logo

иқтисод

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ НУҲ МОҲЕ, КИ ГУЗАШТ

Таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи иқтисодию иҷтимоии вилоят натиҷагирӣ шуданд. Зикр гардид, ки новобаста аз мавҷудияти камбудиҳои ҷузъӣ дар баъзе самтҳо, дар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ пешравиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд. Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод.

Абдуалим Исмоилзода, муовини якуми раиси вилоят, гуфт, ки иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра 100,7 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 1109,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 7,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андозҳо 101,7 дарсад таъмин шуд.
-  Бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1131,4 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 137,2 миллион сомонӣ (13,8 дарсад) зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб ба соҳаҳои кишоварзӣ 341,2 миллион (30,2 дарсад), саноат, сохтмон ва нақлиёт 337,3 миллион (29,8 дарсад), савдо 257,6 миллион (22,8 дарсад), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 8,4 миллион (0,7 дарсад) ва дигар соҳаҳо 186,9 миллион сомонӣ (16,5 дарсад) қарз дода шудааст, - гуфт Абдуалим Исмоилзода.
Дар нуҳ моҳ гардиши савдои хориҷӣ ба 217,2 миллион доллари амрикоӣ расид. Содироти мол 100,9 миллион долларро ташкил дода, воридоти он ба 116,3 миллион доллар расидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 36 ҳазору 204 ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Аз ҳисоби 302 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоршуда 3 ҳазору 270 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар умум, 5 ҳазору 308 нафар бо шуғл фаро гирифта шуд.
Аз вилоят ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, ангишт ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, нурии минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кишоварзӣ, тиббӣ, шакар ва дигар анвои маҳсулот ворид шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6007,3 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 230,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар вилоят 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 44,2 дарсад, истихроҷи маъдан 3,6 дарсад, истеҳсоли неруи барқ  51,7 дарсад ва хизматрасонии об 0,6 дарсадро ташкил дод.
Дар интиҳои ҷаласа Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва минтақавӣ оид ба ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта, коҳиши ҳаҷми бақияпулии андоз, пардохти саривақтии маошу нафақапулиҳо, ташвиқу тарғиби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, қабули шаҳрвандон ва чораандешӣ нисбат ба муроҷиати онҳо, омодагии ҷиддӣ ба мавсими сармо ва дигар масъалаҳои мавриди назар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2020    №: 208    Мутолиа карданд: 1022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед