logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ҶДММ “МУРҒИ АЪЛОСИФАТ”
16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти ҶДММ “Мурғи аълосифат” оғоз бахшиданд.
Фабрикаи парандапарварии “Мурғи аълосифат” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвиз Бобоев моҳи апрели соли 2019 таъсис ёфта, биною иншооти махсуси соҳавӣ барои парвариши парандаи гӯштии бройлерӣ, забҳ, коркарду бандубаст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.
Ба фаъолияти марҳилаи аввали фабрикаи парандапарварӣ 22 марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз бахшида, ба соҳибкори ватанӣ ва роҳбарияти вилояти Суғду шаҳри Гулистон дастуру супориш дода буданд, ки саршумори парандаи гӯштиро зиёд намуда, коркарду бандубасти гӯшти парҳезии парандаро дар технологияи пешрафта дар дохили корхона ба роҳ монанд ва ба бозори истеъмолӣ гӯшти парандаро дар бандубасти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифат пешниҳод намоянд.
Дар муддати шаш моҳи гузашта, масъулону мутахассисон ва кормандони ҶДММ “Мурғи аълосифат” боз 4 иншооти нави парандапарвариро бо сарфи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта, муҷаҳҳаз намуданд, ки дар онҳо 80 ҳазор сар чӯҷа парвариш меёбад.
Дар коргоҳ барои то 75 нафар коргарону мутахассисон ҷои нави кор таъсис ёфт. Иқтидори корхона дар 1 сол ба истеҳсоли зиёда аз 2 ҳазор тонна гӯшти паранда расонда мешавад. Ҳамчунин, коргоҳи коркарду бандубасти маҳсулот муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти технологии навтарини истеҳсоли Федератсияи Россия мебошад ва дар кишвар нахустин бор чунин усули коркарду бандубасти гӯшти мурғ дар ҶДММ “Мурғи аълосифат” ҷорӣ гардид.
Муассис ва мутахассисони корхонаи “Мурғи аълосифат” комплекси мукаммалу меъёрии парваришу истеҳсоли гӯшти парҳезии парандаро таъсис доданд, ки ҳамаи марҳилаҳои парвариши чӯҷа ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати парандаро дар бар мегирад.
Ширкат дорои иншооти парандапарварӣ, инкубатории чӯҷабарорӣ, коргоҳи забҳи паранда бо тарзи фабрика, коргоҳи коркарду бандубаст, анбор-сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр, коргоҳи истеҳсоли хӯрокаи паранда, озмоишгоҳ, анборҳо, иншооти ёрирасони соҳа ва инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ, беҳдоштӣ-зооветеринарӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40 – 45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2 – 2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд. Чӯҷаҳо дар коргоҳи инкубатории худӣ истеҳсол мегарданд.
Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд. Хӯрокаи паранда дар худи корхона истеҳсол мегардад.
Бо таъсиси коргоҳи хӯрокаи паранда бо иқтидори зиёда аз 50 тонна истеҳсоли 5 намуд ғизои паранда дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Ғизои чӯҷа, асосан, аз коркарди ғалладонагиҳо – гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпараст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мешавад.
Дар намоишгоҳи корхона беш аз 15 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда пешниҳод гардид.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз тарафи ин корхонаи парандапарварӣ аввалин шуда, дар баробари гӯшти паранда, бисёр навъу намуди маҳсулоти аз гӯшти паранда истеҳсолшуда дар коркарду бандубасти хосса пешниҳод гаштаанд, ки барои истеъмол мувофиқ мебошанд. Яъне, дар корхона гӯшти паранда пурра коркард шуда, ба харидор пешниҳод мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд 125 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд буда, фаъолияти 25-тои онҳо махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда равона шудааст. Бо саҳми чунин соҳибкорон вилояти Суғд дар муҳлатҳои наздик ба он ноил мешавад, ки бозори истеъмолӣ бо тухму гӯшти паранда таъмин гардад.

ИФТИТОҲИ ГАРМХОНАИ  “БӮЙИ БАҲОР”
17 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор”-ро ифтитоҳ намуда, дар намоиши гулҳои ороишии хризантема (гули довудӣ) иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар гармхона парвариши гулҳои ороишии навъи хризантемаро роҳандозӣ кардааст, ки айни замон нашъунамои хуб доранд. Дар маҷмӯъ, майдони парвариши гулҳо 15 садяк заминро ташкил дода, дар он нуҳ намуди хризантема нигоҳубин мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки шурӯъ аз 15 октябр ин навъи гул мешукуфад ва то анҷоми моҳи декабр зебову шукуфон боқӣ мемонад. Хризантема, асосан, барои зебу зинат додани кӯчаву гулгашт ва майдонҳои фароғатӣ истифода гардида, аллакай, барои дастрас намудани он аз саросари ҷумҳурӣ дархост фиристода шудааст.
Айни замон дар хоҷагии деҳқонӣ 5 ҳазор бех ин навъи гул парвариш меёбад ва хоҷагидорон ният доранд, ки майдони парвариши онро зиёд намоянд, зеро дар ҳоли авҷи корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту фароғатгоҳҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, талабот ба чунин гулҳои ороишӣ сол ба сол зиёд мегардад.
Хризантема гули мавсимӣ буда, дар ҳавои нисбатан салқин мешукуфад ва дар фасли тирамоҳу аввали зимистон кӯчаву гулгашт ва ҳавлию роҳравҳоро бо ҳусни нотакрораш оро медиҳад. Ин навъи гул, ки ба иқлим ва боду ҳавои кишвар мутобиқ аст, аз Нидерландия ворид мешавад.
Дар баробари ин, “Бӯйи Баҳор”  дар масоҳати 30 садяк замин парваришу нигоҳубини навъҳои гуногуни арчаи ороиширо низ роҳандозӣ кардааст.  Айни замон 15 ҳазор бех сӯзанарча, сарв ва мажавини дар хоҷагӣ парвариш ёфта, аллакай, барои фурӯш омодаанд.  Имконият ҳаст, ки дар як сол то 5 ҳазор бех навъҳои гуногуни арчаи ороишӣ ба талабгорон пешниҳод шавад.
Президенти мамлакат ба тарзи нигоҳубини хризантема дар хоҷагӣ баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки майдони парвариши онро васеъ намоянд.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар гармхонаҳои “Бӯйи Баҳор” ошно шуда, дар самти густариши фаъолият ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар масоҳати як гектар 8 гармхона бунёд намуда, ба парвариши бодиринг, помидор, қаланфури булғорӣ, қулфинай, сирпиёз ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ  машғул мебошад. Айни замон дар масоҳати 15 садяк замини гармхона парвариши помидор роҳандозӣ шуда, дар як сол аз ин ҷо то се ҳосил ҷамъоварӣ мешавад.
Ба иттилои масъулон, ҷамъоварии маҳсулот аз гармхона моҳи декабр оғоз меёбад, ки ин тадбир имконият медиҳад дар фасли зимистон низ аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин гарданд.  Аз ин гармхона метавон то 20 тонна помидори аълосифат ба даст овард. Дар гармхона обёрӣ бо усули қатрагӣ роҳандозӣ шуда, масолеҳи сохтмонии истифодагардида барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати гармхона ва нашъунамои хуби маҳсулот мусоидат мекунад. Дар ҳудуди хочагӣ, ҳамчунин, дар масоҳати 10 садяк замини дигар гармхона барои парвариши сирпиёз бунёд ёфтааст, ки аз ин замин то 1 тонна маҳсулот ба даст оварда мешавад. Талабот ба ин навъи маҳсулот ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар дигар кишварҳо зиёд аст.    
Ҳарорати дохили гармхона бо истифода аз системаи гармидиҳии махсус, ки дар ҳудуди хоҷагӣ бунёд ёфтааст, таъмин гардида, ҳамчунин, дар парвариши зироатҳо дигар меъёрҳои агротехникӣ бо маслиҳати олимони соҳа риоя мешаванд.
Гармхонаи дигари “Бӯйи Баҳор” барои парваришу истеҳсоли қулфинай мебошад. Айни ҳол хоҷагидорон барои чиниши сеюми он омодагӣ мебинанд. Ҳар моҳ аз замини қулфинай аҳли заҳмат ҳосил ҷамъ меоварад. Мавсими асосии ҳосилғундорӣ – чинаки сеюми он моҳи декабр оғоз мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз ин гармхона солона то 1 тоннаву 100 килограмм қулфинайи хушсифат ба даст меоранд, ки ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. Масоҳати замини ба ин мақсад истифодашаванда 10 садякро ташкил дода, парвариши қулфинай ба хоҷагидорон даромади хуб меорад.
Имсол бори нахуст дар хоҷагӣ дар гармхонаи алоҳида парвариши гулҳои садбарг, ки барои омода кардани дастагул пешбинӣ гардидаанд, роҳандозӣ шуд. 15 садяк заминро аҳли хоҷагӣ барои нигоҳубини садбарге, ки аз Нидерландия ворид кардаанд, истифода бурда, дар он 10 ҳазор бех ниҳол шинондаанд. Ба иттилои масъулин, аз ин ҳиссаи замин то 40 ҳазор дона садбарги гуногунранг ҷамъ меоваранд, ки дар аввали моҳи март самараи меҳнати онҳо ба бозор бароварда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки талаботи аҳолии мамлакат, бахусус дар арафаи иду чорабиниҳо, бо гулҳои зебои ватанӣ қонеъ гардида, воридоти он то ҷое коҳиш дода шавад.
Хоҷагии “Бӯйи Баҳор” таҷрибаи хуби гулпарварӣ дошта, ҳамасола аз он барои оро додани гулгашту хиёбонҳо аз саросари ҷумҳурӣ гулҳои ороишӣ харид менамоянд. Ду гармхонаи хоҷагӣ дар ин самт фаъолият намуда, дар онҳо парвариши гулҳои тагес, питуня, салвия ва вербаня роҳандозӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, дар хоҷагӣ 20 навъи гули ороишии мавсимӣ парвариш мешавад, ки ҳар сол идораҳои ободониву сабзкории шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ин хоҷагӣ то 500 ҳазор бех гул мехаранд. 
 Зимни боздид иброз гардид, ки дар хоҷагӣ 15 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва то 10 нафар соҳиби кори муваққатӣ гардидаанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи самараноки замин, аҳли заҳмат, ҳамчунин, барои қонеъ сохтани талаботи худ парвариши картошка, сабзӣ, пиёз, маккаи дон ва лӯбиёиро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб тамоми кормандони хоҷагӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба фаъолияти хоҷагӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дастгирии чунин хоҷагиҳо омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарху навои маҳсулот дар бозорҳои мамлакат ба ҳисоб меравад.

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ГАРМХОНАИ “ММК - АГРО”
17  октябр  дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии ҶДММ “ММК-Агро” санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат гармхонаи мазкур дар масоҳати 3 гектар бунёд ёфта, тибқи лоиҳа, дар он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникӣ роҳандозӣ мегардад. Дар гармхонаи нав парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда мешавад ва, тибқи баҳогузории олимон, ҳар сол аз он метавон то 6 тонна бодиринг ва 6 тонна помидор ҷамъ овард.
Маҳсулоти он дар баробари қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ, ҳамчунин ба содирот нигаронда мешавад, ки ин иқдом иқтидори содиротии мамлакатро боло бардошта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.
Гармхонаи замонавӣ бо назардошти меъёрҳои муосир бунёд гардида, фаъолияти он ба таври автоматӣ роҳандозӣ мегардад. Хусусан, таъмини зироат бо нуриҳои минералӣ тариқи компютер сурат хоҳад гирифт. Аз рӯи баҳогузорӣ,  гармхонаи сохташаванда насли панҷум ва охирини  гармхонаҳо ба ҳисоб рафта, бо истифодаи маҳсулоти хушсифату технологияи муосир бунёд хоҳад ёфт. Ҳамчунин, марҳилаи сеюми сохтмони гармхона дар назар дошта шудааст, ки дар масоҳати 5 гектар сурат мегирад.
Дар маҷмӯъ, ҶДММ “ММК - Агро” дар се марҳила дар масоҳати 10 гектар гармхонаҳои замонавӣ бунёд мекунад, ки ин иқдом ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ дар фасли зимистон низ мусоидат хоҳад кард. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, 30 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва 20 нафари дигар соҳиби кори мавсимӣ хоҳанд гашт.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи якуми гармхонаи ҷамъият моҳи марти соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва Сарвари давлат зимни боздид барои густариши фаъолият ба масъулин дастуру супориш дода буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм, ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода, парвариши маҳсулоти кишоварзиро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат роҳандозӣ намоянд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби полизиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хати мазкур барои обёрии 30 гектар замини ҶДММ “ММК - Агро” пешбинӣ гардидааст. Обро аз чуқурии 120 метр бароварда, то минтақаи обёришаванда бо истифода аз қубурҳои гуногунқутр кашонданд. Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки  “ММК-Агро” заминҳои дарихтиёрдоштаашро ба пуррагӣ истифода намояд.
 Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи нав ва ба истифода додани хати оби полизӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи ҶДММ “ММК - Агро”, ки дар марҳилаи аввал бунёд гардида буд, боздид намуданд. Масоҳати гармхона 2 гектарро дар бар гирифта, айни замон дар он помидор, бодиринг ва қаланфури булғорӣ нашъунамои хуб дорад. Ҳосили зироатҳои гармхона то моҳи декабр барои чидан омода гашта, дар фасли зимистон ба бозорҳои мамлакат бароварда мешавад. Тавре кишоварзон мегӯянд, дар фасли зимистон аз ин гармхона 100 тонна помидор, 50 тонна бодиринг ва 20 тонна қаланфури булғорӣ ҷамъоварӣ хоҳанд кард. То имрӯз, аллакай, аз гармхона 20 тонна помидор, наздик ба 8 тонна бодиринг ва бештар аз 500 килограмм дигар номгӯи маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.
Гармхона аз ду қисм – гидропоникӣ ва органикӣ иборат буда, тамоми таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Корея ворид гаштааст. Барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд, тариқи обёрии қатрагӣ ба рустанӣ 13 намуди элемент расонда мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар тамоми мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.
Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини рустанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм, нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 ҳаводиҳанда насб шуд.
Иттилоъ доданд, ки айни замон дар гармхона 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, ҳамчунин 20 нафари дигар барои корҳои мавсимӣ ҷалб мешаванд.
Дар  тавозуни ҶДММ “ММК - Агро” дар баробари парвариши помидору бодиринг ва рустаниҳои мавсимӣ, ҳамзамон, 6 гектар ангурбоғ мавҷуд аст. Токзор бо истифода аз қоидаҳои муосири агротехникӣ бунёд ёфта, 3 гектари онро навъи ангури “Суғдиён”, ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудааст, ташкил медиҳад. Дар 3 гектари дигар ангури навъи “Ҳусайнӣ” парвариш меёбад. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, дар назар аст, ки мавсими оянда токзори мазкур васеъ ва дар паҳлуи он 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд шавад. Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар назди гармхона дар масоҳати 2 гектар замин боғи гелос бунёд гардида, айни замон нашъунамои хуб дорад.  Дарахтони гелос аз Канада ворид гашта, ба иқлим ва боду ҳавои Тоҷикистон мутобиқ аст ва дар соли сеюм ба ҳосил медароянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва роҳандозии усулҳои нави парвариши маҳсулоти кишоварзиро омили асосии рушди соҳа номида, ба масъулин дастур доданд, ки дар  вазъияти пандемияи коронавирус ҳар порча заминро ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ самаранок истифода баранд.

БОЗДИД АЗ ҚИТЪАИ ТАҶРИБАВИИ ФИЛИАЛИ ИНСТИТУТИ БОҒПАРВАРӢ
17 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаи таҷрибавии филиали Институти боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо, асосан, парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, роҳандозӣ гардидааст. Масоҳати замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар гирифта, бо ҷалби олимони соҳа дар он чор навъи хурмо парвариш мешавад. Ба гуфтаи масъулин ҳар сол дарахтони боғи мазкур ҳамин гуна серҳосил буда, аз ҳар гектари он аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъ оварда мешавад.
Иброз гардид, ки бо назардошти ҳосили хуб ва сифати баланд дар қитъаи таҷрибавӣ навъҳои “Кулчахурмо”, “Серҳосили Вахш”, “Болаззати Деҳмой” ва “Пешпази ширин” парвариш мегарданд. Аллакай, ҷамъоварии ҳосил аз қитъа шурӯъ гардида, маҳсулоти тару тозаи он ба бозорҳои кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ, ки дар он навъҳои гуногуни хурмо пешниҳод шуд, дидан намуда, барои рушди фаъолият ва рӯёндани ҳосили хуб ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Иброз гардид, ки, дар баробари рушди дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, дар ноҳия боғпарварӣ низ ба нишондиҳандаҳои чашмраси рушд ноил гардид. Дар ин замина, дар доираи барномаҳои давлатӣ майдони боғи хурмо низ зиёд шуда, айни замон масоҳати он дар вилояти Суғд 300 гектарро ташкил медиҳад.
Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ва гузарондани машваратҳои соҳавӣ бо ҷалби олимони кишоварзӣ барои парвариш навъҳои серҳосили хурмо интихоб гашта, тибқи нишондиҳандаҳо, саҳми боғпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъмини бозорҳои мамлакат бо ин навъи мева хеле чашмрас аст.
Зимни намоиши кишоварзӣ иброз гардид, ки дар баробари таъмини эҳтиёҷоти худӣ бо ин навъи маҳсулот бояд содироти он ба дигар кишварҳо низ густариш дода шавад, зеро меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон харидорони худро доранд. Дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзону масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иштирокчиёнро вазифадор намуданд, ки ҳар қитъаи заминро самаранок истифода баранд. 

ИШТИРОК ДАР ИДИ МЕҲРГОН
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, анвои меваю сабзавоти сардхона боздид карда, дар чорабинии Иди Меҳргони вилояти Суғд иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самараи меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд.
Бахусус, дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини нақшаи кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка ва 60 фоиз афзоиш додани кишти зироатҳо, аз ҷумла ғалладонагиҳо, ҷалб карданд.
Зимни тамошои намоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ расид. Ғалладонагиҳо 287 ҳазор тонна, картошка 344 ҳазор тонна, сабзавот 431 ҳазор тонна, полизиҳо 138 ҳазор тонна истеҳсол шуда, тавлидоти мева, асал, гӯшту шир, тухми паранда, гӯшти моҳӣ афзудааст.
Алҳол ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, ҳосили мавҷуда аз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли шолӣ, ҷуворимакка, анвои лӯбиёиҳо – лӯбиё, мошу нахӯд дар кишти такрорӣ пешбинӣ мегардад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коргоҳҳои бандубасти меваи хушк, сабзавот, асал ва соҳибкорони инфиродӣ намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар иди Меҳргон  ҳамчун иди ҳосилу фаровонӣ муаррифӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми кишоварзон ва корхонаҳои соҳаи коркарди вилоятро дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ арзанда арзёбӣ намуданд.
Ин натиҷаи истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмӣ, ҷорӣ намудани агротехникаю технологияҳои пешрафта, заҳмату кордонӣ ва маҳорати кишоварзон мебошад. Маҳсулоти кишоварзони вилоят дар бозори давлатҳои хориҷӣ низ талабгорони зиёд дорад. Хусусан, меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ тоза, меваю сабзавоти хушкгардида, баъди коркарду бандубаст бо ҳаҷми зиёд содирот мешаванд.
Имрӯз дар вилояти Суғд 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, аз он қариб 51 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 бунёди 230 гектар боғу токзори нав дар соли 2020 пешбинӣ гардида, ин нишондод 528 гектар иҷро ва нисбат ба барнома 2,3 маротиба зиёд аст.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ғалла, картошка, мева, ангур, сабзавот, полизиҳо, аз роҳу имкониятҳои таъмини бозори истеъмолӣ бо нархҳои дастрас мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 30 анбор - сардхонаи саноатӣ мавҷуд аст. Ин сардхонаҳо имкон доранд то 10 ҳазор тонна маҳсулот захира намоянд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои анвои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар сардхонаҳо захира мешаванд, муаррифӣ гардид. Намоишҳои дастовардҳои кишоварзони вилоят дар доираи Ҷашни Меҳргон баргузор шуд.
Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯз ва Сада аз идҳои қадимаи тоҷикон буда, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дубора эҳё гардида, таҷассумгари файзу баракати кори кишоварзон ва иди ҷамъоварии ҳосил мебошад.
Дар ин давра ҳосили кишоварзон ҷамъоварӣ ва ба хотири фаровонӣ ба кишти тирамоҳӣ вусъат бахшида мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоятро барои истифодаи самараноки заминҳо ва боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
Баъди боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, захираи меваю сабзавот дар сардхона ва иштирок дар иди Меҳргон, сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт. Нимаи дуюми 17 - уми октябр Пешвои миллат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2020    №: 207    Мутолиа карданд: 3312
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед