Ливои Коваи оҳангар» буд. Он соли 1961 дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ овозадор гардид. Филм меҳру муҳаббати ватандориро дар дили насли ҷавон ҷой намуда, онҳоро дар рӯҳияи кишварсозӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодии хеш тарбият менамуд. Филми дигари бадеии таърихӣ аз ин силсила «Достони Рустам» гашт. Маҳз ҳамин филм заминаи эҷоди филми «Рустам ва Суҳроб» гардид.  «Рустам ва Суҳроб» низ аз ҷониби коршиносон ва тамошогарон хуб пазируфта шуда, дар қаламрави Шӯравӣ шуҳрати зиёд касб намуд. Филми мазкур соли 1972 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қадр шуд. Худи ҳамон сол  «Рустам ва Суҳроб» соҳиби ҷоизаи аввалини кинофестивали кинои Шӯравӣ дар шаҳри Тифлис низ гардид. Баъди аввалин намоиши «Рустам ва Суҳроб» миёни тамошогарони тоҷик шӯру валвала ба миён омад. Барои иддае аз тамошобинон ин фоҷеаи талхи сиришт ва сарнавишти куҳандиёри Ориё буда, марги писарро бо дасти падар қабул надоштанд. Дигаре онро қисса ва афсона пиндошта, барои ояндагон панде аз рӯзгори қадим номаш мебурданд. Ин филм сарахбори ҳама маҳфилҳои фарҳангӣ гардида, миёни мардум бо номи «Рустам ва Суҳроб» - и Б. Кимёгаров ном бурда мешуд. Ҳоло низ бо гузашти солҳо филм қимати бадеиашро гум накардааст.
Филми дигараш «Достони Сиёвуш», ки соли 1976 рӯи навор омад, соли 1977 дар шаҳри Ригаи соҳили Балтик барандаи мукофоти Кинофестивали 10-уми умумииттифоқӣ барои беҳтарин таҳияи эҷодӣ гардид. Шӯҳрату эътибори кинои тоҷик дар миёни ҷумҳуриҳои бародарӣ ба маротиб боло рафт. Ин хизматҳои бузурги устод Б. Кимёгаров дар даҳҳо мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ ва киношиносиву маҳорати ҳунарварӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта, ҳунаршиносони шинохта ба кору пайкораш баҳои арзанда гузоштаанд. Даҳҳо китобҳои соҳаи синамо ва ҳунари офаридани филм номи Кимёгаровро бо ифтихори зиёд ёд оварда, ӯро шоҳсутуни кинои тоҷик ном бурдаанд. Донишманди шинохта доктори илмҳои санъатшиносӣ,  профессор Низом Нурҷонов ҳанӯз соли 1976 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар мавриди ҳунар ва истеъдоди фавқулодаи филмофарии Кимёгаров гуфта буд: «Б. Кимёгаров киностудияи қариб валангоршудаи тоҷикро дар тарҳи нав ва завқи баланди классикӣ сохт. Ӯ, ки ҷонфидои кино ва мероси бузурги осори классикони фарҳанг ва ҳунари тоҷик буд, умри азизашро сарфи ин роҳ намуд. Ба ибораи дигар ӯ шоҳсутуни нардбони кинои тоҷик буд».
Ҳамин гуна, мактаби ҳунари эҷодии устоди зиндаёд Б. Кимёгаров ҳанӯз дар дилу дидаи ошиқону шефтагони кинои тоҷик қарор дошта, ҳамагон ӯро чароғи абадии кинои тоҷик ном мебаранд. Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос ва синамошиноси шаҳир, доктори илмҳои фалсафа, Б. Кимёгаровро классики кинои тоҷик ном мебарад. Ин ҳама нишони арҷу эҳтиром ба ҳунар ва ҳунарманд буда, гувоҳӣ аз истеъдоди фавқулода ва ҳунарманди асил будани устоди зиндаёд Б. Кимёгаров мебошад.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2020    №: 205 - 206    Мутолиа карданд: 513
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед