logo

ҳуқуқ

ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАТБИҚИ ОН

Ташаккули Институти худидоракунии маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 оғоз мегардад. Вале мазмуни консепсияи худидоракунии маҳаллӣ дар сатҳи қонунгузории кишвар мантиқан баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 қисман дар моддаи 78 бо як ҷумла: «Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст…» ифодаи худро ёфт.
Баъд аз қабули Конститутсия дар муҳлати кӯтоҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (аз 01.12.1994) қабул шуд, ки он ҳамчун қонуни асосӣ, аввалин бор ба таври равшан тартиби ташкил ва фаъолияти онро танзим намуда, моҳи августи соли 2009 дар таҳрири нав қабул гардид.
Дар шароити муосири рушди кишвар Институти худидоракунии маҳаллӣ ба сифати унсури асосии  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва принсипи муҳими низоми демократӣ баромад менамояд.  Дар заминаи барнома ва стратегияҳои рушди маҳал, яке аз ҷойҳои асосиро ташаккул додани  унсурҳои худидораи маҳаллӣ ташкил медиҳад. Зеро мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тавозуни муайяни ҳокимияти марказиро бо сатҳи маҳал нигоҳ дошта, ҳамчун мақоми наздиктар ба сокинон  масъалаҳои аҳамияти маҳалидоштаро баррасӣ менамояд. Рушди минбаъдаи иқтисодӣ-иҷтимоии давлат аз баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлат, хусусан, аз худидораи маҳаллӣ низ  вобастагии зич дорад. 
Эъмори давлати воқеан демократӣ бидуни принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайримутамарказ гардондани  он ғайриимкон аст. Худидоракунии маҳаллӣ на фақат яке аз усулҳои асосии  ташкил ва фаъолияти низоми демократии ҳокимияти халқ, балки он дар як вақт бояд ҳуқуқи шаҳрвандонро ҷиҳати бо ташаббуси худ мустақилона идора ва ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидоштаро низ таъмин намояд.
Бояд қайд намуд, ки муқаррароти моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳуқуқи шаҳрвандонро ба худидоракунӣ кафолат надодааст. Вобаста ба мазмунашон меъёрҳо бештар ҳуқуқ ва қобилияти амалкунии худи мақомоти худидоракунии маҳаллиро ҷиҳати дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва деҳот ба амал баровардани ваколатҳои вогузоркардашудаи ҳокимияти давлатиро ифода мекунанд.
Ба таври пурра ба амал баровардани ҳуқуқ ба худидоракунии маҳаллӣ танҳо дар сурати ҷой доштани заминаҳои мукаммали иқтисодӣ ва молиявӣ имконпазир мегардад. Чунки имкониятҳои иқтисодӣ ва молиявии рушди худидоракунии маҳаллӣ ба беҳтар шудани шароитҳои ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мусоидат мекунад. Рушди инфрасохтори иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар сатҳи маҳал, ба устувор шудани қисми даромади буҷети маҳаллӣ замина мегузорад ва ба сифати ҳимоякунандаи манфиатҳои иқтисодии аҳолии ҷамоати шаҳрак ва деҳот баромад мекунад.
Неруи иқтисодии ба амал баровардани худидоракунии маҳаллиро моликияти моддӣ ва молиявии он ташкил медиҳад. Масъалаҳо оид ба ташкил намудани асосҳои молиявии худидоракунии маҳаллӣ бештар аз манбаъҳои маблағгузорӣ вобаста мебошад. Моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 05. 08. 2009, таҳти №549 сарчашмаҳои молиявии ҷамоати шаҳрак ва деҳотро муқаррар намудааст. Гарчанде, муқаррароти моддаи мазкур озодона ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои молиявии аз тарафи давлат маблағгузоришавандаро ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ  кафолат додааст, аммо муносибатҳои иқтисодӣ - молиявӣ, ки дар сатҳи худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба вуҷуд меоянд, вобаста ба мазмунашон қариб пурра манфиатҳои умумидавлатиро ифода менамоянд ва  амалан аз ҳимояи манфиатҳои аҳамияти маҳаллидошта дур мераванд. Бештари ин  манбаъҳои молиявӣ устувор набуда, характери доимӣ надоранд.
Масъалаи асосӣ дар он ҷой дорад, ки ҷамоати шаҳрак ва деҳот мустақилона ва бо салоҳдиди худ ташкил, тақсим ва истифодаи воситаҳои молиявии худро бо сабаби надоштани буҷети худӣ надорад.
Институти худидоракунии маҳаллӣ тадриҷан мазмуни худро бо сабаби пайваста дар шакли кумаки молиявӣ ва мусоидати молиявӣ  маблағгузорӣ шудани фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гум намудааст.  Онҳо дар фаъолияташон бештар тобеи ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияташон характери фармоишӣ ва иҷроиши супоришу нақшаҳои аз боло додашавандаро касб намудааст. Лоиҳаи буҷет аз рӯи манбаъҳои даромад ва самтҳои хароҷот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли сметаи хароҷот пешниҳод карда мешавад.
Дар шароити нави рушди муносибатҳои иқтисодӣ худидоракунии маҳаллӣ бештар ба худ хусусияти «худидоракунии иҷтимоӣ - иқтисодӣ» - ро касб менамояд ва Ҳукумати кишварро зарур аст, ки барои амалишавии самараноки он шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, моддӣ ва молиявиро фароҳам созад.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.
Муҳтавои асосии пешниҳоди Сарвари давлат низ аз он иборат мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сатҳи деҳот тавваҷуҳ ва неруи бештар равона созанд. Чунки амалишавии бештари ҳуқуқ, озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон дар сатҳи маҳал бевосита ба корҳои ташкилии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ  зич алоқаманд мебошанд. Дар ҳамин ҳол, иштироки фаъоли аҳолии маҳал ҷиҳати ташкили фаъолияти худидоракунии маҳаллӣ дар самаранок амалишавии сиёсати ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.

Давлатмурод ОЛИМЗОДА,
устоди Академияи  идоракунии давлатии
назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2020    №: 208    Мутолиа карданд: 914
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед